Хабарҳо

Хабарҳо (513)

Вобаста ба даъвати навбатии тирамоҳи соли равон бо иштироки раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳамзамон, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардори Шуъбаи шаҳрии КДАМ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, комиссари ҳарбии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳракҳо ва раисони маҳаллаҳои шаҳр ширкат намуданд.

Раиси шаҳр К. Шамирӣ таъкид намуд, ки масъалаи «Омодагии ба сафарбаркунии шаҳрвандони соли таваллуди 1992 – 2001» масъалаи меҳварӣ буда, оид ба сари вақт ҳаллу фасл намудани он масъулин бояд ҳамаи талошҳоро ба харҷ диҳанд.

Иттилоия аз дастгоҳи

раиси шаҳри Хоруғ

Бо ибтикори Шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ аксияи тозагӣ бо номи "Шаҳри мо - хонаи мо" дар маҳаллаи Сайфулло Абдуллоев баргузор гардид.

 Бонувони маҳалла фаъолона дар ин аксия ширкат намуда, гирду атроф, дохили бозори марказии шаҳрро боз ҳам тоза намуда, онро ба тартиб дароварданд. Ҳудуди бозор аз ҳар гуна ахлоту партовҳо тоза карда шуд.

Баргузории чунин аксияҳо дар маҳаллаҳои дигари шаҳр низ дар назар аст.

Шуъбаи кор бо занон

ва оилаи шаҳри Хоруғ

Вобаста ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷамоати шаҳраки Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бо ширкати муовини раиси шаҳр Райҳонбегим Мавлобахшзода ва намояндагони Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помиру аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандии назди ВКД  семинари корӣ баргузор шуд.

Инчунин, дар семинар намояндагони Корхонаи хоҷагии манзилию камуналии шаҳр, кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар ВМКБ иштирок намуданд.

Дар кори чорабинӣ асосан мавзӯъҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа, донистани ҳукукхои худ ва дигар масоили марбут мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси шаҳри Хоруғ

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва шаҳрдори шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳр 12 - умин фестивали байналмилалии "Боми Ҷаҳон"- ро ифтитоҳ намуданд.

Сараввал, меҳмонон ва ҷамъомадагонро раиси шаҳр Кишвар Шамирӣ ба маркази вилоят хайри мақдам гуфта, изҳор дошт, ки маҳз бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо сайёҳону меҳмонон аз мавзеҳои тамошобоби шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят дидан намуда, бо расму русум ва анъанаҳои миллии мардуми мо аз наздик шинос мешаванд:

 "Ба туфайли баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дустиву рафоқат миёни халқҳои гуногуни олам тақвият ёфта, феълан Тоҷикистони моро таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи дунё ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу биҳиштосо, меҳрофар ва дорои тамаддуни бостонии башарӣ мешиносанд", - мегӯяд Кишвар Шамирӣ.

Ба қавли раиси ВМКБ Ёдгор Файзов маҳз соҳибистиқлолӣ имконият дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони чандин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ гардида, ҳар яке аз онҳо самараи азимеро ба бор оварда истодааст. Мисоле оне, ки таи чанд соли охир роҳбарону намоядагони кишварҳои ҷаҳон, сарварони ташкилотҳои бонуфузи дунё хосса ба маркази ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва инчунин ВМКБ ташриф оварда, аз дидорбинии мавзеҳои гуногуни мамлакат таассуроти зиёд бардоштанд ва ҳамаи ин самараи меҳваи шаҳдбори Ваҳдати комили миллӣ ва Истиқлолияти давлатии кишварамон аст.

Мавриди зикр аст, ки инчунин дар рӯзҳои баргузории фестивал намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошою савдо гузошта шуда, маҳсулоти зиёдро сокинони мамлакат ва меҳмонон бо нархҳои дастрасу арзон харидорӣ мекунанд.

Хадамоти матбуоти

раиси шаҳри Хоруғ

Воқеан то ҳоло на барои ҳамаи мардум равшан аст, ки дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ идораи махсусе фаъолият дорад, ки ба шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, алалхусус маъбону пиронсолон, шахсони яккаву танҳо ва ятимони куллу бесаробон, иштикорчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниву кӯдакони имконияташон маҳдуд аз оилаҳои камбизоат ҳамарӯза хизмат менамояд.

Манзурамон албатта Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ аст, ки аз рӯи 25 намуд хизмати ройгони иҷтимоӣ мерасонад. Аз ҷумла, хизматрасонии маишӣ: шустушӯи либос ва рахти хоб, рубӯчини хона, тайёр намудани хӯрок, мусоидат барои пардохти хизматҳои коммуналӣ, таъмири манзил, хизматҳои иҷтимоии равонӣ, вобаста кардан ба ташкилоту муассисаҳо; хизматрасонии тиббӣ - равонӣ: таъминоти ройгон бо доруворӣ, ҷудо кардани роҳхат ба муассисаҳои табобатӣ, санаторию курортӣ; хизматрасонии педагогӣ - ҳуқуқӣ ва инчунин дастрас намудани (харидории) маводи озуқа ва молҳои ғайриозуқаворӣ ва ғайра.

Бале, ҳамаи ин хизматрасониҳо аз ҷониби Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ амалӣ шуда, ҳамарӯза нӯҳ нафар корманди он дар маркази ВМКБ ба 65 нафар эҳтиёҷмандон ва ашхоси дорои имконияташон маҳдуд эҳсонкорӣ доранд.

Ҳозир Марказ дорои ду бахш: Бахши хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва Бахши тавонбахшии кӯдакони дорои имконияташон маҳдуди то синни 18 — сола мебошад.

Бахши тавонбахшии кӯдакони дорои имконияташон маҳдуди то синни 18 — сола инчунин бо муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимомии шаҳр, шуъбаи маориф ва дармонгоҳҳои шаҳр, Маркази "Нур", ташкилоти "Савоб", Бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва машваратгоҳи педагогӣ - психологӣ ва тиббӣ ҳамкорӣ менамояд.

Феълан масъулини Марказ ба 23 нафар нафақахӯрони яккаву танҳо, 14 нафар нафақахӯрони ба хизмати иҷтимоӣ ниёздошта, 5 нафар пиронсолони барҷомонда ва 23 нафар кӯдакони дорои имконияташон маҳдуди то синни 18 — солаи шаҳр ёрӣ расонида, ин амали хайру сахо ва кори онҳо шоистаи таҳсин аст.

Ба чунин кӯдакон асосан маҳорату малакаҳои худхизматрасонӣ, муошират ва тарзу усулҳои дигари мутобиқшавии иҷтимоӣ, маҳорату малакаҳои худхизматрасонӣ ва тарзу усулҳои дигари мутобиқшавии иҷтимоӣ омӯзонида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли 2019 аз тарафи Марказ ба ҳоҷатмандон як ҳазору чорсаду дувоздаҳ (1 412) маротиба хизматрасониҳои иҷтимоӣ  расонида шудааст.

Айни ҳол сарварии Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғро директори он Қурбонбегим Сатторова бар ӯҳда дорад ва мо аҳли Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар фаъолиятҳои минбаъда ба мавсуф барору комёбиҳои нав таманно дорем.

Хадамоти матбуоти

раиси шаҳри Хоруғ

Состояние обеспокоенности жителей г. Исфара Таджикистана по отношению к озверевшим кыргызским гражданам кишлака Ак-Сай, которые за первое полугодие 2019 года убили троих жителей Таджикистана, неслучайно. Исфаринцы должны отбросить сомнения, мобилизоваться вокруг своих лидеров и дать понять преступникам из Баткента, где раки зимуют. Причиной всему этому являются последние события, происходящие на территории Кыргызстана.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, маъмурини милисаи ин кишвар ҳадафи ҳамла ва сангзании шаҳрвандони худашон дар марз бо Тоҷикистон қарор гирифтаанд

Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ РТ сообщает, что 22.07.2019 г. жители сельского джамоата Ворух города Исфара в ходе подготовки к рабочему визиту Основателя мира и национального единства — Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона в Исфару и его встречи с Президентом Кыргызской Республики занимались работами по благоустройству, в том числе на территории джамоата Ворух на столбе установили государственный флаг Таджикистана.

Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 22.07.2019 сол сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, аз ҷумла дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух парчами давлатии Тоҷикистонро овезон намуданд.

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор