Хабарҳо

Хабарҳо (513)

            04.02.2020 муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Р. бо бонувоне, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри  Хоруғ кору фаъолият доранд, доир ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат  суҳбат ороста, қайд намуданд, ки мо занони тоҷик аз он ифтихор дорем, ки давлат ва ҳукумат  барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда истодааст. Ба фаъолияти занону духтарон ва нақши онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баҳои мусбӣ дода мешавад.

     Муовини раиси шаҳр зикр кард, ки ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои  маориф  беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳад.

    Аз ин рӯ моро зарур аст, ки сазовори боварии Сарвари давлат гардида, минбаъд низ дар ободони ва гулгулшукуфоии  диёрамон саҳм гузор бошем.

    Инчунин доир ба таҷлил ва  дар сатҳи баланд баргузор намудани 23 –феврал, Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  суҳбату вохӯриҳо бо раисони маҳаллаҳо ва бонувон мувофиқи нақша чорабиниҳо тақозо намуд.

         Хоруғ шаҳрест дар ҷануби ғарбии Помир, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар соҳили рӯди Ғунд ва резишгоҳи он ба рӯди Панҷ дар баландии 2200  метр аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Хоруғ ба воситаи роҳи калони автомобилгард бо шаҳри Душанбе ба воситаи ағбаи Сағридашт (527км), ба воситаи ағбаи  Оқ байтал бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва бо ағбаи Кулма бо Ҷумҳурии  халқии Хитой  алоқаманд аст.

         Хоруғ то пирӯзии  Инқилоби октябр деҳае буд, ки дар он 10-12  хонавода зиндагонӣ дошта, шуғли асосии онҳо кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ буд. Соли 1909 аввалин пули пиёдагард аз болои рӯди ғунд сохта шуд, ки ду тарафи Хоруғро бо ҳамдигар  пайваст намуд. Солҳои 1910-1911 сохтмони роҳи аробагард аз деҳотҳои дигар то деҳаи Хоруғ анҷом дода шуд. Бо сарварии сардори отряди Помир Г.А.Шпилко соли 1914 нерӯгоҳи хурди барқӣ ва осиёб сохта шуданд, ки аҳолии маҳаллӣ низ аз онҳо истифода намуданд. Бо супориши марзбонон соли 1916 дар Хоруғ корхонаи хурди  ҳунармандии коркарди пӯст,оҳангарӣ, чӯбтарошӣ ва пойафзолдӯзӣ, ба истифода дода шуда, ки дар он сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. То ибтидои асри 20 дар Хоруғ мактабу бемористон вуҷуд надошт. Соли 1909 дар назди дидбонгоҳи  сарҳадии Хоруғ нахустин мактаби русӣ-маҳаллӣ кушода шуда,  соли 1917 шумораи хонандагони он ба 40 нафар расид.

         Густаришу ободонии ҳаматарафаи шаҳри Хоруғ ҳамчун маркази вилоят аз охири солҳои сиюми асри 20 оғоз гардид. Бо Қарори қумитаи Иҷроияи  Иттиҳоди Шӯравӣ аз 2-январи соли 1925 вилояти маъмурии Помир ҳамчун  Вилояти Автаномии Бадахшони Кӯҳӣ дар  таркиби Тоҷикистон таъсис ёфта, Хоруғ маркази маъмурии он эълон гардид. Аз ҳамин сол тараққиёти маъмурӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании Хоруғ ҳамчун маркази Вилояти Автономи Бадахшони Кӯҳӣ оғоз ёфта, Хоруғ ҳамчун шаҳр аз 27- октябри соли 1932 расман эълон гардид.

         Аз соли 1932 Хоруғ ба марказ ва ноҳияҳои дигари вилоят алоқаи автомобилиро барқарор намуд. Соли 1929 дар Хоруғ хатсайри ҳавоӣ барқарор гардида, моҳи августи соли 1932 аввалин тайёра ба фурудгоҳи шаҳри Хоруғ фуруд омад.

         Соли 1934 алоқачиён хати телеграфии  Душанбе-Хоруғро пурра ба истифода дода,  бо ҳамин шаҳрро аз  тариқи хати телеграфӣ бо маркази Тоҷикистон пайваст намуданд.

         Марҳилаи инкишофу пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқӣ шаҳри Хоруғ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, оғоз гардида симои меъмории он кулан тағйир ёфт.

         Маҳз бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иқтисодиву иҷтимоии Хоруғ бакарат беҳтар гардид. Бо таъмиру азнавсозӣ  гардидани роҳи байналмиллалии «Абрешим» (Душанбе- Дарвоз – Хоруғ-Кулма) тиҷорат ва соҳибкории хурду миёна рушди ҳамаҷонибаи худро пайдо намуда, шаҳри Хоруғ аз бунбасти  ҷуғрофӣ раҳоӣ ёфт.

         Инчунин бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Оғохон нерӯгоҳи обии калонтарини вилоят «Хоруғ» ва «Помир 1» азнавсозӣ гардида, шаҳри Хоруғ ба истиқлолияти  энергитикӣ комилан ноил гардид.

         Солҳои охир дар шаҳри Хоруғ иншоотҳои замонавӣ аз қабили Маркази ҷавонон,  Мактаби Президентӣ, ду бинои хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Чойхонаи миллӣ, ду бинои маъмури барои шаҳракҳои навтаъсиси Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур, шуъбаи Вазорати корҳои дохили дар шаҳри Хоруғ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ. Ҷамоатхона, маркази тибби Оғохон, се бинои истиқоматии нуҳ ошиёна коллеҷи тиббӣ ва дигар иншоотҳои ҳаётан муҳим ба истифода дода шудаанд.

  

ДУШАНБЕ, 01.02.2020 /НИАТ «Ховар»/. Пресс-центр Генеральной прокуратуры Республики Таджикистан сообщает, что гражданин Республики Таджикистан Шарипов Далерджон Абдуманнонович, 1988 г.р., уроженец и житель селения Ниёгон сельского джамоата Бурунов города Вахдат, таджик, образование высшее, в период 2013-2019 годов публиковал более 200 статей и заметок экстремистского содержания, направленных на разжигание религиозной нетерпимости, на пропаганду превосходства части граждан по отношению к другим с точки зрения религиозной направленности.

ДУШАНБЕ, 01.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Далерҷон Абдуманнонович, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд.

«Арзишмандтарин хусусияти Паёми Пешвои миллат – донистан, ҳаллу фасл кардани мушкилоти ҷомеа – пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ тавассути илму дониш ва маърифат мебошад», — навиштааст доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни мақолаи худ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат», ки 29 январ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст.

       Имрӯз бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Файзов Ёдгор ва раиси шаҳри Хоруғ муҳтарам Кишвар Шамирӣ иди Сада дар майдони И.Сомонӣ ҷашн гирифта шуд.

      Иди Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Иди Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, яъне 30-юми январ ҷашн гирифта мешуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти бадастомада, иди Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ санаи 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Мувофиқи маъхазҳои таърихӣ, иди Сада таърихи аз 3 то 5 ҳазорсоларо доро мебошад.  Дар бораи ҷашни Сада ривояту афсонаҳо хеле зиёданд. Бархе гуфтанд, ки миёни Сада ва Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст, ки ҳамагӣ сад мешавад. Дигаре гуфтанд, ки дар шаби Сада офариниши сад тан мардум аз насли Машию Машиёна тамом шуда буд.

 Калимаи Сада аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, оташро ифода менамояд. Аммо аксарият бар он қоиланд,ки  дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст, Ҳушанг мебошад.

                        Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,

                     Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод  буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур , оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд.

         Калимаи  «Сада» дар китоби «Авесто» ҳам ба маънои тулӯъ кардан ва ҳам ба маънои ғуруб кардан омадааст . Тавре донишманди эронӣ Ризо Муродии Ғиёсободӣ навиштааст:  «Ҷашни Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст».

Ҳарчанд таърих борҳо бар сари мардумамон селоби балоҳо рехта, бисёр расму оинҳои моро ба нестӣ бурдааст, вале ҷашнҳои хуҷастаи ниёгонамон алорағми ин ҳама ҷафокориҳо боз ҳам мисоли мурғи Самандар аз оташи сӯзони зулми аҷнабиён рақсон бадар омад.

Бори дигар қайд кардан лозим аст, ки ин ҷашни бостонии тоҷикон мероси муқаддаси ниёгонамон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо карда, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анъана даромад ва ҳамасола бошукуҳтару пуртантана таҷлил мешавад.

                            Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,

                            Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.

                            Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,

                            Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз!

 

 

     Гурӯҳи кории МИМҲД-и шаҳру вилоят вобаста ба  фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-декабри соли 2019 дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ.

     Гурӯҳи кори бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва роҳбита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Акрамов Анвар, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ Имомёрбеков Имомёрбек сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдак   Гулбекова Г., оиди нуқтаҳои Паёми  Пешвои миллат дар толори Ҷамоати шаҳраки исмоилӣ Сомонӣ бо сокинони маҳаллаи  Тирчид ва Гулобод низ суҳбат ороста,  доир ба нуқтаҳои асосиие, ки дар Паёми навбати аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат зикр гардидаанд, сӯҳбату вохӯри намудаанд.

   Муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Р., зимни баромад қайд кардаанд, Пешвои миллат дар  Паёми имсола боз ба соҳаи маориф диққати авалиндараҷа дода барои пешбурди ин соҳа тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Озмунҳое, ки дар соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, аз чумла озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғӣ субҳи доноӣ» барои баланд намудани сатҳи донишу малакаи хонандагони мо мусоидат менамояд ва дар Паёми имсола Рохбари давлат супориш додаанд, ки ин озмун ҳамасола дар ҷумҳури баргузор карда шавад. Соҳаи занон ва тандурусти низ ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат қарор доранд. Маҳз, дастгирӣ ва ҳидоятҳои оқилонаи Пешвои миллат буд, имрӯзҳо занони тоҷик дар вазифаҳои баланди давлатӣ кору фаъолият доранд. Инчунин доир ба маъракаи муҳими сиёсии дар пеш истода яъне интихоботи вакилони халқ муовини раиси шаҳри Хоруғ аз ҳозирин хоҳиш намудаанд, ки шахси арзандаро интихоб намуда овоз диҳанд.

     Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва роҳбита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Акрамов А. дар бораи  чор ҳадафи стратегӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда мақсад ва мароми ҳар як ҳадафи стратегиро шарҳ дода иброз намуданд, инҳо барои кам кардани сатҳи камбизоати ва сифати пасти зиндагӣ мусоидат менамоянд ва барои мисол иқтибосе аз Паём овард.

   Саноаткунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро  рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани иқтидои содироти мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.

 

 

 

     Гурӯҳи кории МИМҲД-и шаҳру вилоят вобаста ба  фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-декабри соли 2019 дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ.

          Гурӯҳи кори бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва роҳбита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Акрамов Анвар, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ Донаёрова Сабоҳат  ва мудири бахни кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ Имомёрбеков Имомёрбек  оиди нуқтаҳои Паёми  Пешвои миллат инчунин  бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Ш. Шоҳтемур маҳаллаи Тем ва Ҷамоати шаҳраки И. Сомонӣ маҳаллаҳои Табобатхона ва Шарифобод низ суҳбат ороста,  доир ба нуқтаҳои асосиие, ки дар Паёми навбати аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат садо доданд, диқати зарури дода ҳозирин ва тамоми сокинони шаҳри Хоруғро дар ҳамал татбиқ намудани нуқтаҳои калидӣ даъват намуданд.

     Мавлобахшзода Райҳонбегим қайд намудданд, Паёми имсолаи Роҳбари мамлакат барои сокинони шаҳри Хоруғ ва вилояти  навидҳои зиёде овард.  Аз ҷумла азнавсозии роҳи автомобилгарди  Қалъаи –Хумб- Ванҷ, ки минтиқаи куҳсор ва душворгузар мебошад, имсол оғоз мегардад, ки барои таъмири он 220 миллиард доллар ҷудо гардидааст ва оғози кор дар НОБ-и Себзори ноҳияи Роштқалъа ва то соли 2022 ба истифода додани ин НОБ боз чандин сокинони мо соҳиби кори доимӣ мегардад, ки ин барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии хеш мусоидат менамояд.

     Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва роҳбита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Акрамов Анвар диққати ҳозиринро бар он равона сохтанд, ки дар Паёми имсола зикр карда шуд, барои пешрафти соҳаҳои  илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонида шудаанд.

   Мо шоҳиди ин гуфтаҳо ҳастем, ки дар шаҳри Хоруғ  сохтмон ва таъмири  чандин муассисаҳо, кӯдакистонҳо, дорухонаҳо нуқтаҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд.

        Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, ҳамеша дар зери таваҷҷӯҳи Роҳбари Олии мамлакат қарор дошта, тамоми имкониятҳо дар ин самт  рӯйи кор омадаанд. Ин имконият танҳо барои фарзандони мову Шумо барои таҳсили хуби якояки толибилмон ва дар оянда соҳиб маълумот гардидани онҳо мебошад.

        Инчунин, мудири  шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ Донаёрова Сабоҳат  зимни баромади худ диққати ҳозиринро ба он равона намудаанд, ки ободкори ва созандаги мароми яко яки мо аст. То ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ чандин иншоотҳои замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Имрӯзҳо шаҳри Хоруғ бо табиати нотакрори худ, диққати чандин ҳазор сайёҳони хориҷӣро ба худ ҷалб намудааст.   Мо бояд Паёмро сармашқи кори худ қарор дода барои пешрафту ободии ин сарзамин кушиш ба харҷ диҳем.

 

      Дар машварати имрӯза  муовини раис, роҳбари дастгоҳ, раисони  Ҷамоатҳои шаҳракҳои И.Сомонӣ ва Ш. Шоҳтемур, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони идораву  муассисаҳои мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иштирок доштанд.

         Масъалаҳои зерин дар машварати рӯзи назорати гузошта шудаанд.

         Аз рӯйи масъалаи якум омодагӣ ба даватӣ  баҳории соли 2020 аз ҳисоби шаҳрвандони  соли тавалуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ Комиссариати комиссари ҳарбии шаҳри Хоруғ баромад карданд. Итилло дода шуд, ки то имруз зиёда аз 62 нафар  рӯйхати даъватшудагон аз тарафи ҷамоати шаҳракҳо пешниҳод гардид. Мо кушиш менамоем , ки даъвати баҳорирор низ дар мудати кутоҳ пурра намоем.

  Баъд аз ин ахбороти мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгшоҳи раиси шаҳри Хоруғ, Хисоботи  мудири филиали №67 Бонки давлатии Амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси гардид.

            Гурӯҳи кории МИМҲД –и шаҳру вилоят вобаста ба  фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-декабри соли 2019 дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ.

          23-феврал гурӯҳи кори бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва роҳбита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Акрамов Анвар, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ Донаёрова Сабоҳат ва Карамова Ибодат  Ходими Институти  илмҳои гуманитарӣ оиди нуқтаҳои Паёми  Пешвои миллат бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Ш. Шоҳтемур суҳбат ороста ва доир ба нуқтаҳои асосиие, ки дар Паёми навбати аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат садо доданд, диқати зарури дода ҳозирин ва тамоми сокинони шаҳри Хоруғро дар ҳамал татбиқ намудани нуқтаҳои калидӣ даъват намуданд.

      Ҳар як Паёми Роҳбари давлат ҳамчун роҳнамоест, ба сӯйи неки ояндаи мамлакат. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат бисёр таъкидҳо оиди соҳаи маориф ва дигар соҳахо равона гардиданд, ки ин барои беҳбудии якояки мо сокинони Тоҷикистон  ва барои баланд бардоштани сатҳу сифатӣ зиндагии хеш мусоидат менамояд зикр доштанд муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим.

         Ифтихори мо сокинони Вилоят ва шаҳр аст, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат қайд гардид, ки таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди  Қалъаи –Хумб- Ванҷ, ки минтиқаи куҳсор ва душворгузар мебошад,имсол оғоз мегардад, ки барои таъмири он 220 миллиард доллар ҷудо гардидааст .  Бовари дорем, баъд аз таъмири ин шоҳроҳ  сокинони  шаҳру вилоят метавонанд дар мудати хеле кутоҳ  ва бе ҳеҷ мушкили ба  пойтахти азизамон шаҳри Душанбе раванд.

     Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва роҳбита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Акрамов Анвар диққати ҳозиринро бар он равона сохтанд, ки дар Паёми имсола зикр карда шуд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз  ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо  пешбинӣ гардиданд.

      Баъд аз эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст. Моро зарур аст, бояд дар ободонии шаҳри Хоруғ саҳми босазои хешро гузаронем ва то таҷлили 30 –солагии истиқлолияти давлатӣ ба чандин дастовардҳо ноил гардем.

     Чунин суҳбату вохӯриҳо дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ баргузор мегарданд.

 

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор