Хабарҳо

Хабарҳо (513)

Дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр миёни 12 дастаи ҷавонони синну соли гуногун мусобиқаи футбол гузаронида шуд.

Даври ниҳоии бозӣ бо ширкати раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ва мудири бахш Имомёрбек Имомёрбеков доир шуда, ғолибон бо Ҷоми бахш, медал, ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарафроз гардиданд.

Мувофиқи натиҷаҳои даври охир ҷойи аввалро тими “Ҷавонон – 1997”   гирифта, Ҷомро ба даст овард. Зинаҳои дуюму сеюм бошад насиби дастаҳои “Ҷавонон -1990”ва “Ҷавонон – 1985” шуданд.

javonon.tj

Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ва муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода бо варзишгарони вилоят, ки чанде қабл дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол зинаҳои ифтихориро соҳиб шуда шарафи вилоятро ҳимоя намуданд, мулоқот карданд.

Зикр гардид, ки бозингарони ҳар ду дастаи яккачини вилоятӣ (мардонаву занона) муҳассилини Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев буда, ба туфайли мураббиёни шоиста тавонистанд, ҷойҳои якуму дуюмро ишғол намоянд.

Солҳои охир ҳамаи варзишгарони вилоят аз тарафи Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ҳамаҷониба ёфта, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳам фаъолона ширкат доранд.

Дар интиҳои вохурӣ ба нуҳ нафар варзишгар шаҳодатномаи Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, дигар ғолибон бо диплом, ифтихорнома ва мукофотпулии раиси шаҳр сарафроз гаштанд.

Маркази матбуоти

МИМҲД – и шаҳри Хоруғ

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ имрӯз, 11 – уми май бо иқдоми Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ зери унвони "Хуррамгардонии Хоруғшаҳр - рисолати сокинон" ҳашари умумишаҳрӣ доир гардид.

Дар он зиёда аз 200 нафар кормандони сохторҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва идораву муассисаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ширкат намуданд.

Иштирокчиёни аҳли ҷамоатчигии шаҳр поку тоза кардани гулгашту майдончаҳо ва ҳудуди Боғи Парчами майдони Исмоили Сомониро ба роҳ монда, инчунин корҳои ободониро дар ҷӯйборҳои асосии шаҳр вусъат доданд.

Дар ин росто ба диққати ҳамаи сокинони шаҳри Хоруғ расонида мешавад, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи оянда, 17 – уми май дар ҷӯйборҳои Темур, Шошхоруғ, Додихудоев об сар дода мешавад ва тоза будани ҳамаи қитъаҳои ба аҳолии шаҳр вобастшуда аз ҳисоби ҷӯйборҳои болозикр ҳатмист.

Маркази матбуоти

МИМҲД – и шаҳри Хоруғ

Бо ин унвон 70 нафар волонтёрони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ таҳти роҳбарии мудири бахш Имомёрбек Имомёрбеков дар оромгоҳи Нисоқалъа аксияи тозагиро доир намуданд.

Дар чараёни он ҷавонон оромгоҳҳоро аз ҳар гуна алафҳои худрӯй, ахлоту хасу хошок тоза карда, лавҳа ва панҷараҳои харобшудаи мазори шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании (ҶБВ) солҳои 1941 – 1945 ро барқарору ранг намуданд.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳо иқдоми аввали бахш набуда, минбаъд низ дар доираи имконият дар дигар оромгоҳҳои ҳудуди шаҳр рӯи кор хоҳад омад.

 

Имрӯз, 9 – уми май Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи Аскари номаълум хотираи қаҳрамонону иштирокдорони роҳи ғалабаро пос доштанд.

Дар чорабинӣ инчунин муовинони раис, роҳбари дастгоҳ ва дигар кормандону масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуданд.

Қайд шуд, ки соли ҷорӣ аз анҷоми набарди хонумонсӯзу фалокатбори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 ва перӯзӣ бар фашизм 74 сол сипарӣ шуд ва Рӯзи Ғалаба нафақат барои собиқадорони ҷангу меҳнат ҳассостарин рӯз буда, балки ба наслҳои имрӯзу фардо низ чун тимсоли олии ватандӯстиву фидокорӣ, сабақи бузурги ҷасорату матонат ва ҷавонмардӣ маҳсуб меёбад.

Дар набардҳои сангини Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 250 ҳазор ҷанговарони тоҷикистонӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг ҳамроҳи рафиқони ҳамяроқи гуногунмиллати худ ба муқобили душман ҷангида, Меҳани маҳбубро бо ҷоннисориҳои бемислу монанд ҳифз карданд.

Феълан қарзи фарзандии ҳар кадоми мо аст, ки қаҳрамонони миллатро азизу гиромӣ дошта, корнамоиҳои беназирашонро барои наслҳои минбаъда ҳамчун намунаи ибрат талқин намоем.

Маркази матбуоти

МИМҲД – и шаҳри Хоруғ

Чанде қабл дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид даври ҷумҳуриявии Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор гардид ва дар он ғолибони даври вилоятӣ аз 12 шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.

Дар натиҷа маҳсулоти ҳунармандии иштирокчиёни Фестивал аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карда шуда, 9 нафар ҳунармандони шаҳру ноҳияҳо соҳиби дипломҳои дараҷавӣ гардиданд, ки дипломҳои мазкур аз ҷониби роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ба ғолибон тақдим карда шуданд.

Барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар фестивал ҳунармандони шаҳри Хоруғ ҳам бо дастовардҳои худ фаъолона ширкат намуда, сазовори баҳои баланд гардиданд. Аз ҷумла, дар номинатсияи заргарӣ Нозим Наврузов сазовори Дипломи Вазорат гардид.

Маркази матбуоти

МИМҲД – и шаҳри Хоруғ

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании (ҶБВ) солҳои 1941 - 1945 раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ба ёдати ҳамсарони ҷанговарони ҶБВ, ки дар шаҳр истиқомат доранд, рафт ва ба ҳар яке аз ин оилаҳо кӯмакпулиҳои яквақта тақдим намуд.

Ин иқдом аз тарафи раиси шаҳр баҳри гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг, баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ, дар рӯҳияи матонату далерӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва дастгирии иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда рӯи кор омад.

Маркази матбуоти

МИМҲД – и шаҳри Хоруғ

Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар бозори Марказии шаҳр бо соҳибкорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот анҷом дод.

Дар вохурӣ раиси шаҳр диққати ҳозиринро асосан ба масоили тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва дохили бозор, мағозаву дӯконҳо, ошхонаҳои гирду дохили он, системаи қубур ва корезҳо барои партофта дур кардани ифлосиҳо ҷалб намуд.

 Зикр гашт, ки тозагии шаҳр дар умум рисолати ҳамаи сокинон ва шахсони воқеӣ буда, дар ин росто набояд касе бетарафиро интихоб кунад. Зеро дар ҳақиқат тозагӣ худ гарави саломатӣ аст ва агар маркази вилоят бо манзараҳои дилгиркунанда дар назари меҳмонон ё сайёҳони хориҷӣ қарор гирад, ин ҳолат дар умум метавонад ба шӯҳрати ВМКБ ва ба шаъни мардуми сарбаланди он латма занад.

Дар интиҳои мулоқот соҳибкорон таъкиду супоришҳои раиси шаҳрро бо самимият пазируфта, ваъда доданд, ки аз ин пас дар покизаву тоза нигоҳ доштани бозори марказӣ дар ҳамбастагӣ бо масъулини мақомоти маҳаллии шаҳр муосидат хоҳанд кард.

Маркази матбуоти

МИМҲД – и шаҳри Хоруғ

Зери ҳамин унвон имрӯз, 6 – уми май дар толори фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки муовини раиси шаҳри Хоруғ Райҳонбегим Мавлобахшзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Анвар Акрамов ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Имомёрбек Имомёрбеков озмуни шаҳрӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти маҳорату истеъдодҳои нави соҳаи санъат, таҳким бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, пайдо намудани беҳтарин намунаи оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ рӯи кор омада, он дар се давр аз рӯйи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ дар мамлакат доир мешавад.

Тибқи низомнома даври дуюми озмун моҳҳои июн - июл дар маркази вилояти Хатлон ва даври сеюми он то 16 ноябри соли 2019 дар пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад ва ғолибон бо ҷоизаву Диплом сарфароз мешаванд.

Маркази матбуоти

МИМҲД – и шаҳри Хоруғ

Дар доираи «Моҳвораи ҷавонони Тоҷикистон» дар маркази ВМКБ, шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр марафони велосипедронӣ гузаронида шуд.

Дар он зиёда аз 300 нафар ҷавонону наврасон аз пеши майдони Ғалаба то Боғи Парчами майдони Исмоили Сомонӣ ҳаракат намуданд.

Сипас, дар боғи мазкур муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим ва мудири бахш Имомёрбек Имомёрбеков беҳтарин велосипедронони шаҳрро бо ифтихорномаву мукофоти хотиравӣ сарафроз карданд.

Маркази матбуоти

МИМҲД – и шаҳри Хоруғ

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор