Хабарҳо

Хабарҳо (513)

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии  мубориза бар зидди маводи мухаддир дар шаҳри Хоруғ ҳамоиш ва раҳпаймоии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, варзишгарон, масъулини мақомоти ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва ҷавонон баргузор гардид.

Ҳозирин дар майдони Исмоили Сомонии шаҳр бо шиорҳои "Маводи мухаддир монеа барои рушду пешрафт", "Суботи ҷомеа бе нашъа", "Наздиктар ба ҳамдигар - дуртар аз маводи мухаддир", "Мо ҷавонон нашъаҷаллобонро маҳкум менамоем!" ҷамъ омада, сипас раиси вилоят Ёдгор Файзов ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар он суханронӣ намуданд.

Зикр шуд, ки муборизаи беамон бо гардиши маводи мухаддир - талоши бемисл барои ояндаи солиму дурахшон, наҷоти насли инсоният аз шарр ва зинда нигоҳ доштани фарҳангу ҳуввияти миллӣ аст.

Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон паҳнкунандагони асосии маводи мухаддир гурӯҳҳои террористиву муташаккили ҷиноятӣ ба ҳисоб рафта,   гардишу муомилоти он яке аз сарчашмаҳои асосии даромади гурӯҳҳо ба ҳисоб меравад.

Ба таъкиди Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар аксари мавридҳо маҳз ҷавонон қурбони фиреби паҳнкунандагони мухаддирот мегарданд, ки ин омил ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, ҳамарӯза ҳазорҳо ҷавонон ба марги муфоҷот мувоҷеҳ мешаванд.

Бинобар ин, барои решакан намудани ин ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки муқобили тавлидкунандагон ва паҳнкунандагони маводи мухаддир муборизаро пурзӯр кунанд.

javonon. tj

Таҳти ҳамин унвон имрӯз, 5 июл дар Чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ бо ширкати раиси шаҳр Кишвар Шамирӣ ва афроди ниёзманду дорои имконияташон маҳдуд ба муносибати Рӯзи маъюбон чорабинии идона баргузор гашт.

Инчунин дар чорабинӣ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Соҳибҷон Имомназаров, намояндагони Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр, масъулини ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва волидони ашхоси дорои маъюбият иштирок доштанд.

Сараввал Кишвар Шамирӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашни 22 – солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик намуда, ба онҳо саломатию осудаҳолии ҳамешагӣ ва пирӯзию комёбиҳои беназир таманно кард.

Дар идомаи суханронӣ К. Шамирӣ бар он таъкид намуд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти дастгирии ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, фароҳам овардани шароиту имкониятҳо барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ҳадафи аслии давлату ҳукумат мебошад.

Ба қавли раиси шаҳр муҳити ҷомеаи имрӯза барои ҳамаи табақаҳои ҷомеа озод буда, ҳуқуқу озодиҳои онҳо аз ҷониби давлат танзим мегардад ва мо бояд ин муҳитро бо амали неку ахлоқи баланд, муносибати хуб ва ғамхорӣ ба ҳамдигар, хусусан ба қишри осебпазир солиму гуворотар созем.

Сипас Кишвар Шамирӣ ба кӯдакон ифтихорномаю мукофоти хотиравӣ тақдим намуда, барномаи рангини консертӣ омоданамудаи ҳофизони шаҳр, бо рақсу шодмонии ҳозирин то нисфирӯзӣ давом ёфт.

Хадамоти матбуоти

раиси шаҳри Хоруғ

 

 

   

Муовини раиси шаҳри Хоруғ Райҳонбегим Мавлобахшзода, мудири Шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Сабоҳат Донаёрова ва раиси ҷамоати шаҳраки Шириншоҳ Шоҳтемур Расо Раҷабов бо сокинони маҳаллаи Имомобод мулоқот намуданд.

Дар вохурӣ моҳиятан масоили вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, таълиму тарбияи фарзандон, роҳи дуруст нишон додан ба ҷавонон ва дар ниҳоди наслҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, дастгирӣ намудани ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумат, мубориза бар зидди нашъамандию нашъаҷаллобӣ баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат сокинон оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии таъмини барқ ва об, равшаникунонии кӯча, тоза кардани роҳҳо дар фасли зимистон пешниҳодҳои судманд ба миён гузоштанд.

Шуъбаи кор бо занон

ва оилаи шаҳри Хоруғ

Министерство иностранных дел Таджикистана обвинило «Радио Свобода» и, в частности, ее таджикскую службу «Радио Озоди» в пропаганде экстремистской идеологии. Такое заявление опубликовано 3 июля на сайте внешнеполитического ведомства.

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ машварати васеи назди раиси шаҳри Хоруғ баргузор гардид.

Дар машварати навбатӣ муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳо, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, директорони мактабҳову сардорони муассисаҳои томактабӣ ва дигар идораю муассисаҳои шаҳр иштирок намуданд.

Зимни машварат асосан масоили баррасии протоколи машварат аз 30 майи соли 2019, рафти иҷрои Қарори раиси шаҳри Хоруғ аз 01 декабри соли 2014, № 958, “Дар бораи Қарори раиси вилоят аз 24 октябри соли 2014, № 333 “Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 427 “Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020”, Рафти иҷрои “Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ барои соли 2019”, ҷамъбасти маъракаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар – соли таваллуди 1992 – 1999 ва ғайра муҳокима шуданд.

Хадамоти матбуоти

раиси шаҳри Хоруғ

Дар маркази ВМКБ - шаҳри Хоруғ иҷлосияи нуздаҳуми даъвати панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ доир гашт.

Ба муҳокимаи Иҷлосияи навбатӣ асосан масъалаҳои рафти иҷрои Қарори раиси шаҳри Хоруғ аз 24 апрели соли 2018, № 332 “Оид ба иҷрои Қарори раиси ВМКБ аз 15 апрели соли 2018, № 126 “Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, № 117 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 – 2020, дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр, ки дар байни иҷлосияҳои ҳаждаҳум ва нуздаҳуми даъвати панҷуми Маҷлиси вакилони қабул шуданд, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ, вакил аз ҳавзаи интихоботии Даштак, № 9 Имомназаров Соҳибҷон “Дар бораи ҳисоботи вакилӣ ва хизматӣ” пешниҳод шуданд.

Мариди қайд аст, ки Иҷлосияи нуздаҳуми даъвати панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мутобиқи моддаи 13 – и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти

раиси шаҳри Хоруғ

Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ имрӯз, 3 июл дар маҳаллаи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғ майдончаи нави кӯдаконаро ба истифода дод.

Дар маросими ифтитоҳи майдонча инчунин роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Соҳибҷон Имомназаров, раиси ҷамоати шаҳраки Ш. Шоҳтемур Расо Раҷабов ва сокинони маҳалла ҳузур доштанд.

Баъд аз кушодани майдочаи кӯдакона раиси шаҳр бо сокинони маҳалла мулоқоти озоду самимӣ намуда, зикр кард, ки ҳамаи корҳои ободониву созандагӣ дар маркази вилоят бо иқдом ва дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, дар ояндаи наздик 13 майдончаи нави варзишӣ ва кӯдакона дар ҳудуди шаҳр сохта ба истифода дода мешаванд.

Мавриди қайд аст, ки барои бунёди майдончаи мазкур аз тарафи соҳибкори ҷавон Амран Мусифшоев, ширкати барқии “Pamir Energy” ва сокинони маҳаллӣ (участкаи Дармонгоҳ) зиёда аз 180 000 сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Хадамоти матбуоти

раиси шаҳри Хоруғ

 

 

 

Дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ имрӯз, 1 июл бо ширкати муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода, ҷонишини раиси шаҳр Райҳонбегим Мавлобахшзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев ва мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Имомёрбек Имомёрбеков даври ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол доир гашт.

Даври охир миёни дастаҳои "ВМКБ" ва "Душанбе 1” бошидат сурат гирифта, дар натиҷа тими "ВМКБ" бо ҳисоби 3 : 1 бар дастаи "Душанбе 1" ғолиб омад ва соҳиби ҷойи якум ва Ҷом гардид.

Барои ҷойи сеюм дастаҳои "Душанбе 2" ва "Хатлон 1" талош намуданд, аммо дар натиҷа "Душанбе 2" тими рақибро бо ҳисоби калони  3 : 0 шикаст дод.

Ғолибонро Назира Амирбекзода, Райҳонбегим Мавлобахшзода ва Сураҷ Чоршанбиев бо ҷом, медал ва ифтихорномаҳо сарафроз намуданд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" гузаронида шуд.

Хадамоти матбуоти

раиси шаҳри Хоруғ

Ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни ҷавонони мамлакат оғоз ёфт.

Дар маросими кушодашавии чорабинии варзишӣ муовини якуми раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов, раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ, муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати кишвар Ризо Назарзода иштирок намуданд.

Мусобиқа байни дастаҳои “Душанбе 1”, “Душанбе 2”, “Хатлон 1”, “Хатлон 2”, “НТМ” ва “ВМКБ”, то 1 июли соли ҷорӣ идома меёбад.

Ғолибон бо медал, ифтихорнома ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ хоҳанд гашт.

Хадамоти матбуоти

раиси шаҳри Хоруғ

Имрӯз, 27 июн дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ба ифтихори ҷашни бузурги Ваҳдати миллӣ бо иштироки раиси вилоят, муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Шурои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ёдгор Файзов, раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ, роҳбарону намояндагони сохторҳои қудратӣ, меҳмонони хориҷӣ, кормандони идораву сохторҳои маҳаллӣ ва сокинони вилоят чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст, аҳли Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, собиқадорони меҳнат, роҳбарияту омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, масъулину кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва дигар идораву сохторҳои вилояту шаҳр аз пеши Донишгоҳ то Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Чорбоғ” бо аксу шиор ва овезаҳои Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчаму Нишон ва дигар муқаддасоти миллӣ ҳаракат намуданд.

Дар боғи мазкур ҳозирин аз намоиши волои молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, сипас дар майдони фарҳангии боғ ҷамъ омаданд.

Қабл аз оғози чорабинии фарҳангӣ раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ суханронӣ намуда кайд кард, ки маҳз ташаббуси созанда ва хизмати шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон буд, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва миллати тоҷик сарҷамъу иттиҳод гашт.

Ба таъкиди Кишвар Шамирӣ воқеан Созишномаи сулҳи тоҷикон дар таърихи навтарини инсоният ҳодисаи нодиртарине аст, ки мислашро ягон кишвари ҷангзадаи дунё ё худ минтақа надидааст. Он халқи моро аз гирдоби ҳалокату парокандашавӣ наҷот дода, барои инкишофи ояндаи кишвари кӯҳанбунёд, бунёди давлатдории навину рушди сарзамини аҷдодӣ роҳи дурахшон кушод.

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон, раиси Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ он нуқтаро зикр кард, ки фарзанди фарзонаи миллат, нобиғаи замон - Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша бо халқи сулҳофару меҳнатдӯсти хеш буда, дар ҳамаи вазъу ҳодисаҳо пуштибон ва мададрасони онҳост.

Ёдгор Файзов афзуд, ки Ваҳдату Истиқлолият барои миллати тоҷик беҳтарин ва бузургтарин неъмат буда, дар он наҷоти воқеии миллат таҷассум ёфтааст:

“Аҷдодони мо ҳанӯз аз давраҳои пеш танҳо як сарвати бебаҳоро гиромӣ доштанд, ки он тинҷию оромӣ ва ваҳдати комил аст. Мо ҳам дар навбати худ масъулем, то ин неъматро беолоиш ба наслҳои баъдина расонем.”

Дар интиҳо барномаи рангини консертӣ аз тарафи беҳтарин ҳофизону санъаткорони вилоят ва ҳаваскорон пешкаши иштирокдорон гашт.

 

Хадамоти матбуоти

раиси шаҳри Хоруғ

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор