Имрӯз дар равзанаи интернетии пойгоҳи хабарии “Радиои озодӣ” мусоҳибаи хабарнигори ин расона бо раҳбари ташкилоти террористии ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ интишор дода шудааст.
Амре шигифтангез аст, ки “Радиои Озодӣ” дар арафаи интихобот, яъне маъракаи муҳими сиёсии кишвари мо ба таври ошкоро ва иғвоангезона бо раҳбари ҷинояткори як ташаккулаи террористиву экстремистӣ мусоҳиба оростааст, ки ин хилофи ҳама гуна муқаррароти мавҷуда, аз ҷумла хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот” аст. Умуман, ин пойгоҳи иттилоотӣ тӯли вақтҳои охир ба минбари наҳзатиён ва ба вижа раҳбари хоини он – М.Кабирӣ табдил ёфта, ба таври мунтазам дар бораи кишвари мо маводи муғризона интишор медиҳад.
Дар иртибот ба мусоҳибаи мазкур бояд ин нуктаро иброз дошт, ки мутаассифона, иддае аз пойгоҳҳои иттилоотии сатҳи байналмилалӣ ва ба вижа “Радиои Озодӣ” бар хилофи иддаоҳо ва оинномаву дастуруламалҳои хеш дар пайи таблиғи гурӯҳҳои тундраву вопасгаро ва талқини ақоиди террористони худбохтаву ватанфурӯшон мебошанд. Ҳол он ки ин расонаҳо бояд ба дунболи таҳкими ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва инсонмеҳвару донишбунёд бошанд.
Хабарнигори “Радиои Озодӣ” ба таври пӯшида ва мусоҳиби террористи вай ба таври ошкоро барои ҳақ ҷилва додани мавқеи худ ва ҳамзамон тавзеҳи номуваффақ будани талошҳои ҳизби сиёсиашон кӯшидаанд, ки омили асосии қатъи фаъолият ва иштирок накардани ТТЭ ҲНИ-ро дар интихоботи навбатӣ ба эҳтирозу нотавонбинии Ҳукумати кишвар иртибот диҳанд. Кабирӣ дар ин мусоҳиба мардумро боз гӯл зада мехоҳад, аз чизи набуда ҳангома созад. Сарвари террористони наҳзатӣ чун ҳамеша бо таҳрифи воқеият ва лафзбозӣ хостааст мавқеи худ ва ҳизби ифротгарояшро ҳақ нишон диҳад.
Дар воқеъ, бисёр шигифтангез аст, ки чунин афрод бо вуҷуди даст доштан дар ҷиноятҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва омили марги ҳазорон нафар шаҳрвандони бегуноҳи кишвар шудан, ки на фақат хиёнат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, балки нақзи ҳуқуқи башар низ буд, феълан риёкорона ва бидуни хиҷолат дар сатҳи пойгоҳҳои хабарии байналмилалӣ ҳамчун ҷонибдору ҳомии арзишҳои демократия роҷеъ ба адолати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷор мезананд.
Маълум аст, ки наҳзатиён ва алалхусус Кабирӣ чӣ мехоҳад. Вай ба хотири манфиатҳои гурўҳиву ҳизбии худ омодааст, ки манфиатҳои милливу давлатиро сарфи назар кунад. Ӯ бо талошҳои бесамари худ умедвор аст, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш хоҳад кашид.
Дар посух ба суоли хабарнигор, ки “Шумо дар як суолу ҷавобе бо корбарон дар Интернет, гуфтаед, ки дар сиёсат риё ҷоиз аст. Яъне фарқи байни сухан ва амал ё худ макри сиёсӣ. Он гоҳ асли покизагии динӣ чӣ мешавад?” Кабирӣ бидуни хиҷолат мегӯяд, ки макру риё варзидан дар сиёсат равост. Пас, ҳар чӣ феълан Кабирӣ мегӯяд, аслан риёкорона ва фурсатталабона аст. Ӯ ба хотири расидан ба ҳадафҳои худ ҳаргиз аз риёкорӣ кардану дурӯғ гуфтан ва фитнаву дасиса ангехтан шарм намедорад ва истиҳола намекунад. Бидуни шубҳа барои вай анҷом додани ин корҳо як кори маъмулӣ ва муқаррариест. Ин аъмоли номатлуб барои ӯ ва ҳаммаслакони сиёсиаш танҳо василаҳо ва олатҳои ба даст овардани ҳадаф аст.
Дар воқеъ боиси тааҷҷуб аст, ки чаро бо вуҷуди ин ҳама риёкориву фитнаангезӣ ва иғвогариҳои Кабирӣ ва террористӣ эълон шудани ТТЭ ҲНИ “Радиои Озодӣ” ҳанӯз ҳам дар пай чеҳрасозӣ ва тарғиби ӯву тарвиҷи ақоиди ифротии ҳизби ӯст? “Радиои Озодӣ” баъди ба вазифаи раҳбарии он таъин шудани Салими Аюбзод ба минбари наҳзатиён табдил ёфтааст. Дар воқеъ, «Радиои Озодӣ» ҳини интишори иттилоот пиромуни Тоҷикистон афзалияти бештарро ба барнома ва матлабҳое медиҳад, ки хусусияти моҷароҷӯёна ва иғвоангезона дошта, дар онҳо воқеияти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ таҳриф карда мешаванд.
«Радиои Озодӣ» дар фаъолияти хеш талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии кишвари моро риоя намекунад, аз ҷумла нақзи талаботи банди 1-и моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (№961 аз 19.03.2013с.), ки дар он гуфта шудааст: «Интишори ... ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад... манъ аст». Инчунин, аз тарафи намояндагии «Радиои Озодӣ» ҳолатҳои риоя нашудан ва иҷро нагардидани он муқаррароти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар банди 1.5-и моддаи I-и Низомномаи «Радиои Озодӣ» дарҷ шудаанд, ҷой доранд.
Рахбарияти “Радиои Озоди” бояд дониста бошанд, ки амалхояшон чавобгари дорад, яъне мувофиқи моддаи 3073 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016, № 1359), бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.15, №1261). Айни ин ҳолатро моддаи 39, қисми 5-и Кодекси ҷиноятӣ мушаххас кардааст: “Ҷиноят дар ҳолате аз ҷониби иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содиршуда эътироф мешавад, ки агар онро узви (аъзои) чунин иттиҳод ҷиҳати иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи он, инчунин бо супориши иттиҳоди ҷиноятӣ шахсе содир карда бошад, ки узви иттиҳоди ҷиноятӣ нест”.
Баъди таъйин карда шудани Салими Аюбзод ба вазифаи роҳбари бахши тоҷикии «Радиои Озодӣ» теъдоди матлабҳои муғризонаву беасос ва ҳангоматалабона нисбат ба ҶТ рӯ ба афзоиш оварданд. Гузашта аз ин, бахши тоҷикии «Радиои Озодӣ» ба минбари иттилоотии роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ табдил ёфта, амалан ба тарғиботи рӯирости ин ташкилоти террористӣ, интишори ғояҳои исломи сиёсӣ, таблиғи ифротгароии мазҳабӣ ва андешаҳои зиддимиллӣ машғул аст.
Бо мушоҳидаи ин корҳо ва шеваи фаъолияти «Радиои Озодӣ» метавон ба ин натиҷа расид, ки ҳадафи ниҳоии ин ширкати хабарӣ ва сардабири он аслан таҳриф кардани воқеиятҳои рӯзи кишвари мо бо назардошти манфиати доираҳои сиёсии наҳзатӣ ва созмонҳои манфиатдори хориҷӣ аст. Маълум аст, ки сарпарастон ва муҷриёни пружаи расонаие чун «Радиои Озодӣ» мехоҳанд ба воситаи пахшу нашри маводи иттилоотии иғвобарангезона авзои сиёсиву иҷтимоиро дар кишвари мо танишзо карда, то ба ҳолати даргирии иҷтимоӣ расонанд.
Афроди худбохтае чун Салими Айюбзод, ки ба сифати дабири «Радиои Озодӣ» фаъолият мекунад, фақат муздури сармоягузорон ва фармоишгарон аст, ки ба хотири манофеи шахсӣ бидуни хиҷолат аз манофеи Меҳану миллати худ сарфи назар мекунад.
Тарроҳону сармоягузорон ва муҷриёни ин пружаи расонаӣ, ки доираҳои манфиатдори ғарбӣ мебошанд, бо баҳонаҳои зебое чун тарғиби демокросӣ, ҳифзи ҳуқуқи башар, озодии эътиқод ва баён феълан дағалона ба умури дохилии кишвари мо дахолат карда истодаанд.
Бо назардошти ин хатар ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз он бояд гуфт, ки иддае аз кишварҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик, аз ҷумла кишварҳое, ки бо мо дар доираи як блоки сиёсӣ қарор доранд, баҳри коҳиш додани таҳоҷуми иттилоотӣ ва фишори расонаии нерӯҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ аллакай даст ба иҷдомҳои ҷиддӣ заданд. Масалан, Думаи давлатии Русия ҳанӯз соли 2012 қонунеро таҳти унвони “Дар бораи “агентҳои хориҷӣ” кард, ки бар асоси он шахсони ҳуқуқие, ки дар фазои маҷозӣ ва воқеӣ ба интишори иттилооти барои ФР музир машғуланд, аллакай "агент" ҳисобида мешаванд. Дар робита ба ин қонун феълан дар Русия "Радиои Озодӣ", "Садои Амрико" ва телевизиони "Настоящее Время" ва ғ. ба ҳайси "агенти хориҷӣ" эътироф шудаанд. Хусусияти вижаи “агентҳои хориҷӣ” он аст, ки онҳо барои интишори иттилоот аз сохторҳо ва ё шаҳрвандону созмонҳои хориҷӣ "пул ё амвол" дарёфт мекунанд. Бо назардошти ин “вижагӣ” дақиқан метавон гуфт, ки ширкати хабарии "Радиои Озодӣ" ва сардабири он Салими Айюбзод агенти хориҷӣ ва хидматгузори доираҳои таҷассусии хориҷӣ мебошанд.
Аз ин аст, ки дар ин расонаи ба ном “мустақил”, фақат иттилооте интишор дода мешаванд, ки ба манофеи фармоишгарон созгор аст, на ба манофеи милливу давлатии мо. Бинобар ин, хеле хуб мебуд, агар Парлумони кишвари мо низ ба хотири таъмини амнияти иттилоотии ҷомеа ба мисли кишвари Русия санадҳои меъёриву ҳуқуқие ба тасвиб мерасонид, ки дар такя ба онҳо имкони баҳо додан ва чораҷӯӣ кардан нисбат ба фаъолияти муғризонаи чунин ширкати хабарии ҳангомаҷӯву муздур ба вуҷуд меомад.
Бешак, айни замон бо назардошти хатароти ҷаҳони муосир дар кишвари мо шароите ба вуҷуд омадааст, ки бояд мақомоти қонунгузори ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои қудратӣ бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба асноди меъёрии ҳуқуқии марбута заминаи ҳуқуқиро барои пешгирии нуфузи агентҳои хориҷӣ фароҳам оваранд, чунки дар фазои расонаии кишвар, нуфузи онҳо, мутаассифона, сол ба сол рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст.
Аҷиб аст, ки чаро бо вуҷуди ин ҳама дасисаангезӣ «Радиои Озодӣ» ҳанӯз ҳам фаъолияти нодуруст ва зарарноки худро Тоҷикистон идома медиҳад? Новобаста ба гузаштҳои мақомоти дахлдори Тоҷикистон нисбат ба кормандони радиои мазкур, то ҳанӯз сиёсати муғризонаи ин расонаи хабарӣ зидди манфиатҳои давлативу миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода мешавад. Аз ин рӯ, хеле хуб мебуд, ки фаъолияти ин пойгоҳи хабарии иғвоангез дар кишвари мо қатъ карда мешуд, зеро он бидуни шубҳа таҳдиди ҷиддие дар ростои таъмини амнияти иттилоотии кишвари мост.
Азимҷони Шералӣ,
Муовини директори Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АИ ҶТ
Дар бораи терроризму экстремизми динӣ дар хамсухбат котиби масъули Маркази исломшиносии назди Презиленти ЧТ Махрамбеки Анварзод
Маро ба беномуси айбдор кардӣ… «ту бидон, ки «маҳз беномусии ту сабаби асосии марги падару модарамон шуд».
Имрӯз мо дар остонаи яке аз саънаҳои муҳими таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол –бисту ҳафт солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошанд, қарор дорем.
Хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ки пешрафту тараққиёти кишварамон бевосита аз инҳо вобаста мебошад, нақши барҷаста ва бузург дорад.
Аз ин рӯ бо ифтихор аз давлату давлатдории миллати тамаддунсозамон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи устувор, бисту ҳафтумин солгардӣ таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт. Агар ба таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат назар андозем ин ниҳоди муҳими давлатӣ дар давраи душвору мушкилтарини таърих, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки ҳанӯз авзои сиёсии кишвари мо ноором буд, таъсис ёфта, дар он марҳалаи ҳассос раиси тозаинтихоби он вақтаи Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба имзо расонд. 23 –феврали соли 1993 бошад, нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расиан санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд «Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти он бо суръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор мераванд».
Бале воқеан ҳам ҳифзи марзу буми Ватан яке аз вазифаҳои муқаддасу қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванди баору номус ба шумор меравад. Боиси ифтихор аст, ки чунин маъсулияти наҷиб ва басо шарафманд ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Дар ин замина пеш аз ҳама ба масъалаҳои таъсису таъҷизонидани қисмҳои ҳарбӣ, пурра намудан ҳайати шахсӣ, дар самтҳои муҳимтарини стратегияи ҳарбӣ ҷой додани онҳо ва беҳдошти омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама давраҳои мушкили таъсисёбии худро паси сар намуда, ба давраи мувофиқсозии сохтори худ бо воқеиятҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расид. Дар ин давра кӯшишу талош баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, болоравии маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона карда шуд. Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти коллективӣ бар зидди терроризми байналмилали, пешгири ва паҳншавии экстремизми динӣ, сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он пайваста бо кишварҳои хориҷи дурру наздик машқҳои муштараки ҳарбӣ гузаронида мешаванд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ, сарбаландона адои химзма мекунанд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон ҳиссаи муносибро гузошта истодааанд.
Дар қатори чунин ҳомиён ҷавонони шаҳри Хоруғ низ шомил буда , имрӯзҳо дар қисмҳои ҳарбии минтиқаҳои гуногуни кишвар сарбаландона хизмати Модар – Ватанро адо намуда истодаанд.
Ҳисси баланди
рра ва сифатнок иҷро намуд. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамчун раиси шаҳр мехоҳам ба ин ҷавонони ватанпараст ва волидайни онҳо миннатдории самимӣ баён намоям ва итминон дорам, ки бо ин шуҷоатмандии ҷавонон нақшаи даъватро дар соли 2020 низ пеш аз муҳлат иҷро хоҳем намуд.
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо сарбаландӣ иҷро намуда, дар пойдории сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ, фидокорона ва далерона хизмат карда истодаанд.
Аз ин лиҳоз муҳофизои шуҷои Ватан имрӯз дар байни мардуми мо соҳиби ҳурмату эҳтироми самимӣ гашта, исми эшонро ҳар як шахс бо мухаббати бепоён ба забон мегиранд.
Сарбози Ватан касби душвор, вале пурифтихор маҳсуб ёфта, аз ҳар як хизматчии ҳарби нияти нек садоқат ба Ватан –Модар, виҷдони пок ва дили гармро тақозо менамояд.
Ҳамзамон ба ин таъкид бояд кард ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат на танҳо қарзи хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст.
Таҷлили имсолаи Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба марҳалае рост омад, ки мо ҳамагон дар пешорӯи маъракаи муими сиёсӣ-интихоботи вакилони халқ, ки 1 марти соли 2020 баргузор мегардад, қарор дорем.
Вобаста ба ин аз ҳамаи ҳамдиёрон даъват ба ҳамал меорем, ки баҳри саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи Ватан ва ояндаи неки фарзандон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намоянд ва ба номзади арзандаи худ овоз диҳанд.
Дар охир бори дигар ҳамаи хизматчиёни ҷузъу томҳо ва мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, инчунин тамоми ҳамдиёрону ҳамватанони азизро ба ифтихори бисту ҳафтумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриамон табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо рӯзгори хушу осуда, далерию матонати бузург, барору комёбӣ ва барои хонаи бахтамон Тоҷикистони офтобӣ сулҳи ҷовидонаро орзу менамоям.
Идатон муборак ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!
Таманиёти раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ба унвони ҷанговарони башардӯст ба муносибати 31- солагии хориҷ гардидани Қувваҳои Маҳдуди Иттиҳодияи Шӯравӣ аз хоки Афғонистон.
Дар баробари аксарияти ҷумҳурияҳои аъзои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистони азизи мо хориҷ гардидани ҷузъу томҳои низомии маъдуди шӯравиро аз хоки Афғонистон бо арҷгузориву қадридонӣ ва садоқат ба Ватан таҷлил менамояд, зеро корнамоиҳои ҷангиву ҷонисориҳои ҷанговарони башардӯст аз хотираҳо берун нахоҳад шуд.
Пас аз он ки Муҳаммад Довуд роҳбарони Ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистонро ҳабс намуд, афсарони низомии ин ҳизб 27-апрели соли 1978 табадуллоти низоми карданд, ки дар натиҷа ба сари ҳокимият дар Афғонистон Шӯрои Инқилобӣ омад. Исолҳоти густурдае, ки аз аъзоёни ҳизби Халқи –Демократӣ мехостанд бо тақлид Иттиҳоди Шӯравӣ роҳандозӣ намоянд, ба мушкилот ва мухолифати сахти рӯҳониён рӯ ба рӯ шуд. Ин буд, ки байни омма норозигиҳо ва шӯришҳои зиддидавлатӣ сар заданд. Ҳукумат қударат ва чораҳои аҳлли мушкилоти Афғонистонро наёфта, оқибат ба роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ барои мадади низомӣ муроҷиат кард. Вуруди Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон ин нооромиҳои дохилӣ ва мудохилаи хориҷиёнро ба эътидол оварда натавонист. Дар натиҷаи фишорҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳбарияти нави Иттиҳоди Шӯравӣ маҷбур шуд мувофиқи созишномаи Женева аз 15 майи соли 1986 то 15 феврали соли 1989 қувваҳо маъдуди низомиро аз хоки Афғонистон барорад. Имрӯз аз ин сана 31 сол мегузарад. Рӯзи хориҷ гардидани Қувваҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ як саҳифаи таърихи миллати мост, ки дар он корномаҳои ибратомӯзи ҷавонони бо нангу номуси мо, бо тақозои сиёсати давр, дар майдонҳои мудҳиштарини ҷанги Афғонистон, бо назардошти маданият, забон ва урфу одат нисбат ба намояндагони дигар миллатҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аксариятро ташкил медод.
Дар сатҳи баланди сиёсӣ- фарҳангӣ ҷашн гирифтани ин рӯз ба ёди гиромидошти хотираи неки сарбозону афсарон, ба монанди қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ Александр Мироненко аз шаҳри Душанбе, Акрамов Набӣ Муҳаммадҷонович аз Истаравшан ва садҳо нафари дигар, ки берун аз мамлакатамон ҷонбозиҳо намуданд, қарзи шаҳрвандии мо мебошад.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори 31- солагии хориҷ гардидани Қувваҳои Маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон табрику таъният гуфта, бароятон сулҳи ҳамешагӣ, саломатии бардавом ва дар корҳоятон тавфиқро таманно менамоям
Вохӯрии роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои Низомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо аҳолии маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят оғоз гардида, нахустин чунин вохӯри дар махаллаи Теми шаҳри Хоруғ доир гардид. Дар вохӯри бо сокинони ин маҳалла оиди самти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон тибқи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода- интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафт.
Дар вохӯри бо сокинони маҳаллаи Теми шаҳраки Ш. Шоҳтемури шаҳри Хоруғ муовини сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Тоълезода Аъзам баромад намуда, аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт таъмини сулҳу суббот ва волоияти қонун, амнияти шаҳрвандон ва вазифаҳои муҳими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор рафта, барқарор кардани ҳамкории мардум бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳарчи бештар ба роҳ монда щавад.
Тоълезода Аъзам ҳамчунин қайд дошт, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо мақсади пешгири намудани конуншикани дар ҷомеа ва коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ аз вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳисобида мешавад. Хамзамон ба вазъи ҷиноятсодиркуни дар қаламрави ВМКБ хусусан шаҳри Хоруғ сухан рафта, аз дастовардҳои даврони Истиқлолият дар мамлакат, сохтмони иншоотҳои бузурги аср неругоҳҳои барқии оби, сохтмон ва таъмири роҳҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротии терористию экстремистӣ ва хатари ҷаҳонии он ба амнияти кишварҳо, пешрафту тарақиёт ва ғамхориҳои ҳукумату давлат ба мардум таъкид намудаанд. Қайд гардид, ки дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, сокинони шарафманди ВМКБ метавонем, тартиботиҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон волоияти қонунро дар қаламрави вилоят ва шаҳр пурра таъмин намоем.
Дар вохӯри инчунин ёрдамчии калони прокурори ВМКБ Носир Нафасбеков дар мавзӯи фаҳмондадиҳии талаботҳои Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Вакилон ба Маҷлисҳои вакилони халқ баромад намудаанд.
Инчунин муовини якуми комиссари ҳарбии ВМКБ Давлатбеков А «Уҳдадориҳои умумии ҳатмии ҳарбӣ» сафарбарии ҷавонписарон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизмат ба Ватан –Модар баромад намуд. Чунин сӯҳбату вохӯриҳо минбаъд ҳам дар джигар маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят идома меёбанд
Аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 –феврали соли 1993, дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷимоӣ да ҳаёти кишвари тозаистиқлол таъсис дод шуда, ҳанӯз аз солҳои нахустин аз имтиҳону озмоишҳои шадиди он айём гузашт ва тадриҷан ба нерӯи қудратманди низомӣ муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт.
Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад.
Тамоми афсарону сарбозони шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромуш насозанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.
Ҳимояи неъматҳои муқаддасу бузургтарин – озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳими ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва хушиносу худогоҳ, дар навбати аввал хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошанд.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат қайд гардид, ки хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.
Имрӯз, Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда метавонад, ҷавонони бонангу бономус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд.
Имрӯзҳо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳо барои сарбозон фароҳам оварда шудааст. Ҳиссӣ баланди миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон аст, ки имрӯзҳо ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда хизмати Модар – Ватанро адо менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавононписарони шаҳри Хоруғ низ дар қатори дигар фарзандони баору номуси кишвар, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона хизмати Модар –Ватанро адо намуда истодаанд. Ватандӯстии ҷавонони шаҳри Хоруғ аст, ки дар даъватҳои солҳои охир аввалин шуда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ раҳсипор мегарданд. Қобилияти зикр, аст ки аксарияти ҷавонмардон бо хоҳиши худ ҳифзи Ватан – Модар ва марзу буми Ватани азизамон ихтиёр менамоянд.
Кишвар Амиршо
Мувофиқи иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №490 аз 31.08.2009 « Дар бораи тасдиқи Қойдаҳои омодасозии аҳоли дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табии ва технологӣ» ва Қарори Раиси вилоят таҳти № 384 аз 19 ноябри соли 2019 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи пуррагардонии шунавандагон дар Маркази таълимӣ-методии РАёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ барои соли 2020» имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо комиссияҳои эвакуатсионии шаҳри Хоруғ машғулиятҳои омӯзиши оиди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.
8.02.2020 Суҳбату вохӯрҳои гурӯҳи кории МИМҲД-и шаҳр вобаста ба фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-декабри соли 2019 дар маҳаллаи Хӯфак баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Р, раиси Ҷамоати шаҳраки Ш.Шоҳтемур Расо Раҷабов, мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Акрамов Анвар иштирок доштанд. Раҷабов Расо оиди Паёми навбатии Пешвои миллат суханрони намуда, сипас суханро ба муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Р доданд.
Мардуми Бадахшон аз давраҳои қадим ба илму фарҳанг диққати зарурӣ дода, дар ин ҷода ба қуллҳои баланд расидаанд. Илму маориф дар тамоми умри инсоният чизи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад қайд кард Мавлобахшзода Р. Шахсе, ки соҳиби илму маърифат аст, бешубҳа соҳиби обрӯву эътибори баланд дар ҷомеа пайдо мекунад. Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат ҳамеша диққати худро нисбати ин соҳа зиёд равона менамояд, то ин ки фарзандони мо дар оянда соҳиби маълумот гардида ба Ватани худ хизмати шоиста кунанд. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид гардид,ки мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷкиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳараки бебаҳои ҳастиамон ҳифз намоем.
Инчун, муовини раиси шаҳр Мавлобахшзода Р. доир ба интихоботи вакилони халқ ва сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикитон яъне даъвати баҳори маслиҳатҳо дода аз ҳозирин дар сатҳи баланд баргузор кардани ин ду маъракаи муҳими сиёси даъват ба амал овард.
Акрамов Анвар мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр дар баромади худ зикр доштанд, Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем, омадааст дар Паёми навбатии Сарвари давлат.
Мақсади ин гуфтаҳо он аст, ки мо бояд тарихи хешро ҳеҷ гоҳ фаромуш насозем ва аз корнамоиҳои бузурги гузаштагони худ бохабар буда ояндаро созем. Саҳми мо хусусан ҷавонон дар ободонии кишвар ва тараққиёти он бояд зиёдтару бештар ба назар мерасад, зеро дар Паёми худ Роҳбари давлат зикр доштанд. Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонанд.
Суҳбату вохурҳои гурӯҳи кории МИМҲД-и шаҳр вобаста ба фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-декабри соли 2019 дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ идома доранд.
7.02.2020 гурӯҳи кори бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ Имомёрбеков Имомёрбек, сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдак Гулбекова Г., намояндаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросим Саидмуродов Шамс, оиди нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат бо сокинони маҳаллаи Султони Валӣ суҳбат ороста, доир ба нуқтаҳои асосиие, ки дар Паёми навбати аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат зикр гардидаанд, баромад намудаанд.
Муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Р., зимни баромад қайд кардаанд, соҳаи илму маориф ҳамеша дар мадди аввали давлату ҳукумат қарор доранд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат зикр гардид, ки имрӯзҳо барои пешрафти соҳахои илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем.
Агар хуб мушоҳида намоем, солҳои охир дар шаҳри Хоруғ муассисаҳои мактаби ва томактабӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин барои бехтар ба роҳмондани сатҳу сифати таълими хонандагон мусоидат менамояд. Муовини раиси шаҳр қайд намуд бо супориши Сарвари мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ» баргузор гардида мутасифона хонандагони шаҳри Хоруғ натавонистанд дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок намоянд. Ва дар Паём таъкид карда шуд, ки ин озмун бояд ҳамасола дар ватанамон баргузор карда шавад ва ғолибони озмун бо ифтихорнома, сипоснома ва мукофоти пулӣ қадрдони карда шаванд. Аз ин рӯ моро зарур аст диққати фарзандони худро ба китобхони зиёдар намуда дар баланд гардондани сатҳу сифати таълими онҳо саҳми босазо гузорем.
Ҳамзамон, муовини раиси шаҳр Мавлобашзода Р. оиди маъракаи муҳими сиёсии дар пеш истода яъне 1-март рӯзи интихоботи вакилони халқ, доир ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда,иброз дошт дар ин чорабиниҳо саҳми босазои якояки мо сокинон бояд гузошта шавад.
Имомёрбеков И. мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзишӣ шаҳри Хоруғ зимнни баромади худ диқати ҳозиринро ба он равона намуд, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат барои ҷавонон имкониятҳои зиёде фароҳам овардааст. Хусусан барои ҷавонони шаҳри Хоруғ сохта ба истифода додани чандин майдончаҳои варзишӣ, толорҳо барои машқу тамрин, маҷмааи варзиши, ки ҷавонони мо метавонанд, ҳамарӯза ба бозиҳои варзишӣ ҷалб шуда, маҳорати хешро сайқал дода, метавонанд дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он рағбат намоянд. Ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша дар зери таваҷҷӯҳи Роҳбари мамлакат қарор доранд. Дар паёми навбатти худ Пешвои миллат қайд намуд, насли ҷавони кишвари мо бо дарки маъсулияти баланд, иродаи мустахкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад.
Саҳми ҷавонон, дар ҳифзи Модар –Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд.
Мо ҷавононро лозим аст, сазовори боварии Сарвари давлат гардида минбаъд низ дар ободонии диёр ва ватани маҳбубамон пешсаф бошем.
Сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдак Гулбекова Г. доир ба Қонуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханрони намуда аз ҷумла зикр доштанд: мақсади Қонуни мазкур пурзӯр намудани маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзу ҳуқуқи манфиятҳои фарзанд мебошад.
Намояндаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросим Саидмуродов Шамс қайд намуд, Паёми навбатии Роҳбари давлат роҳнамоест ба суи оянда барои халқи тоҷик. Ҳар як сухане, ки дар Паём аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат зикр карда шуданд барои беҳбуди ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани зиндагии мардум мусоидат менамоянд . Мақасаду мароми Роҳбари давлат он аст, ки бояд сатҳи камбизоати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байн бардошта шавад, имкониятҳои нави ҷойҳои кори таъсис дода шавад.
Ба машварат раиси Ҷамаоти шаҳраки Ш. Шоҳтемур, кормандони ҷамоати шаҳраки Ш. Шоҳтемур, раисони маҳаллаҳои шаҳраки Ш. Шоҳтемур даъват карда шуданд.
Баъд аз муҳокимаи баъзе масъалаҳо муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райхонбегим оиди дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳимии сиёсии дар пешистода 1-март рӯзи интихоботи вакилони халқ, омодагӣ ба ҷашни Наврӯз ва даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раисони маҳлла супориш дода, то ки бо сокинони маҳаллаҳои худ ҳамчун раиси маҳалла суҳбату вохуриҳо гузаронанд.
Бахши дин, танзиму анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар робита ба барқияномаи муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонаботов А. аз санаи 17-январи соли 2020, таҳти №34 «Дар бораи рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Хоруғ аз 06.02.2020, №76 «Дар бораи рафти иҷрои қарори раиси Виояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 18-январи соли 2019 ,№18 «Оид ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2018 №АП-1140 «Дар бораи ҷадвали баргузории Фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» вобаста ба гузаронидани озмуни «Дастархонороӣ» дар шаҳри Хоруғ маълум менамояд, ки тибқи Низомнома 3 Феврали соли 2020 дар шаҳри Хоруғ даври аввали озмун дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Дар озмуни мазкур саҳми бонуи ҳунарманд Боварова Саврибегим назаррас буда, баъди натиҷагирӣ, ҳайати акамон таҳти роҳбарии Мавлобахшзода Райҳонбегим- муовини раиси шаҳри Хоруғ иштирокчии мазкурро ғолиби озмун дониста, иштирокчии даври вилоятӣ эълон гардид.
Даври дуюми озмуни вилоятӣ то санаи 15.02.2020 гузаронида мешавад.