Ҳамватанони гиромӣ!
Омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони азиз!
Имрӯз дар саросари кишвар соли нави таҳсил оғоз гардид, ки онро тамоми муассисаҳои таълимӣ бо дарси сулҳ шурӯъ мекунанд.
Тамарина гора - символ борьбы с басмачеством
В дни рабочей поездки Президента Республики Таджикистан уважаемого Лидера нации Эмомали Рахмона в район Сангвор (бывший Тавильдаринский) был поднят вопрос об официальном названии одного из горных пиков именем Тамары.
Дар асоси накша чорабинихои Чумхурии Точиистон оид ба масъалахои мудофиви граждани, эътино пешгири ва рафъи ощибатхои холатхои фавкулода дар таърихи 29.08 соли равон дар шахри Хоруг бо иштироки Риаси комисияи хоалатхои фавкуллода раиси ВМКБ Файзов Ё, Сардори сарраёсати мудофиаи граждани Кумитаи холатхои фавкулода ва Мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон полковник Файзуллозода У. ва раисони шахру навоии вилоят чорабини дар мавзуи "Амали хайати рохбарикунанда,кувва ва воситахои Низоми ягонаи худуди дар пешгири ва рафъи окибатхои офатхои таббии доир гардид. Дар чорабинии мазкур тамоми гурухо доир ба бартараф намудани офатхои табии аз худ махорати баланди касби нишон доданд
Штрихи к портрету Мухиддина Кабири
"Скажи мне кто твой друг, и я скажу кто есть ты"
Русская народная пословица
Штрих 1 - Саидюнуси Истаравшани
В своих публикациях, похожих на проповеди, он всегда подчеркивает: нужно всегда говорить правду и только правду! Однако, он сам о себе вот уже 15 лет скрывает эту самую правду - все эти годы проживает в Иране, принял шиитское течение ислама, а на ФБ указывает место проживания Ливан.
Саидюнус был женат на дочери известного в 90е годы религиозного деятеля Мулло Маруфчона, который переехал в Иран, стал шиитом, а потом вернулся в Таджикистан, покаялся и отрекся от зятя шиита. И вот почему.
В сети Интернет периодически появляются серии заказных критических статей, в которых предпринимаются попытки умышленно исказить реальные успехи Таджикистана, идущего по пути созидательного развития под мудрым руководством Основателя мира и национального согласия-Лидера нации, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона.
В СМИ промелькнуло сообщение о том, что «КНР готовит из Таджикистана форпост для отражения внешней террористической угрозы».
Намедонам, чаро, аммо ба ин сафар ба Теҳрон поям намекашид. Аслан бояд шодӣ мекардам, ки Созишномаи сулҳ имзо шуд ва бозгашт ба Ватан наздик аст. Муҳоҷирати иҷбории панҷсола хатм меёбад.
Кам касоне медонистанд, ки дар арафаи имзои Созишномаи сулҳ, ҳатто пештар оппозитсия ба ду бахш тақсим шуда буд. Тими Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва тими Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.
Ҷудоӣ замоне ба миён омад, ки дар Истанбул вохӯрии роҳбарони оппозитсия бо ширкати Нурӣ, Ҳимматзода, Тӯраҷонзода бо сарвазири собиқ Абдумалик Абдуллоҷонов ва командаи ӯ баргузор гашт. Ман он вақт дар Прага, дар як чорабинии радиои "Озодӣ" будам, ки аз Истанбул Тӯраҷонзода занг зад:
- Биё, ки ин ҷо бо ошноҳоят мушкил омад.
Вазифаи ман ташкили мулоқот буд, дигар он сӯ ихтиёр дар дасти тарафҳо буд. Бо вуҷуди ин ба Туркия парвоз кардам.
Дар ресторане, ки маросими хайрбод он ҷо мегузашт, як саҳна сахт дар хотирам мондааст. Абдуллоҷонов гаштаю баргашта ба Сайид Абдуллоҳи Нурӣ муроҷиат мекард:
- Домулло, қасам хуред, ки аз гапатон намегардед. Ба Қуръон қасам хуред.
- Даст додем ку. Боз чӣ? - хиҷолатзада посух медод роҳбари оппозитсия.
- Ба Қуръон қасам хуред, масъала ҷиддӣ аст. Ҳукумат фаҳмад, ки мо бо шумоён вохӯрдем, тамоми корро мекунад, то байни мо эътилоф нашавад.
Ба назарам, хӯрдагиҳои ҳама заҳри баданашон шуд. Лаҳзае касе гапро ба дигар сӯ кашид, ки Каримҷон Ахмедов, ки як экономисти хеле доно ва якрӯст, ӯ мавзӯъро боз зинда кард:
- Домулло ну клянитесь. Вам жалко что ли?
Чанд нафари мо ҳам кафолат додем, ки "домулло аз гапашон намегарданд" ва ҳама боз даст ба дастурхон бурданд.
Дар саҳнаи ресторан бонуи нимурёне пайдо шуд ва ба рақси ишкам (танец живота) пардохт...
Пешгӯии Абдуллоҷонов дуруст баромад. Баъди чанд рӯзи мулоқоти Истанбул Эмомалӣ Раҳмонов ба Хостдеҳи Афғонистон парвоз кард. Ҳодисаҳои баъдина гувоҳӣ доданд, ки Раҳмон ва Нурӣ шартномаи махфие бастаанд, ки ба ҷуз худашон касе намедонад. Тӯраҷонзода ва ман даъват нашуда будем.
То ҳанӯз Абдуллоҷонов бар он аст, ки варо мухолифон "кидать карданд". Дар омади гап бояд зикр кард, ки дар он айём Абдуллоҷонов барои муаррифии оппозитсия дар Вашингтон, Москва, Тошканд зиёд талош варзида буд. Дар ин ҳар се пойтахт ӯ дар сатҳи баландтарин тарафдор дошт.
МИЗИ БЕ ОДАМ
Ҳоло Теҳрон.
Ҷамъомади васеъи оппозитсия баъди имзои Созишномаи сулҳ.
То тақсими мансабҳо чанд ҳафта мондааст. Ҳама шодон. Бод аз Душанбе бӯи кабоб меорад?!
Яке аз меҳмонсароҳои панҷситора ва ҳама ситораҳои мухолифат: Нурӣ, Тӯраҷонзода, Ҳимматзода, Латифӣ, Ҳабиб Сангинов, Абдунабӣ Сатторзода, Ҷумъабой Ниёзов Худобердӣ Холиқназаров, Мирбобо Мирраҳим ва боз чанд нафари дигар, ки ёдам нест. Мирбобо хотираи фавқулвасф дорад ва котиби он маҷлис буд, шояд ӯ ҳамаро ёд дорад.
Ҳоло Теҳрон ва шарҳи мухтасари он маҷлис. Ҳама аз Сайид Абдулоҳи Нурӣ мегуфтанд. Тамаллуқ мисли об мерехт. Ба ҷоми як кас. Ҳама медонистанд, ки калиди "сандуқчаи зулбиё" дар дасти кист? Дар дасти раиси Комиссияи оштии миллӣ. Сӣ фоизи ҳукумат шухӣ аст?! Сӣ фоизе, ки ҳукумат ба оппозитсия садақа карда буд.
Тоқатам тоқ шуд ва навбати суханро гирифтам:
- Устод, - сар кардам, ки дар рӯ ба рӯи Сайид Абудуллоҳи Нурӣ менишастам,- агар ришатон набошад, гумон мекардам, ки дар бюрои КМ КПСС нишастаем. Шумо Котиби якуми КМ ва инҳо котибони горкому райком ба шумо ҳисобот медиҳанд. Мардум аз риши дарози шумо не, ҳатто аз риши ман ҳам безоранд. Дурӯғ аст, ки мардум чашм ба роҳи оппозитсия аст. Дурӯғ аст, ки мардум интизори оппозитсия аст.
Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.
Садоямро ларза мегирад:
- Шумо набояд раиси Комиссияи оштии миллӣ шавед. Якум, одаме даркор ки фаъолияти чиновникӣ дошта бошад. Дуюм, аз тарафи ҳукумат Достиев (Абдумаҷид) дар комиссия ҳаст. Мушкиле ояд, назди президент меравад. Оппозитсия ҳам бояд чунин шахс дошта бошад, ки ягон мушкиле пеш ояд, ӯ ҳал кунад.
Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.
Як каме бо дигарон кашмакаш ва боз идома медиҳам:
- Ин ҷо ҳама аз тақсими мақому вазифаҳо мегӯянд. Онҳое, ки ба Комиссияи оштии миллӣ аз ҷониби оппозитсия пешниҳод шудаанд, ба Худо, агар халқ чеҳраҳои онҳоро бинад, дилаш аз дунё ях мегардад.
Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.
Садои Тӯраҷонзода:
- Додо, бас кун.
Дарк мекунам, ки ӯ ин суханонро барои он мегӯяд, гумон накунанд, ки ман ин ҳамаро бо ӯ машварат кардаам.
Танҳо Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Худойбердӣ Холиқназаров ва Тӯраҷонзода ба ман намечаспанду халос.
Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.
Касе мегӯяд:
- Ҳамаро таҳқир накунед.
Боз давом медиҳам:
- Ягон кас аз роҳбарони саршиноси оппозитсия мансаб нагирад. Вазифаҳоро ба дигарон - мутахассисон ва технократҳо бояд дод. Фоидаи якумаш онҳо ҳама бо аҳли авлодашон тарафдорони оппозитсия мешаванд. Дуюм, вақте роҳбарон вазифа гиранд, мардум гумон мекунад, ки ин ҳама муборизаҳо ба хотири кресло будааст.
- Ин кас мехоҳанд ба Абдуллоҷонов вазифаҳоя диҳем.
- Боди шляпаи Абдуллоҷонов шуморо чаппа мекунад. Шумо чиҳо мегӯед?
Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.
- Монед гапашро гӯяд- ҳамаро ором мекунад Нурӣ.
Дар ҳайрат меафтам, ки бо киҳо панҷ сол будаам. Инҳо тамоман дигар будаанду...
Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.
- Пешниҳоди ман. Боз бояд як ё ду соли дигар мушкилиро ба гардан гирифт ва давраи гузаришро барои пирӯзӣ дар интихобот истифода бурд.
Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.
- Дар Ғарм одамон мурда истодаанд. Зӯр бошӣ рав дар Панҷакент митинг кун.
Ин садои як бадбахте буд, ки нав ба оппозитсия пайваста буд. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бар даҳонаш зад:
- Ин гапҳоро назан. Он чӣ Додо мегӯяд асос дорад. Додоҷон - муҷоҳиди рақами яки мост. Мавзӯъи сӯҳбат нав пайдо шуд. Мо бояд аз интихобот бигӯем.
Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.
Ҳар кас бояд худро ба Нурӣ ширин кунад. Мефаҳмам.
- Хулиганӣ накунед.
Пиджакамро, ки овезон буд, гирифтам:
- Интихобот бо ҳаминҳо?!
Ғалоғула. Ҳойу ҳуй. Тую ман.
Сигор лаззати хосае дошт.
Ҳамаро ба обед даъват карданд. Дар мизи ман касе нанишаст...
Дар бахши дуввуми ҷаласа ширкат накардам. Бегоҳ бо Тӯраҷонзода ва Ҳимматзода ба хонаи Ҳоҷӣ Акбар баргаштем. Ҳимматзода чанд бор бо табассум такрор ба такрор мегуфт:
- Девонагиҳоятро бисёр шунида будам, лекин нав дидам...
БОЗГАШТ БА ЯК ХАМГАШТ
Тобистони соли 1992 аз оппозитсия ҷудо шуда будам. Аксарият дар "Чароғи рӯз" ҳам. Чандин мақолаҳои тунду тез дар саҳфаҳои рӯзнома бар зидди ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, ки Наҳзат сохта буд, дарҷ гардиданд. "Мактуби кушод ба и.в. президент А. Искандаров бо даъвати ба истеъфо рафтанаш, мусоҳиба дар ду саҳифа бо Сангак Сафаров, ки он замон номашро ба забон овардан ҷиноят ба шумор мерафт, ба қабристон роҳ надодани депутати "коммунист" - Мавлон Олимов, аз дасти армияи Наҳзат ва даҳҳо хабару мақолаҳои дигар аз корномаҳои ҳамкорони ман буданд. Ҳатто рӯзномаи "Ҷумҳурият" дар саҳфаи аввали худ мақолае чоп карда буд, ки "Чароғи рӯз" бо Сангак Сафаров баробар шуд" унвон дошт. Ин мақола як провокатсия ва як огоҳӣ буд: "душманро бишносед!".
Гоҳо ба андеша меравам, ки Наҳзат агар комёб мешуд ва шохи карамелро ба чой андохта хӯрандагонро намешикастанд, моро чӣ интизор буд? Ба як калима :дӯзах! Аз давлатдории ин навдавлатон баъдан хоҳам гуфт.
Ҳоло боз Теҳрон.
Зимистони соли 1993.
Дар яке аз бӯстонсароҳои ҳукуматӣ сарони оппозитсия ( ба ҷуз Нурӣ, ӯ дар Афғонистон буд) ҷамъ омада буданд ва тарҳи мубориза ва муқовиматро мекашиданд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Тоҳири Абдуҷаббор, Муҳаммадшариф Ҳимматзода. Ба ман пешниҳод карданд, ки бояд дар Москва бошам, зеро дар он ҷо таҳсил кардаам ва дӯстону шиносони зиёд дорам. Гуфтам: гуноҳи ҳамаатонро рӯ ба рӯ мегӯям, агар ба гардан гиред, баъд...
Тоҳир бо лабханд гӯш андохт. Чеҳраи Тӯраҷонзода гулгун шуд, аммо чизе нагуфт. Ҳолдонҳо медонанд, қаҳри ӯ биёяд, сурх мегардад. Чун хиёнатҳои Наҳзатро баршумурдам Ҳимматзода таркид: "Чароғи рӯз" газити яҳудиҳост!". Бигӯмагӯи зиёде шуд.
Вақте танҳо мондем ва бо Тоҳир сигор мекашидем, ӯ оҳиста ба гӯшам гуфт:
- Бо инҳо ҳаргиз ҳамроҳ нашав!
Аммо ман як қоида дорам, хуб ё бад худам низ ташхис накардаам: дӯстӣ бароям аз ҳама болост. Дар сиёсат ҳам. Ҳатто пешакӣ донам, ки шикаст мехурам. Ҳатто марг дар хамгашт чашмдоронам бошад! Чун Тӯраҷонзода дӯстам буд, ман наметавонистам бо ӯ набошам.
ЧИЛЛАИ ЗИМИСТОН ДАР ТОБИСТОН
Дар панҷ соли аввали муҳоҷират ва муқовимат як ҳафта хушбахт будам. Ин ҳамон аввали сентябри соли 1997 буд. Би истилоҳи тоҷикон "чорухҳо рангин карда" барои бозгашт ба Ватан омодагӣ медидем. Бо рейси махсус аз Теҳрон ба Душанбе бояд парвоз мекардем. Рейси муҳимтарини зиндагӣ. Рейси муҳаббат. Мисли он ки ба мулоқоти нахустин ба духтари дӯстдоштаат меравӣ. Беҳтарин либосҳоро омода менамоӣ. Беҳтарин суханҳоро машқ мекунӣ, то барояш бигӯӣ. Лаҳзаҳоро мешуморӣ. Лаҳзаҳое, ки баробари моҳ, сол, аср тӯлонӣ ва тӯфониянд...
Барои модарам ҷойнамози беҳтарин ва тасбеҳи зеботарин мекофтам, ки Тӯраҷонзода занг зад:
- Моро ба вазорати корҳои хориҷа даъват карданд. Ҳукумат шарт мондааст, ки дар самолёте, ки оппозитсияро мебиёрад, бояд Тӯраҷонзода ва Атовуллоев набошанд.
- Кӣ хабар дод?
- Ҳимматзода. ( Ӯ пешакӣ рафта буд).
- Нурӣ чӣ мегӯяд?
- Бе шумоён намеравем!
- Офарин бар Устод!- хитоб кардам ман.
Рейс мавқуф гузошта шуд.
Аз рӯи сенарияи ООН то 9-уми сентябр бояд роҳбарони оппозитсия бармегаштанд ва рӯзи 9-ум дар Рӯзи Истиқлол намояндагони ҳукумат ва мухолифат аз минбар ба мардум паёми сулҳу оштиро мерасониданд.
Рӯзи 9-ум касе гуфт, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон зиёфат оростаанд. Ва он ҷо оппозитсионерҳо ҳам ширкат варзидаанд. Вақте Отахон Латифӣ ва Ҳабиб Сангинов ба хонаи Тӯраҷонзода омаданд, ба онҳо дарафтодам: ҳукумат нахост, ки Истиқлоро бо шумо дар Душанбе ҷашн гирад, шумо ба сафорат ба оши худоӣ рафтаед.
- Чӣ ба мо мечаспӣ? Устодат ҳам ҳамон ҷо буд!- бо асабоният гуфт Ҳабиб.
- Кӣ?
- Мулло Абдулло.
- Нее, шӯхӣ мекунед?
Гаштаю баргашта ба телефони ҳамроҳи Нурӣ занг мезадам. Аммо касе посух намедод.
Дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бо ширкати муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ Сураҷ Чоршанбиев ва мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Имомёрбек Имомёрбеков мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди тенниси рӯи миз миёни ҷавонони соли таваллуди 1998 ва хурд оғоз гардид.
Зимни кушоиши мусобиқа М. Райҳонбегим теннисбозонро ба муносибати Рӯзи варзишгарон табрику шодбош намуда, аз ҷумла қайд кард, ки варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ буда, маҳз тавассути он миёни халқиятҳои гуногуни сайёра бо ҳам муттаҳид мешаванд ва ҷалби ҳарчи бештари наслҳо ба ҳаёти солим рисолати ҳар яки мост.
Гуфта шуд, ки чунин чорабиниҳои варзишӣ соли равон дар вилоят бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр бомаром идома дошта, ҳамарӯза ҷавонону наврасони зиёди кишвар ба онҳо таваҷҷӯҳ доранд.
Ҳоло мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни дастаҳои “Суғд”, “ШНТМ”, “ВМКБ 1”, “Хатлон 1”, “Душанбе” ва “Хатлон” ҷараён дошта, ғолибон бо ҷоизаҳои гуногун сарафроз мегарданд.
Хадамоти матбуоти
раиси шаҳри Хоруғ
Бахшида ба 25 - солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори фарҳанги Мақомоти ҳокимияти давлатии ВМКБ чорабини идона баргузор гардид. Дар он раиси вилоят Ёдгор Файзов, раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ, роҳбарону кормандони ниҳодҳои қудратӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва дигар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ВМКБ кормандони кумитаро бо иди касбиашон табрик намуда, фаъолияти ин ниҳодро муҳимтарин дар ҷомеа арзёбӣ кард ва дар корҳои минбаъда ба аҳли Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барору комёбиҳо таманно намуд.
Сипас, раисони вилояту шаҳр, роҳбарияти кумита ба кормандони ин ниҳод дар вилоят ифтихорнома ва дигар мукофотҳоро тақдим карданд.
Хадамоти матбуоти
раиси шаҳри Хоруғ
Бо ширкати муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода ва мудири Шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ Сабоҳат Донаёрова озмуни вилоятии “Ҷилваи рангҳо” гузаронида шуд.
Тавре аз шуъбаи болозикр иттилоъ доданд, озмун бо мақсади муаррифӣ ва тарғиби беҳтарин либосҳои милливу расмӣ, бачагонаю сайру гаштӣ ва ғайра рӯи кор омад.
Дар озмун тарроҳону ҳунармандон ва зебосозони либосдӯз аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқальа ва шаҳри Хоруғ иштироку баромад карда, ҳунари волои хешро пешкаши ҳозирин намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳунармандони шаҳр Ҷамила Абашоева ва Бибибиноз Мирзоева намунаҳои гуногуни тарроҳиву дӯхти либосро муаррифӣ карда, беҳтарин иштирокчёни озмун пазируфта шуданд ва бо туҳфаи хотиравӣ сарафроз гаштанд.
javonon.tj
Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ, имрӯз 5 август бо рӯзноманигорону намоядагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор намуд.
Инчунин дар нишаст муовинони раису роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва дигар кормандони Мақомоти ҳокимияи давлатии шаҳру раисони ҷамоатҳои шаҳракҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ва Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.
Раиси шаҳр иброз дошт, ки Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии шаҳр 91 лоиҳа бо ҷалби маблағи 866,9 млн. сомонӣ ворид карда шудааст, ки аз ин 38 лоиҳа бо маблағи 248,1 млн. сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 26 лоиҳа бо маблағи 400,8 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 22 лоиҳа бо маблағи 217,0 млн. сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 5 лоиҳа бо маблағи 940,0 ҳаз. сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ рост меоянд.
Дар давоми солҳои 2015-2018 ва нимсолоаи аввали соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои бунёду барқарорсозии иншоотҳо 878 256. 500 сомонӣ равона шудааст, ки аз он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуҳуриявӣ 103 060 300 сомонӣ (11,7%), буҷети маҳаллӣ 776 506 000 сомонӣ (0,9%), сармояи хориҷӣ 737 943 600 сомонӣ (84,0%), маблағҳои худии соҳибкорон 29 487 000 сомонӣ (3,3%) иҷро гардидааст, ки ин 124,8 фоизи нақшаи пешбинишудаи солҳои 2015-2018 ва 100,1 фоизи маблағи умумии барномаро ташкил медиҳад.
Солҳои 2015-2018 нимсолаи аввали соли 2019 52 банди Барнома ба маблағи 837 950 051 сомонӣ пурра иҷро гардида, (аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи 73 647 200 сомонӣ, сармояи хориҷӣ маблағи 743 249 900 сомонӣ, маблағҳои маҳаллӣ 308,7 ҳазор сомонӣ, маблағҳои соҳибкорон 4 505 000 сомонӣ), дар 19 банд бо маблағи 168 621 200 сомонӣ корҳо идома дошта, дар 20 банд бинобар дарёфт нагардидани маблағ корҳо оғоз нашуданд.
Муомилоти умумии мол дар нимсолаи аввали 2019 дар муассисаҳои савдои ҳамаи шаклҳои моликият ва шахсони воқеии шаҳр маблағи 32956,1 сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 2246,4 сомонӣ ё худ 107,3 фоиз зиёд мебошад.
Бояд қайд намуд, ки истеҳсоли қувваи барқ аз ҷониби неругоҳи барқи обии шаҳри Хоруғ дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 миқдори 46365541,59 кВт/соатро ташкил дод ва ба маблағи 16404018,06 сомонӣ (98 фоиз дар баробари нақша) қувваи барқ фурўхта шуд.
Аз ҷумла, барои корхонаҳои буҷавӣ ба маблағи 5114524,41 сомони қувваи барқ фурухта шуд, ки аз он маблағи 4859290,13 қувваи барқ пардохта шуд, ё худ 95 % пардохт гардид.
Барои аҳолӣ ба маблағи 6506182,32 сомонӣ қувваи барқ фурухта шуд, ки аз он 6491873,73 ё худ 99% пардохт гардид ва барои корхонаҳои тиҷоратӣ ба маблағи 4695573,79 сомони фурухта шуд, ки аз он маблағи 4858828,46 сомонӣ қувваи барқ пардохт шуд, ки103%-ро ташкил медиҳад.
Айни замон, 100 фоизи муштариёни шаҳри Хоруғ бо ҳисобкунакҳои электронӣ таъмин мебошанд.
Қарздории умумии муштариён дар нимсолаи якуми соли 2019 6363222 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он идораҳои буҷавӣ 1513549, тиҷоратӣ 2404321 ва аҳолӣ 2445352 сомониро ташкил медиҳанд.
Талафоти умумии барқ дар шаҳри Хоруғ дар нимсолаи якуми соли 2019 10,59%-ро ташкил медиҳад. Қарздории умумии муштариён дар нимсолаи якуми соли 2019 6 363 222 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он идораҳои буҷавӣ 1 513 549, тиҷоратӣ 2 404 321 сомонӣ ва аҳолӣ 2 445 352 сомониро ташкил медиҳад.
- Мушкилиҳои асосие, ки ба рушди соҳибкории хурду миёна дар шаҳр таъсири манфӣ мерасонанд, ин набудани маблағхои иловагӣ барои соҳибкорӣ ва бизнес, сатҳи баланди фоизи қарзҳо, муҳлати кўтоҳи баргардонидани қарзҳо мебошанд, - иброз дошт раиси шаҳр.
Бояд гуфт, ки дар нишасти матбуотӣ миёни намоядагони ВАО ва раиси шаҳр оид ба дигар масоили мубрам саволу ҷавоб ба таври ошкоро сурат гирифта, раиси шаҳр ба ҳамаи посухҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
раиси шаҳри Хоруғ
Ҳар ҳафтаи рӯзи ҷумъа масъулини Шуъбаи агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо кормандони Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ машғулиятҳои идоравӣ мегузаронанд.
Чунин машғулиятҳо тибқи реҷаи тасдиқгардида асосан бо хизматчиёни давлатии МҲД – и шаҳр баргузор мешаванд.
Ҳадаф аз гузаронидани машғулияти идоравӣ ин баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорат ва касбияти хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Суратгир: Кишвар Амиршоев