1 июни соли ҷорӣ, зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дар шаҳри Теҳрон «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чорчӯбаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи амният» ба имзо расид.
Имрӯз, 25 июн Шоҳзода Али Муҳаммад Оғохон бо сафари расмӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард.
Дар кампуси Хоруғи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Шоҳзода Али Муҳаммад Оғохонро муовини аввали раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ бо як дилгармии хоса истиқбол намуданд.
Сипас масъулини Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят Шоҳзода Али Муҳаммад Оғохонро то кампуси Донишгоҳ ҳамроҳӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сафари корӣ Шоҳзода Али Муҳаммад Оғохон инчунин аз Маркази тиббии Оғохон, ҷамоатхона ва маркази исмоилия ва дигар ҷойҳои шаҳр боздид ба амал хоҳад овард.
Хадамоти матбуоти
МҲД – шаҳри Хоруғ
18.06.2019 www.jumhuriyat.tj
Рӯзҳои 29 - 30 майи соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск буд, ки бо ташрифи расмӣ дар кишвар қарор дошт ва дар баробари муколимот ва гуфтугӯҳои судманд бо мақомоти олии давлатӣ, аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз низ дидан намуд. Ташрифи расмии президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск роҳи муносиботи мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо дар марҳилаи нави таърихӣ ҳамвор сохт. Перомуни ин сафар рӯзноманигор Бахтиёри Қутбуддин бо коршиноси масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ, декани факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холмаҳмад Самиев суҳбате анҷом додааст, ки манзури хонандагон мегардонем.
Баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази ВМКБ ва фаҳмондани муҳиммияти ин ҷашни умумиҷумҳуриявӣ барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ намояндагону кормандони Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо сокинони маҳаллаи Хуфак мулоқот намуданд.
Дар вохурӣ муовини раиси шаҳр Мавлобахшзода Райҳонбегим, раиси ҷамоати шаҳраки Ш. Шоҳтемур Расо Раҷабов, сармуҳаррири нашрияи “Оинаи Зиндагӣ” Руқияи Давроншоҳ, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Имомёрбек Имомёрбеков, корманди МҲД – и шаҳр Кишвар Амиршоев оид ба беназир будани таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҷаҳониён, меъмори асосии Вахдати миллӣ, нақш ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдат, суботу оромӣ – роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон, худидоракунии шаҳраку деҳот, аз байн бурдани нашъамандӣ ва дигар масоил суханронӣ карданд.
Чунин вохуриҳо дар асоси нақшаи мақомоти маҳалии шаҳр рӯи кор омада, ҳоло ҳам идома доранд.
Хадамоти матбуоти
МҲД – и шаҳри Хоруғ
Ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ “Корвони модарони ваҳдатсаро”- и ВМКБ ва дигар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар намуда, дар конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии занон дар Ваҳдат аст!», ки дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд гузашт, иштирок намуданд.
Дар чорабинии илмӣ сиёсатмадорону олимон, шоирону ҳунармандон аз ҷумлаи занони баруманди тоҷик ҳузур дошта, он дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати корвони 100 нафараи модарону меҳмонон дар доираи сафари хеш инчунин аз аз мақбараи сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, оромгоҳи Муҳаммад Башоро, Хона-музейи Лоиқ Шералӣ, пойгоҳи бостоншиносии Саразми шаҳри Панҷакент, мавзеъҳои таърихии «Қаҳ-қаҳа», «Чилҳуҷра», зиёратгоҳҳои «Туятошбобо» ва «Қутуратбобо»-и ноҳияи Шаҳристон, Қалъаи Муғ, мавзеъҳои таърихии «Сабристон» ва «Ҳазрати Шоҳ», Литсейи касбӣ-техникӣ, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Сари мазор»-и шаҳри Истаравшан, Осоишгоҳи «Зумрад», зиёратгоҳҳои «Лангари моҳиён», «Ҳазрати Шоҳ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфи Исфарангӣ, маҷмааи «Ҷаҳони нав», Маҷмааи таърихии «Қалъаи Сурх», Осорхонаи марказии шаҳри Исфара, Қасри Арбоб, Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик», Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов, Боғи миллии «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Осоишгоҳи «Баҳористон», майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боғи фарҳангию фароғатӣ ва истироҳатгоҳҳои шаҳри Гулистон, Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофии Зулфия Баҳриддинова, Боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, маҷмааи истироҳатии «Роҳи танобӣ» ва Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд боздид карданд.
Хадамоти матбуоти
МҲД – и шаҳри Хоруғ
Шуъбаи кор бо занон ва
оилаи шаҳр
Дар шаҳри Хоруғ бо ибтикори раиси шаҳр Кишвар Шамирӣ аксияи “Соҳили тоза” гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 90 нафар кормандони Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр ҳар ду соҳили дарёи Ғундро аз ахлот ва хасу хошок тоза карданд.
Рӯзҳои наздик баргузории чунин чорабиниҳои соҳилтозакунӣ бо иштироки бештари сокинони шаҳр ва кормандон дар назар дошта шудааст.
Хадамоти матбуоти
МҲД – и шаҳри Хоруғ
Имрӯз, 15 июн баъди барқарор кардани қитъаи роҳи автомобилгард дар мавзеи “Чинак” – и шаҳри Хоруғ муовини раиси ВМКБ Умедҷон Нозирзода, роҳбари дастгоҳи шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров ва дигар масъулину кормандони Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят барои бартарафсозии оқибати табиӣ ба ҷуйбори Темур рафтанд.
Ҳоло ҷараёни кор дар ҷуйбори мазкур бо ширкати масъулини мақомотҳои ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят, ҷалби техникаву лавозимот ва қувваи корӣ вусъати тоза пайдо намуда, итминони комил аст, ки дар ҷӯйбори Темур дар кӯтоҳтарин муддат об сар дода мешавад.
Хадамоти матбуоти
МҲД – и шаҳри Хоруғ
Шаби 15 июн бар асари вайрон шудани ҷӯйбори Темури шаҳри Хоруғ дар километри ҳафтуми мавзеи “Чинак” роҳи автомобилгард банд шуд ва ҳаракати ҳамагуна нақлиёт манъ гардид.
Аммо субҳи барвақти имрӯз ба туфайли раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, муовинони раис, кормандони хоҷагии манзилию комуналӣ ин қитъаи роҳ фавран ва пурра тоза шуда, дар дақиқаҳои охир роҳ кушода мегардад.
Хадамоти матбуоти
МҲД – и шаҳри Хоруғ
Бибиноз Мирзоева яке аз бонувони фаъоли маҳаллаи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғ ҳаст, ки соли 2008 соҳиби Гранти Президентӣ гардида, давоми даҳ сол боз барои занони бекори ВМКБ курсҳои дузандагӣ, муҳрабофӣ, таомпазӣ ва қаннодиро ташкил менамояд. Ин модари мушфиқ, омӯзгори асил ва бонуи ҳунар ҳамзамон пайваста дар намоишҳои хунарӣ фаъолона ширкат дошта, то ҳоло зиёда аз 150 нафар шогирдонро ба камол расонидааст.
Ҳоло дастпарварони Б. Мирзоева қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба машғулиятҳои шоиставу писандида ҷалб гашта, дар баробари роҳнамои ҳунарии худ ба мардуми вилоят хизмат мекунанд.
Маҳз хоксориву фурӯтанӣ ва шикастанафасии холаи Бибиноз ҳаст, ки нафақат ҳамсоягонаш ӯро хизматгори халқ ном мебаранд, балки ҷавонону наврасон, кӯдакони шаҳр ҳам аз лутфу эҳсонаш пурра бархурдоранд.
Бибиноз Мирзоева ҳатто дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар мактаби мусиқии Хоруғ барои муҳассилин дарси пианинонавозӣ омӯхта, лаёқати мусиқифаҳмии онҳоро баланд бардоштааст.
Мавсуф ҳозир ҳам барои ҷавонону наврасон ва кӯдакон курси пианинонавозӣ таълим дода, нутқи хушоҳангии (музыкальная речь) онҳоро сайқал медиҳад.
Духтари ягонаи холаи Бибиноз Хубчеҳра Гулаёзова ҳоло дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷавонони ВМКБ” ба сифати директори марказ фаъолият дошта, инчунин касби асосии ӯ зебосоз (дизайнер) аст. Худи Хубчеҳрабону низ ҳамарӯза талош бар он дорад, ки ҷавонони бештари шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба Марказ ҷалб намуда, ба ин васила онҳоро ба машғулиятҳои ҳархела фаро гирад.
Воқеан қобиливу заҳмати ҳалоли Бибиноз Мирзоева ҳаст, ки ӯ дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳоли шаҳр курсҳои дигари бозомузиро пиёда намуда, феълан 20 нафар бонувони бекори шаҳр фарогири курсҳо шуданд ва рӯзҳои наздик соҳиби шаҳодатномаву стипендия мегарданд...
Шуъбаи кор бо занон
ва оилаи шаҳр,
Хадамоти матбуоти
МҲД – шаҳри Хоруғ
Вохӯрии навбатии муовини раиси шаҳри Хоруғ Райҳонбегим Мавлобахшзода ва мудири Шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Сабоҳат Донаёрова бо волидони ҷавонону наврасони шаҳр гузашт.
Дар мулоқот перомуни дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбия, гузарондани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҳамкории падару модар ва мактаб, баргузории имтиҳонҳои дохилшавӣ ва ҷамъбасти соли таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ сухан рафт.
Бояд зикр намуд, ки суҳбату вохӯриҳои намояндагони Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр дар маҳаллаҳои Хоруғ идома дорад.
Хадамоти матбуоти
МҲД – и шаҳри Хоруғ
Дар шаҳри Хоруғ бо иқдоми Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр марҳилаи якуми мусобиқаи шоҳмотбозӣ баҳри дарёфти "Ҷоми Пешвои миллат" оғоз гардид.
Тавре аз бахш хабар доданд, марҳилаи якум зиёда аз 200 нафар шоҳмотбозони ҷавону наврас ва миёнсолону калонсолонро аз ҳамаи маҳаллаҳои шаҳр ба ҳам овард.
Қайд гардид, ки ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар мамлакат дар чор марҳила гузашта, ғолибонро диплом, ҷом ва мукофотпулӣ интизор аст.
javonon.tj
Дар мактаби Президентии шаҳри Хоруғ вохӯрии масъулини Шуьбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр бо фаъолзанони маҳаллаҳои Тирчиду Носири Хусрав баргузор гардид.
Зимни мулоқот мудири шуъба Сабоҳат Донаёрова, собиқадорон Анҷирбегим Мақбулшоева ва Сабзбаҳор Хайдарова, директори мактаби болозикр Шодигул Қонунова дар бораи саҳми занон дар оромию осоиштагии кишвар, тозагию ободонии шаҳр, роҳҳои дурусти таълиму тарбияи фарзандон, мубориза бар зидди нашъамандӣ суханронӣ намуданд.
Дар суҳбат аз ҷониби фаъолзанон барои ҳалли ин масъалаҳо пешниҳодҳои судманд ба миён гузошта шуданд.
Шуьбаи кор бо занон
ва оилаи шаҳри Хоруғ
Бо ибтикори раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар майдони Исмоили Сомонии шаҳр ҳашари дастаҷамъонаи кормандони Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ гузаронида шуд.
Дар кори тамиз намудани майдон зиёда аз 170 нафар ширкат намуда, баъзе тахтасангҳои майдонро азнавсозӣ карда, онҳоро шибба заданд.
Ҳамзамон майдон ва гирду атрофи он аз алафҳои худрӯй, хасу хокрӯбаҳо тоза гардида, дар дигар идораву маҳаллаҳои шаҳр низ чунин чорабинӣ бо иштроки кормандон сурат гирифт.
Хадамоти матбуоти
МҲД – и шаҳри Хоруғ
Ба муносибати Рӯзи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ ( 3 – юми июн) дар шаҳраки Исмоили Сомонии маркази ВМКБ бо ширкати роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров, муовини якуми раиси шаҳр Зуробек Бурибекзода ва кормандони мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр чорабинии идона баргузор гардид.
Дар он зиёда аз ҳашт нафар кормандони хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр баҳри нишон додани маҳорати баланд дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, гузоштани саҳми арзанда дар вусъатбахшии корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати рӯзи касбиашон аз тарафи раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ бо сипосномаю ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарафроз шуданд.
К. Шамирӣ дар шахсияти кормандони хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ ҳамаи коргарони ин соҳаро дар саросари мамлакат самимона табрик намуда гуфт, ки дар ҳамаи минтақаҳои кишвари маҳбубамон корҳои ободонию созандагӣ, хуррамгардониву кабудизоркунӣ ҷараён дошта, дар вусъат доштани ин ободкориҳо маҳз саҳми кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ бағоят бузург аст:
“Мехоҳам хотирнишон созам, ки ҳамагон ҳамарӯза ба кори Шумо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар соҳае ки фаъолият доред, аҳолӣ ба ҳама гуна хизматрасониҳоятон беш аз пеш ниёз доранд”- илова кард раиси шаҳр.
Хадамоти матбуоти
МҲД – и шаҳри Хоруғ