Хабарҳо

Хабарҳо (513)

Баҳри ба даст овардани Ҷоми “Нигини Помир”дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ байни 24 дастаи идораву муассисаҳои ВМКБ мусобиқаи футболи хурд гузаронида шуд.

Мусобиқа бо ибтикори Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр, ширкати “Tcell” ва Бахши варзиши Шӯрои минтақавии Оғохон ташкил гардида, ғолибони бозӣ соҳиби ҷом, ифтихорнома, медал, мукофотпулӣ ва дигар туҳфаҳо шуданд.

Ҳамин гуна, даври финалӣ бо пирӯзии тими “Маркази исмоилия” хотима ёфта, ин даста бар тими “Раёсати нақлиёт” бо ҳисоби 7 : 5 дастболо гашт ва Ҷоми “Нигини Помир” – ро ба даст овард. Зинаи сеюмро тими “Дастаи собиқадорон” ишғол намуд.

javonon.tj

Имрӯз, 1 – уми июн баъди ба истифода додани Маркази фароғатии кӯдаконаи “Аладдин” раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар чорбинии идона, ки ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳр гузашт, ширкат намуд.

Дар чорабинии идона инчунин муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, масъулину кормандони Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони ВМКБ  ҳузур доштанд.

Дар аснои суханронӣ Кишвар Шамирӣ ҳозиринро ба муносибати ид табрику шодбош намуда, азҷумла кайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои соҳибистиқлолии кишвар баҳри нигоҳубин, тарбия, рушду ҳифзи саломатии кӯдакон ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд ва дар ин бобат як қатор барномаҳои муҳимро пиёда сохтааст, ки давра ба давра амалӣ мешаванд.

Сипас барномаи консертӣ аз тарафи ҳофизони беҳтарини вилояту шаҳр пешкаши иштирокдорон гашт.

Хадамоти матбуоти

МҲД – и шаҳри Хоруғ

 Дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар бинои “Pamir Plaza” – и шаҳр, Маркази хизматрасонӣ барои фароғати кӯдакони “Аладдин” – ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Сараввал раиси шаҳр бо ҳайати кормандони марказ суҳбату мулоқот карда, бо шароити кории онҳо ва таҷҳизоту лавозимоти марказ аз наздик шинос гардид.

Зимни суханронии хеш Кишвар Шамирӣ қайд кард, ки дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ низ бахши хусусӣ ҳамаҷониба рушд намуда, ҷавононамон, ки қишри асосӣ ва ояндасози ҷомеа ҳастанд, дар он ҳиссаи сазовор доранд:

“Ин маркази хуштарҳу замонавӣ, ки баҳри дилхушии кӯдакон аз тарафи соҳибкори ҷавон Шерозшо Қурбошоев ҳамчун армуғон тақдим гашт, боиси фараҳмандии ҳамаи фарзандону волидон аст.

Бояд гуфт, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар заминаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиву баҳри ҷалби бештари сайёҳон ва муаррифӣ намудани ҷойҳои фарҳангӣ нуктаҳои муҳим таъкид шудаанд. Бинобари ин, бароямон муҳим аст, ки ба рушди соҳаи соҳибкорӣ, ба кор ҷалб намудани ҷавонон ва коҳиш додани сатҳи камбизотӣ бештар мусоидат намоем.”

Зикр шуд, ки марказ бо мабалағи 700 ҳазор сомонӣ сохта гардида, ҳоло дар он 10 нафар ҷавонони шаҳр бо ҷои кори доимӣ таъмин гаштанд ва марказ дар як вақт метавонад 100 нафар кӯдаконро кабул кунад.

Хадамоти матбуоти

МҲД – и шаҳри Хоруғ

 

Имрӯз, 31 май бо ташаббус ва дастгирии раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ барои кӯдакони ниёзманд ва ятиму бепарастори шаҳр кӯмаки моддиву маблағӣ расонида шуд.

Дар ибтидо К. Шамирӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, сипас бо онҳо мулоқоти озоду самимӣ доир кард.

Ба таъкиди раиси шаҳр наслҳои имрӯзу фардо бояд тамоми саъю кӯшишҳоро баҳри аз худ намудани дониши баланд, илмҳои замонавӣ, нишон додани ахлоқу маърифати шоиста равона намоянд ва дар ҷараёни зиндагӣ ҳаргиз худро бекасу танҳо эҳсос накунанд.

“Фарзандони азизам, нахуст Шумо аз ҳарвақта бештар бояд воқиф бошед, ки мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарият ва мақомоти ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ ҳастед. Бинобар ин, аз шумо танҳо хониши аъло, рафтори намунавӣ, ҳифзи нангу номус ва содиқ будан ба Ватан – модарро талаб дорем. Агар аз паи ин рисолатҳои ҷавонмардӣ шавед, дар зиндагиатон ҳаргиз ноком нагашта, ба қуллаҳои баланди мурод мерасед” – афзуд Кишвар Шамирӣ.

 Дар интиҳо кӯдакон дар навбати худ баҳри дастгирии пайваста ба Роҳбарияти олии мамлакат ва раиси шаҳр аз самими қалб миннатдорӣ баён карда, ваъда доданд, ки давоми таҳсил дар макотиб бо натиҷаҳои баланду ахлоқи намунавӣ таҳсил намуда, дар оянда Парчамбардорони давлату миллат хоҳанд шуд.

Хадамоти матбуоти

 МҲД – и шаҳри Хоруғ

Дар шаҳри Хоруғ бо ҷалби зиёда аз 250 нафар толибилмони синфҳои 11 - и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии “Шафақ” гузаронида шуд.

Дар ин бора мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Имомёрбек Имомёрбеков иттилоъ дода гуфт, ки чорабинии ватандӯстона бо иқдоми бахшу ҳамкории Ташкилоти мададгори мудофиаи ВМКБ сурат гирифта, дар он иштирокдорон асосан аз рӯи бартарият нишон додан дар вазъу ҳолатҳои фавқулода, тарзи рафтани шикамғеҷ (по - пластунский), пӯшидани ниқоби зидди газ, ба қисмҳо ҷудо кардану васл кардани милтиқи автоматӣ ва ғайра бо ҳам рақобат карданд.

Мувофиқи натиҷаҳои умумӣ дар мусобиқа МТМУ № 1 сазовори ҷои якум ва мактаб – литсейи Оғохону мактаби Президентии вилоят зинаҳои дуюм ва сеюмро ба даст оварданд. Ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ дода шуд.

javonon.tj

Дар Маркази омодагии олимпии шаҳри Хоруғ бахшида ба “Моҳвораи ҷавонон” байни толибилмони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи шаҳр мусобиқаи футболи хурд гузаронида шуд.

Чорабиниро Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр доир намуда, дар он 14 даста барои ба даст овардани Ҷоми бахш бо ҳам мусобиқа карданд.

Ҳамин тавр, даври охир бо пирӯзии Мактаб – литсейи Оғохон анҷом ёфта, ин муассисаи таълимӣ Ҷоми бахшро соҳиб гашт.Ҷойҳои дуюму сеюм насиби МТМУ № 5 ва мактаби № 7 шуданд.

Ғолибонро мудири бахш Имомёрбек Имомёрбеков бо медалҳо сарафроз намуд.

Javonon.tj

Дар шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкорӣ бо Шуьбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мусобиқаи варзишӣ аз намуди шоҳмотбозӣ оғоз гардид.

Тавре мудири бахш Имомёрбек Имомёрбеков иттилоъ дод, чорабинӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ташкил шуда, ҳадаф аз баргузории он тақвият бахшидани нерӯи зеҳнии мактаббачагон ва ба ин васила рушди шоҳмот дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Мавриди қайд аст, ки мусобиқа то 1 июн – Рӯзи ҳифзи кӯдакон идома ёфта, ғолибонро туҳфаҳои ҳархела интизор аст.

javonon.tj

 

Бо иштироки раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии шаҳр мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини тарзи озод байни наврасони синну соли 2002 – 2004 доир гашт.

Чорабинии варзишӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар рӯи кор омада, дар он 84 нафар паҳлавонон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ бо ҳам қувваозмоӣ карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои охир дар ҳайати даставӣ дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе ҷойи якумро ба даст оварда, зинаҳои дуюму сеюмро тимҳои мунтахаби Хатлон ва Душанбе 2 ишғол намуданд.

Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ:

Дар вазни 45 кило:

  1. Тавралиев Муҳамади – Хатлон 1
  2. Қурбоншоев Алишо – ВМКБ
  3. Ҳалимов Қаюмҷон – Душанбе

III. Ҷамилов Билол – Душанбе

Вазни 48 кг

  1. Қаюмов Маҳмадсоле – Суғд
  2. Баҳромов Спартак – Душанбе
  3. Одилов Адиб – ВМКБ

III. Маҳмадов Маҳмадшариф – Душанбе

Вазни 51 кг:

  1. Собитов Нурмуҳаммад – Суғд
  2. Маликов Ҳасан – Душанбе
  3. Меликов Ҳусейн – Душанбе

III. Ғайратов Далер – Душанбе

Вазни 55 кг:

  1. Абдуллоев Муҳаммади – Душанбе
  2. Додаров Муҳаммадҷон – Душанбе
  3. Саидов Беҳзод – Душанбе

III. Умаров Аминҷон – Хатлон 2

Вазни 65 кг:

  1. Ҷураев Маъруф – Душанбе
  2. Умаров Шомансур – Хатлон 2
  3. Наимов Сайдамин – Душанбе

III. Ғарибмамадов Мурид - ВМКБ

Вазни 71 кг:

  1. Холов Усомҷон – Хатлон 2
  2. Юнусов Юнусҷон – Душанбе
  3. Мирзоев Ғанишер – Суғд

 III. Парпаев Муҳаммадислом – Суғд

Вазни 80 кг:

  1. Шаҳриёри Рустам – Хатлон 2
  2. Бобохонов Башир – Душанбе
  3. Азизов Манучеҳр – Суғд

Вазни 92 кг:

  1. Мирзоев Раҳимҷон - Хатлон 2
  2. Бобоев Муҳаммад – Суғд
  3. Файзиев Расул Акрам - Душанбе

 

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бо дастгирӣ ва ибтикори раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Дар чорабинии идона ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, муовинони раисон, роҳбарону кормандони идораву муассисаҳои маҳаллӣ, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Омӯзишгоҳи тиббӣ ва варзишгарони шаҳру вилоят ҳузур доштанд.

Нахуст раиси вилоят Ё. Файзов зимни баромади хеш дар симои ҷавонони вилоят ҳамаи ҷавонони Тоҷикистонро ба муносибати рӯзи идашон табрик намуда гуфт, ки дар ҳамаи давраҳо давлату миллат ба наслҳои худогоҳ ва соҳибмаърифат ниёз дошта, маҳз ин нерӯи созанда метавонад дар рушду пешрафти ҳар кишвар нақши асосӣ бозад:

«Ҳар кору амале, ки аз дастамон меояд, танҳо ба хотири ободии Ватан, пешрафти Тоҷикистон ва суботу оромии он равона менамоем. Шумо ҷавонон низ вазифадоред, ки илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзед, то фардои  миллату мамлакатро равшану мунаввар созед. Зеро Ватанро фақат ҷавонони босаводу соҳибкасб обод карда, ба он шаъну шӯҳрат мебахшанд».

Баъди барномаи фарҳангӣ ва созу суруд, ки дар толори асосии мақомоти маҳаллӣ бо ширкати ҳофизону ҷавонони шаҳру вилоят сурат гирифт, идомаи чорабинӣ дар Маҷмааи варзишии шаҳр рӯи кор омад.

Дар маҷмаа беҳтарин гӯштингирон бо ҳам ракобат карда, мусобиқаи гӯштини миллӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд ва ғолибон бо туҳфаҳои гуногун сарафроз гаштанд.

Сипас дар театри тобистонаи Боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳр баҳри болидахотирии ҷавонон барномаи хотирмони “Шоми ҷавонӣ” гузашта, беҳтарин санъаткорону сарояндагон ва ҳаваскорони ҷавон дар он ҳунарнамоӣ карданд.

Хадамоти матбуоти

МИМҲД – и шаҳри Хоруғ

Зери ҳамин унвон имрӯз, 22 май дар шаҳри Хоруғ бо ҷалби зиёда аз 6 000 нафар ҷавонону наврасон аксия баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иқдоми раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ, намояндагони Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояту шахр гузашта, инчунин дар он масъулину кормандони мақомоти ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, идораву муассисаҳо, зиёиён, варзишгарон ва донишҷӯёну толибилмон ҳузур доштанд.

Иштирокдорон аз варзишгоҳи марказии шаҳр то Майдони Исмоили Сомонӣ бо аксҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон, Парчаму Нишон ва Конститутсияи ҷумҳурӣ, шиорҳои «Пешвои миллат рамзи иттиҳоду сарҷамъии мо ҷавонон!», «Пешвои миллат, мо ҷавонон бо Шумоем!», «Ваҳдату Истиқлолият дастовард ва пирузиҳои мо ҷавонон», «Аҳли Донишгоҳи Хоруғ бо Шумоянд, Пешвои Миллат!» ҳаракат намуданд.

Дар майдони Исмоили Сомонӣ бошад раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда гуфт, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳким ва боло бардоштани сиёсати давлатии ҷавонон замина гузошт ва ҳоло фаъолияту ҳиссагузории ҷавонон дар пешбурди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ назаррас мебошад.

Баъдан дар Боғи мазкур барномаи хотирмони консертӣ пекаши ҷамъомадагон гардид.

Хадамоти матбуоти

МИМҲД – и шаҳри Хоруғ

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор