Хабарҳо

Вохӯрии и.в раиси шаҳри Хоруғ Мирзона…

Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ вохӯрии и.в раиси шаҳри Хоруғ бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ доир гардид истодаст. Чунин вохӯриҳо аз махаллаи Тем сар карда, маҳаллаи Фурудгоҳ, дашти Поён ва  дигар маҳаллаҳо баргузор гардида...

11-12-2020

Муфаcсал

Чойхонаи тоҷикӣ дар Амрико мероси таъ…

Шӯрои шаҳри Боулдэри ИМА дар як овоздиҳӣ бо раъйи оро қароре қабул кард, ки қисматҳои берунаву дохилии "Чойхонаи Боулдэр-Душанбе"-ро таҳти ҳимоят қарор дода, ин тарабхонаро ба унвони як муассисаи таърихӣ эътироф мекунад. Овоздиҳие, ки дар ҷаласаи онлайнии Шӯро баргуз...

24-11-2020

Муфаcсал

НОМАИ ТАБРИКОТИИ раиси шаҳри Хоруғ Ша…

         Хамдиёрони  азиз!              Имрӯзҳо мардуми бостонию ориёитабори тоҷик дар арафаи таҷлили яке аз ҷашнҳои умумимиллӣ Рӯзи Парчами давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бинобар ин, Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми сарбаланди шаҳри Хоруғро ба муно...

23-11-2020

Муфаcсал

Модари Миҷгонаро кушта гуронданд…

Модари Миҷгонаро кушта гуронданд….Миҷгона ҳамроҳи модараш Мусулмонова Зебӣ дар љамоати деҳоти Ҳисор, деҳаи Ҳаёти нав зиндагии хурраму осоишта дошт.Субҳи барвақт модари Миҷгона барои беҳтар гардонидани саломатиаш баҳри гузаронидани сӯзандору ба хонаи ҳамсояаш Одинаев ...

18-11-2020

Муфаcсал

НАҚДИ СУХАН

ДУШАНБЕ, 17.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Инсон ягона мавҷуди биологии соҳибшуур аст. Ин хосият дар шакли сухан ҳамчун далел тасдиқи худро пайдо мекунад. Зуҳуроти моҳиятии ақл, хирад, дониш, тасаввурот ва ҷаҳонбинӣ, дар маҷмӯъ, рӯҳи инсонӣ, ки тавассути нутқи даҳонӣ, хаттӣ, асарҳои илм...

17-11-2020

Муфаcсал

Чойхонаи Душанбе дар Боулдэрро мехоҳ…

Шӯрои шаҳри амрикоии Болдуэр мехоҳад чойхонаи тоҷикии худро мавриди ҳифозаи вижа қарор диҳад. Агар дар овоздиҳие, ки дар ин шӯро рӯзи сешанбе барпо мешавад, қарори мусбат қабул шавад, бинои муассисаи бо номи “Boulder-Dushanbe Teahouse” (“Чойхонаи Болдуэр-Душанбе”) ба ҳайси муассиса...

17-11-2020

Муфаcсал

Шӯрои уламои Арабистони Саудӣ ташкил…

ДУШАНБЕ, 16.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои уламои Арабистони Саудӣ дар изҳороти худ ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» ва дигар созмонҳои ифротиро, ки дар ҷомеаҳои мусулмонӣ  ақидаҳои ҷанг, ошӯб ва нооромиро таблиғ мекунанд, дар асоси фармудаву асосҳои динӣ ҳаракати зиддимардумӣ, зи...

17-11-2020

Муфаcсал

НОМАИ ТАБРИКОТИИ раиси шаҳри Хоруғ Ки…

           Ҳамдиёрони азиз!                  Имрўз мардуми созандаи тоҷик дар арафаи таҷлили яке аз санаҳои муҳими замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон-таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.          Президенти кишваре будан зоҳиран як амри таби...

13-11-2020

Муфаcсал

Мақолаҳо

ИНТИХОБОТ ВА МАҚОМУ ВОСИТАИ ИШТИРОКИ ИНСТИ…

10-09-2020

         ИНТИХОБОТ ВА МАҚОМУ ВОСИТАИ ИШТИРОКИ ИНСТИТУТҲОИ СИЁСӢ ДАР БАРГУЗОРИИ ОН ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН        Тибқи қарори ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Муфаcсал

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАЪ…

29-02-2020

МУҚАДДИМА   Дар тамоми давраҳои мавҷудияти давлатдории миллати тоҷик, аз ҷумла, дар таърихи асрҳои миёна, таърихи нав, таърихи навтарин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон м...

Муфаcсал

Ҷавонон ҷонибдори сиёсати Пешвои миллат.

07-02-2020

         Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро  яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи  сиёсати Ҳукумати кишвар ҳисобида, ҳамеша та...

Муфаcсал

Иҷлосияи сарнавиштсоз - бунёдгузори давлат…

15-11-2019

Яке аз санаҳои бузурги  таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи XV Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон  нақши барҷастае дорад.

Муфаcсал

Иҷлосияи сарнавиштсоз - бунёдгузори давлат…

15-11-2019

Яке аз санаҳои бузурги  таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи XV Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон  нақши барҷастае дорад.

Муфаcсал

MoU Between Governments of Tajikistan and Iran is a Factor in the Development of…

05-06-2019

 On June 1, 2019 Tehran hosted a meeting between the Foreign Minister of Tajikistan Sirojiddin Muhriddin and the Foreign Minister of Islamic Republic of Iran Javad Zarif.

Муфаcсал

Меморандум между Республикой Таджикистан и…

05-06-2019

В городе Тегеран Исламской Республикой Иран 1 июня 2019 года состоялась встреча Министра иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддина Мухриддина и Министра иностранных дел Исламской Республикой Иран Мухаммада ...

Муфаcсал

Ёддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон …

05-06-2019

Дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 1 июни соли 2019 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф баргузор гардид ва ҷ...

Муфаcсал

ЗИЁФАТИ ИДОНА БАРОИ ҲАЙАТИ ШАХСИИ НИЗОМИЁН

01-06-2019

Ба ифтихори 26 – умин солгарди таъсисёби Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Хоруғ ба ҳайати шахсии сарбозону афсарони қисми ҳарбии 0410 – и ҳамин қушун, Дидбонгоҳи сарҳадии шаҳр ...

Муфаcсал

Суботу оромӣ ва андешаҳои иғвогарона

30-05-2019

   Дарки масъулияти волои меҳанпарастии мардумон метавонад омили пешрафти диёр бошад, инчунин барои маърифатнокии наслҳои имрӯза ҷомеа ба таҷрибаҳои бойи бузугсолон ниёз дорад.

Муфаcсал

Фоҷеаи зиндони Ваҳдат - ҳақиқати ДОИШ-у наҳз…

28-05-2019

Ҳодисаи задухўрди зиндониён дар муассисаи ислоҳотии 3/2-и шаҳри Ваҳдат дар расонаҳо ва шабакаҳои иттилоотӣ ҳануз ҳам баррасӣ мешавад. Назар ва мавқеъгириҳои дар ин бора нашршуда нишон медиҳанд, ки бо гузашти даҳ рўз, ҳо...

Муфаcсал

ҲНИ ва ДИИШ: умумиятҳо ва фарқиятҳо

28-05-2019

Муноқиша ва задухӯрди пайравони ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии ифротӣ дар шаби 19.05.2019 дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат, ки боиси марги 32 нафар гардид, ҳеҷ кадом шаҳрванди Тоҷикистонро бетараф монда наметавонад. Ин ҳодисаи му...

Муфаcсал

Пресс-центр Главного управления пограничны…

23-05-2019

Пресс-центр Главного управления погранвойск ГКНБ РТ сообщает, что несмотря, на предпринимаемые меры по урегулированию ситуации, обстановка на государственной границе Республики Таджикистан и Кыргызской Республики о...

Муфаcсал

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯро…

21-05-2019

21.05.2019 10:14, шаҳри Душанбе Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи ҷаласаи 46-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои мах...

Муфаcсал

Изҳорот ба изҳороти душманони сулҳу оромӣо…

21-05-2019

Гурӯҳи 24, ТЭТ ҲНИ, ҳаракати гадоманишон – Ислоҳоти рушд ва иқтисод, ҷунбиши бомжҳо – КШНГЗ оид ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат ба маълумоти зидду нақизашон ва изҳороти хиёнатгунаашон мардумро дар бораи сабабҳои ошӯб гум...

Муфаcсал

БЕТАРТИБӢ ДАР МУАССИСАИ ИСЛОҲӢ: Ташкилкуна…

20-05-2019

Рӯзи 19 майи соли 2019, соати 21.30 дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401 прим.

Муфаcсал

БЕСПОРЯДКИ В ИСПРАВИТЕЛЬНОМ УЧРЕЖДЕНИИ: Кт…

20-05-2019

19 мая 2019 года в 21:30 в исправительном учреждении 3/2 Главного управления исполнения уголовных наказаний Министерства юстиции, находящемся в городе Вахдат, заключенными, осужденными по статье 401 прим.

Муфаcсал

АХЛОҚ ТУЗАТИШ МУАССАСАСИДАГИ ТАРТИБСИЗЛИК:…

20-05-2019

2019 йилнинг 19 май куни соат 21:30да Адлия вазирлигининг Жиноий жазони ижро этиш бош бошқармаси Ваҳдат шаҳридаги 3/2-рақамли ахлоқ тузатиш муассасасида Тожикистон Республикаси Жиноят кодексининг 401-моддаси прим.

Муфаcсал

RIOT IN CORRECTIONAL INSTITUTION: Who and for What Purpose Has Organized It?

20-05-2019

On May 19, 2019, at 21:30, prisoners, who convicted under Article 401 paragraph 1 of the Criminal Code of Tajikistan, organized unrest in a correctional institution 3/2 of the Main Directorate for the Execution of Criminal Sentences of the Ministry of Justice located in Vahdat in order to destabilize the situation in the institution and escape from it.

Муфаcсал

Антитеррор. Солидарность России и Таджикис…

14-05-2019

В последнее время журналисты написали много двусмысленных статей о том, куда держит курс Таджикистан, какой стране отдаёт приоритет в сотрудничестве. ...

Муфаcсал

Мирзорахматов – истинный таджик

14-05-2019

Скажу правду, не покривив душой, статья С.Мирзорахматова мне понравилась. Подход критический. Вполне умеренный. Конструктивный. Особенно в части, касающейся экономики. ...

Муфаcсал

Тоҷикистон. Озодии фурӯхташаванда

02-05-2019

«Ҳамеша Радиои «Озодӣ» қисми низомҳои дурӯғ ва фиреб буд, ки ба гумроҳ кардани… ҳар касе, ки омодаи гӯш кардан аст, равона шудааст».

Муфаcсал

Таджикистан. Продажная свобода

01-05-2019

Продажная свобода"Во все времена радио "Свобода" было частью системы лжи и обмана, которая была направлена на введение в заблуждение … каждого, кто готов его слушать".

Муфаcсал

Интернет ва омилҳо рушди экстремизм ва терр…

23-04-2019

«Истифодаи интернет аз тарафи  ифротгароёну (экстремистон) террористон имрӯз боиси тавшиши ҳамаи мамлакатҳои  дунё гаштааст. 

Муфаcсал

Все, что не делается, все делается к лучшему

23-04-2019

С 18 апрели сего года, вступило в силу постановление Антимонопольной службы Республики Таджикистан за № 30 о повышение цен на мобильный интернет.

Муфаcсал

Мулло Кабирӣ куҷо парвои интернет дорад?

22-04-2019

Бечора харак зери думат гашта ҷазир,          Ёбу будӣ чанде ба биёбону адир.

Муфаcсал

Марзбони Ватан

22-04-2019

Артиши милии кишвари азизамон, воқеан ҳам санаи 23-юми феврали соли 1993 ташкил шуда, дар таърихи худ бисёр вазниниҳоро аз сар гузаронидааст.

Муфаcсал

 Пас аз нашр шудани маводи фармоишии журналист Иля Лозовский «Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон», ки 18.04.2019 дар сомонаи русии радиои амрикоии «Озодӣ» паҳн гашт, мавзуи моҳияти зархаридии ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ ва робитаҳои он бо шабакаҳои террористии байналхалқӣ бори дигар дар расонаҳо бардошта шуд. 

Ин шабакаи ғарбӣ, ки амалан ба минбари таблиғотии наҳзатиён табдил шудааст, бо нашри ин матлаб амалан марсияи худро бар марги ТЭТ ҲНИ ба чоп расонд. Аниқтараш, ин марсияи соҳибони ин расонаҳо ва хоҷагону спонсорҳои наҳзат буд, ки бар шикасти ин тарҳи ноком ва бар марги ин фарзанди номашруи онҳо суруда шуд. Зеро, дар ҳақиқат, нобуд ва аз саҳнаи таърих берун шудани ТЭТ ҲНИ барои хоҷагони шарқию ғарбии он як фоҷеа, балки як бохти ҳақиқии сиёсию геополитикӣ буд. Онҳо дар назар доштанд, ки маҳз бо дасти ин гурӯҳи зархариду дастнишонда нақшаю манфиатҳояшонро дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ амалӣ намоянд, аммо бо «ғуруби наҳзати исломӣ» ин нақшаҳо якбора барбод рафтанд. Ин аст, ки мақолаи марсиявӣ бисер пурсузу гудоз ва саршор аз афсусу надомат эҷод шудааст…

         Аммо муаллиф, ки мехост ба ТЭТ ҲНИ машруияти таърихӣ бахшида, чеҳраи онро ҳамчун «ташкилоти либералии озодихоҳ», «фарқкунанда аз Ихвон-ул-муслимин», «ҷонибдори давлати дунявии демократӣ» нишон диҳад, шояд аз беэҳтиётӣ, «корро расво кард». Ӯ дар мақола ба як гузориши мақомоти ҷосусии ИМА, ки 31-уми декабри соли 2001 дар рӯзномаи «Ню-Йорк таймс» ба чоп расида буд, ишора намуд, ки ин санад якбора таваҷҷуҳи хонандагони васееро ҷалб намуд. Моҳияти гузориш чунин аст, ки хадамоти ҷосусии ИМА солҳои 1995 ва 1996 аз Афғонистон чанд гузориш фиристодаанд, ки дар онҳо наздикию ҳамкории роҳбари ТЭТ ҲНИ С.А.Нурӣ бо роҳбари ташкилоти террористии «Ал-Қоида», «террористи №1» - Усома Бен Ладен нишон дода мешавад. Дар ин гузоришҳо, аз ҷумла омадааст, ки бо хоҳиши Усома Бен Ладен С.А.Нурӣ мулоқоти ӯро бо намояндагони хадамоти ҷосусии ҶИ Эрон - Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ташкил кардааст. Он вақт С.А.Нурӣ дар шаҳри Толиқон ва Бен Ладен дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон қароргоҳ доштанд. Мақсади асосии ин мулоқотҳо ҳамоҳанг намудани имкониятҳои «Ал-қоида» ва Эрон дар муқобили ИМА буданд. Ҳамин тавр, муаллифи марсияи наҳзат хоста ё нохоста, саҳифаи қариб фаромӯшшудаи робитаҳои наздики ТЭТ ҲНИ бо ташкилотҳои террористии байналхалқиро дубора кушод.

Албатта, барои огоҳони моҳияти ТЭТ ҲНИ ин ягон кашфиёт нест ва иртиботи амиқи ин ҳизб бо ташкилотҳои дигари террористии байналхалқӣ ҷойи баҳс надорад. Аммо ин ёдоварии таърих барои наҳзатиёни имрӯза басе ногувор омад. Зеро фаъолони фирории наҳзатӣ солҳои охир тамоми кӯшиши худро ба харҷ доданд, ки гузаштаи террористии худро пинҳон карда, худро дар чеҳраи нав, дар чеҳраи дунявию демократию либералӣ зоҳир намоянд. Хусусан Раиси ТЭТ ҲНИ бо тамоми қувва кӯшиш кард, ки худро як шахси озодихоҳу либералу аврупоӣ нишон дода, дар доираҳои аврупоӣ эътироф ёбад ва аз грантҳои ғарбӣ бештар бонасиб шавад. Ӯ дар ин роҳ бо пеш гирифтани макри сиёсӣ ҳатто номи ТЭТ ҲНИ-ро пинҳон намуда, худро ҳамчун раиси ташкилоти сунъии Паймони миллии Тоҷикистон муаррифӣ менамояд. Бинобар ин, дар чунин давра ба доираҳои сиёсии ғарбӣ ёдрас шудани моҳияти террористии ТЭТ ҲНИ ва пайванди он бо ДОИШ-у «Алқоида»-ю «Толибон»-у Сипоҳи посдорон хоби М.Кабириро парронд. Ин буд, мубаллиғони наҳзатӣ вазифа гирифтанд, ки бо ҳар роҳе набошад, ҳамин нуктаи мақоларо инкор намоянд ва дар радди он маводҳои сершуморе дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн созанд.

Ин аст, ки чанд ҳафта боз мубаллиғони наҳзатӣ талош доранд, ки бо ҳазорон далелу мантиқ робита надоштани наҳзат бо ташкилотҳои террористии байналхалқро исбот кунанд. Аммо чи тавон кард, ки ба ибораи халқ, офтобро бо доман пӯшонида намешавад. ТЭТ ҲНИ аз аввал бо ҳидояту таблиғоти гурӯҳҳои ифротгароии хориҷӣ ташкил шуд, дар тамоми давраи фаъолияташ ҷузъи таркибии шабакаи байналмилалии террористӣ буд, бо тамоми ташкилотҳи террористии ҷаҳонӣ робитаи бевосита дошт, аз онҳо кумак ва дастур мегирифт ва мегирад. Агар наҳзатиён инро фаромӯш карда бошанд, фақат барои намуна баъзе аз он робитаҳоро ёдовар мешавем, то ҳофизаи таърихии ин террористони либерал барқарор шавад:

 

1.Пайванд бо «Ихвон-ул-муслимин»Пайванди ТЭТ ҲНИ бо гурӯҳи террористии байналхалқии «Ихвон» бисёр решадор аст. Бунёдгузорони ҳизби наҳзат дар хотироташон бо ифтихор ёдоварӣ мекунанд, ки ҳануз солҳои шӯравӣ дар маҳфилҳои худ китобҳои роҳбарони ихвонӣ Саид Қутб ва Муҳаммад Қутбро мехонданд ва онҳоро сармашқи худ медоданд. Нигар мусоҳибаҳои боқимонда аз С.А.Нурӣ, М.Ҳимматзода, А.Сатторов, З.Розиқ ва ғ.

Робитаи наҳзатиён бо ҷосусони ихвонӣ ҳанӯз дар ҳамон солҳои Шӯравӣ ошкор ва пешгирӣ шуда буд. Яке аз фаъолони наҳзатӣ, сокини деҳаи Себистони ноҳияи Данғара Мулло Аҷик (Алиев) дар ҳамкорӣ бо донишҷӯи ихвонӣ аз кишвари Судон бо номи Зубайд Содис мехост ба наҳзатиён барои нашри китобҳои идеологию динӣ як чопхонаи хурд (дастгоҳи типографӣ) бо алифбои арабӣ дастрас намоянд. Пас аз ошкор шудани ин нақша, бо нотаи эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ ба сафорати Судон, ин донишҷӯ аз донишгоҳ ва умуман, аз ҳудуди Иттиҳоди Шуравӣ хориҷ карда шуд.

Дар давраи солҳои 1995-2002 раиси онвақтаи ҲНИ М.Ҳимматзода ва узви Раёсати Олии ҲНИ Ғаниев Маҳмадсаид (Маҳмадсаид Ризоӣ) дар Покистон бо роҳбарияти ҳаракатҳои "Ихвон-ул-муслимин", "Ҷамоати исломии Покистон" (бахусус бо роҳбари собиқи он Қозӣ Ҳусейн Аҳмад), ҳамчунин маблағгузорони созмони "Ихвон-ул-муслимин" аз давлатҳои Кувайт ва Қатар, аз ҷумла Шайх Дабус ҳамкории наздик доштанд.

Дар чанд соли ҳукумати ихвониҳо дар Миср, раиси ҲНИТ М.Кабирӣ борҳо ба он кишвар сафар карда, дар чорабиниҳои ихвониҳо иштирок карда, бо роҳбари онҳо М.Мурсӣ мулоқот намуд. М.Кабирӣ аз давлати Тоҷикистон даъват кард, ки ҳукумати ихвониҳоро эътироф намояд. Робитаҳои ТЭТ ҲНИ бо ихвониҳои гуреза дар Аврупо ҳоло ҳам идома дорад.  

 

2.Робита бо «Ал-қоида». Робитаи наҳзатиён бо ташкилоти террористии «Ал-қоида» бисёр устувор буд ва ҳаст. Дар давраи муҳоҷирати наҳзат ба Афғонистон «Ал-қоида» яке аз спонсорҳои асосии ин ташкилот буд. Намояндагони он бо дафтари ҲНИ дар Пешрвар, ки он ҷо М.Ҳимматзода меистод ва баъдан, бо намояндагиҳои ҲНИ дар Қандаҳор ва Ҷалолобод робитаи доимӣ доштанд. Солҳои 1995-1997 роҳбари ҲНИ С.А.Нурӣ борҳо бо роҳбари «Ал-қоида» Бен Ладен мулоқот намуда, аз онҳо кумакҳои калони молию ҳарбӣ гирифта буд. Аз сабабе, ки С.А.Нурӣ забони арабиро дар сатҳи зарурӣ намедонист, ин мулоқотҳоро тарҷумонҳои даризабони Усома тарҷумонӣ мекарданд, ки мазмуни он ҳам пинҳон намемонд.

Яке аз вазифаҳои С.А.Нурӣ барқарор кардани робитаи шабакавӣ байни «Ал-қоида» ва Сипоҳи посдорони Эрон буд. Гарчи рӯзномаи «Ню-Йорк таймс» ин мавзуъро то охир накушодааст, аммо С.А.Нурӣ дар ниҳоят ҳам робитаи «Ал-қоида» ва ҳам робитаи гурӯҳи террористии «Толибон»-ро бо хадамоти ҷосусии Эрон барқарор карда буд. Ин робита имрӯз ҳам барқарор буда, баъзе аз амалиётҳои ин се ташкилот ба таври муштарак мегузаранд.

 

3.Робитаи ТЭТ ҲНИ бо гурӯҳи «Толибон». Ҳизби наҳзати исломӣ бо ҳаракати террористии «Толибон»-и Афғонистон низ робитаҳои наздиктарин дошт. Мулоқоти роҳбарони аввали ҲНИ бо роҳбарони «Толибон», аз ҷумла бо Мулло Умар борҳо сурат гирифта буданд. Ин робитаҳо низ бештар аз тариқи дафтари ҲНИ дар Пешовар анҷом мешуд. Моҳи октябри соли 1996 С.А.Нурӣ бо ҳайати роҳабрияти ҲНИ ду рӯз меҳмони Мулло Умар дар Қандаҳор буданд. Далели дигари робитаи наздики ҲНИ бо «Толибон» дар он буд, ки пас аз ишғоли қисмҳои ҷанубу марказии Афғонистон аз тарафи «Толибон», намояндагиҳои ҲНИ дар Қандаҳор, Ҷалолобод, Ҳирот ва Кобул ҳамчунон фаъолият мекарданд. Яъне, ҲНИ ҳукумати «Толибон»-ро амалан ба расмият шинохта, дар ҳудуди онҳо сафорати худро дошт. Сафири ҲНИ дар назди «Толибон» яке аз афроди наздиктарини С.А.Нурӣ бо номи рамзии «Ҷайҳун» ёд мешуд, ки аз сокинони ноҳияи Ёвон буд. Ин сафири наҳзат то ҳоло ҳам бо «Толибон» ё дар Покистон боқӣ монда, ба Тоҷикистон барнагаштааст.  

 

4.Робита бо ташкилоти «Амороти Қафқоз». Яке аз шарикони асосии ҲНИ ҳаракати террористии чеченҳою доғистониҳо бо номи «Амороти Қафқоз» буд. Дар тамоми даврони фаъолияташ ҳизби наҳзат бо террористони шинохтаи чеченӣ Шомил Басаев, Хаттаб, Умар Докуев ва ғайра дар робита буд. Шомил Басаев ва Хаттаб борҳо ба шимоли Афғонистон омада, моҳҳо меҳмони наҳзатиён буданд. Онҳо баъзе амалиёти муштаракро бо наҳзатиён амалӣ мекарданд.

Зери роҳбарии террористи байналмиллалӣ - Хаттаб, ки аз қумондонҳои ифротгароёни Чеченистон ба ҳисоб мерафт, моҳи июни соли 1993 аз ҷониби ҷангиёни наҳзатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона аз ҳудуди Афғонистон ба заставаи 12-уми марзбонони Россия, ки дар яке аз мавзеъҳои ноҳияи Ш.Шоҳини вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ буд, сурат гирифт, ки дар он даҳҳо нафар аз марзбонон ҷон бохтанд.

20.09.1998 бошад, ҳангоми ғорат кардани хонаи зани қаҳрамони тоҷик Сайлӣ Раҳмонова дар деҳаи Дувонаи ноҳияи Ҷиргатол, дар сафи наҳзатиён чанд нафар зархаридони хориҷӣ, аз ҷумла ифротгароён аз минтақаи Чеченистони Федератсияи Россия, ки дар сафи наҳзатиён меҷангиданд, иштирок намудаанд.

Шахси робити наҳзат бо террористони қафқозӣ яке аз афроди наздиктарини С.А.Нурӣ Шамсиддин Саидов буд. Ӯ бо ҳамкории шабакаи террористӣ ва ҷиноии қафқозӣ интиқоли пул, силоҳ, маводи мухаддир ва ҷангандагонро байни Россия ва Афғонистон таъмин мекард. Ш.Саидов ҳоло ҳам дар Аврупо бо боқимондаҳои ҳаракати террористии чеченҳо робитаҳои наздиктарин дорад.

 

5.Робита бо Ҳизби исломии Афғонистон. Пайванди ҲНИ бо яке аз собиқадортарин гурӯҳҳои террористӣ - Ҳизби исломии Афғонистон бо роҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр низ бисёр дерина аст. Намояндагони ин ду ташкилот ҳанӯз охири солҳои 80-ум бо ҳам робита дошта, ҳатто соли 1990 ду намояндаи ин ҳизб, шаҳрвандони Афғонистон - Абдураҳим валади Хоркаш ва Давлатмад валади Рустамро аз минтақаи Кӯлоб дастгир карданд, ки онҳо аз Ҳизби исломии Афғонистон супориш гирифта буданд, ки бо роҳи пинҳонкорӣ бо наҳзатиёни тоҷик гурӯҳҳои террористӣ созмон дода, амалҳои душманонаро на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми Осиёи Миёна анҷом диҳанд. Номбурдаҳо баъди пурра тасдиқ гардидани гуноҳашон аз тарафи мақомоти судӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Робитаҳои ҲНИ бо ин ҳизби ифротии зиддитоҷикӣ имрӯз ҳам идома доранд. Моҳи марти соли 2017 узви Раёсати Олии ТЭТ ҲНИ Саидов Шамсиддин бо намояндагони “Ҳизби исломии Афғонистон” дар шаҳри Ҳамбурги ҶФ Олмон мулоқот дошт. Намояндагони ҳизби мазкур дар шаҳрҳои калони Олмон, бахусус дар шаҳри Ҳамбург ба тиҷорати биринҷ машғул буда, аз Покистон садҳо ҳазор тонна биринҷро ба кишвари Олмон ворид мекунанд. Намояндагони “Ҳизби исломии Афғонистон” ваъда доданд, ки барои Ш.Саидов ва дигар аъзои ҲНИ кумаки молиявӣ мерасонанд. То имрӯз баъзе аз ин кумакҳо ба таври муназзам мерасад.

Маълумотҳо вуҷуд доранд, ки ҳизби ҳарбию террористӣ дар бахшҳои шимолии Афғонистон баъзе ҷангандаҳои наҳзатро таълим ва интиқол диҳад.

 

6.Робита бо ҲАМОС. ТЭТ ҲНИ ҳатто бо ташкилоти террористии “ҲАМОС”-и Фаластин низ ҳамкориҳои наздик барқарор кардааст. Робитаҳои онҳо собиқадор буда, худи М.Кабирӣ бо роҳбари онвақтаи ҲАМОС Холид Машъал ҳанӯз дар замони фаъолияти расмӣ доштани ТЭТ ҲНИ борҳо мулоқот карда, аз тариқи ӯ ба доираҳои ифротии ҷаҳони араб ва спонсорҳои арабӣ роҳ меҷуст.

Пайванди ТЭТ ҲНИ бо ҲАМОС имрӯз ҳам идома дорад. Масалан, 4 апрели соли 2017 узви фаъоли ТЭТ ҲНИ Бобоҷони Қаюмзод дар шаҳри Истанбул бо яке аз роҳбарони ташкилоти террористии “ҲАМОС” Холид Машъал вохӯрии пинҳонӣ анҷом дод.

 

7.Робита бо ҳизбҳои ифротии ТуркияҲНИ бо ҳаракати ифротгароёни туркӣ, ки дар имрӯз фаъолияташ дар қаламрави Туркия манъ аст, робитаи наздик дорад. Масалан, ҳангоми омодагиҳо ба интихоботи парлумонии соли 2015 дар Тоҷикистон, роҳбарони ТЭТ ҲНИ бо Ҳизби исломии “Саодат” робитаи наздик барқарор карданд ва ин ҳизб гурӯҳи мушовиронро барои дар сатҳи баланд ташкил намудани маъракаи интихоботии ҲНИ сафарбар намуда буд.

Акнун фаъолони ҲНИ робитаҳоро бо ташкилотҳои ифротии туркӣ аз нав барқарор кардаанд. Сухангӯи ТЭТ ҲНИ Файзраҳмонов Маҳмудҷон бо яке аз сиёсатмадорони ифротгарои Туркия Умар Форуқ Коркмаз робитаи наздик дошта, имкониятҳои ӯро дар роҳандозии фаъолияти тахрибкоронаи худ бар зидди манфиатҳои миллию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад.

ТЭТ ҲНИ аз созмони туркии Islamische Gemeinschaft Milli Görüş (Ҷамъияти исломии “Афкори миллӣ”) дар Олмон низ кӯмакҳои моддӣ ва маънавӣ мегирад. Ин ташкилот соли 2012 хароҷоти ҷарроҳии дили узви Раёсати ТЭТ ҲНИ Ғаниев Маҳмадсаидро дар Туркия пардохт намуда буд. Бо маблағгузории ин ташкилот писарони ӯ Нуриддин Ризоӣ дар яке аз донишгоҳҳои Кувайт ва Ғаниев Сироҷиддин дар донишгоҳи Газиантепи Туркия таҳсил намудаанд.

ҲНИ бо масъулини Ҳизби манъшудаи ифротии “Саодат”, ки дар Олмон қарор доранд, ҳамкорӣ ва иртиботи зичро ба роҳ мондааст. Гарчи мақомоти расмии Туркия пайравони ТЭТ ҲНИ-ро аз қаламрави кишвари худ ихроҷ кардаанд, аммо наҳзатиён бо ташкилотҳои экстремистии мухолифи давлати Туркия ҳамкориро идома медиҳанд.

 

8.Робита бо Сипоҳи посдорон. Аммо наздиктарин робитаи ТЭТ ҲНИ маҳз бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон будааст ва мебошад. Бо ташкилоте, ки ҳамеша бо фаъолиятҳои террористӣ машғул буд ва ахиран аз тарафи як қатор давлатҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА ҳамчун ташкилоти террористии байналхалқӣ эътироф шуд. Ҳамкории наҳзат бо Сипоҳ достони дарозест. Бинобар ин, фақат чанд нуктаи мушахахси он зикр мешавад:

-Сипоҳи посдорон ҳануз дар солҳои аввали истиқлолият бо ТЭТ ҲНИ робита барқарор намуда, дар гирдиҳамоиҳою бетартибиҳои солҳои 1991-1992 ва талоши ба даст овардани қудрати сиёсӣ мушовири асосии наҳзатиён буд. Нигаред ба нишондодҳои даҳҳо шоҳиди он давра, аз ҷумла Мавлавӣ Абдураҳим Каримов, ки борҳо чоп шудаанд;

-Сипоҳи посдорон замони дар Афғонистон будани наҳзатиён онҳоро бо силоҳ ва пул пурра таъмин намуда, ба онҳо машқи ҳарбӣ медод. Дар ин давра ҳудуди 1500 нафар наҳзатӣ дар лагерҳои ҳарбии дохили Эрон ва ҳудуди 5000 нафар дар 18 лагери Сипоҳ дар худи Афғонистон таълими ҷангӣ гирифтаанд. Дар ин бора садҳо далел, аз ҷумла ёддоштҳои муовини ташкилоти амниятии худи ҲНИ А.Сиёҳаков ба таври дақиқ шаҳодат медиҳанд;

-Сипоҳ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ С.А.Нурӣ ва оилаи ӯро дар ҳудуди Эрон ва Афғонистон пурра зери сарпарастӣ гирифта, зиндагӣ, хона ва амнияти ӯро пурра таъмин менамуд. Ҳоло ҳам оилаи С.А.Нурӣ дар Теҳрон зиндагӣ мекунад ва аз тарафи Сипоҳ таъмин мешавад;

-Сипоҳ пас аз сулҳ низ барои ба сари қудрат омадани ТЭТ ҲНИ кумаки моддию сиёсиро идома дод. Нишондоҳои маҳкумшудагони ҲНИ, аз ҷумла З.Раҳмонӣ, В.Қосиддинов ва дигарон садҳо чунин мавридро исбот мекунанд;

-Сипоҳ пас аз соли 2015, яъне пас аз расман террористӣ эълон шудани ТЭТ ҲНИ, робита бо ин ҳизбро идома дод. Тамоми хароҷоти истиқомати роҳбарияти наҳзат дар Эрону Аврупо ва сафару чорабиниҳои онҳоро имрӯз ҳам Сипоҳ пардохт мекунад. Ҳоло Сипоҳ дар лагерҳои террористии Арок, Мозандарон ва Бумеҳан ҷангиёни наҳзатиро таълимоти террористӣ дода, баро ташкили норомӣ дар Тоҷикистн омода месозад. Шоҳидии худи роҳбарони собиқи ин ҳизб Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, Домулло Айёмиддин Сатторов ва даҳҳои узви аз ин лагерҳо баргаштаи наҳзат дар ин бора дигар ягон ҷойи шакке намондаанд…

 

9. Решапайванди ТЭТ ҲНИ бо «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»Дар ин миён пайванду робитаи Ҳизби наҳзати исломӣ бо ташкилоти террористии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» хеле амиқтар аст, зеро ин ду ташкилоти террористӣ ба маънои ҳақиқии калима бо ҳам омехта мебошанд. Ба ибораи дигар, ҲИУ аз батни ТЭТ ҲНИ таваллуд шудааст.

Пайванди ин ду ташкилоти террористӣ собиқаи тӯлонӣ дорад. Ҳанӯз тобистони соли 1992 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш, ки ҲНИ мардумро қатли ом мекард, 120 нафар намояндагони исломиёни ифротӣ аз Ӯзбекистон меҷангиданд, ки ба онҳо Тоҳир Юлдошев роҳбарӣ менамуд. Ситоди онҳо дар масҷиди деҳаи Андрееви ноҳияи Вахши Тоҷикистон ҷойгир шуда буд. Маҳз дар ҳамин ҷангҳо фармондеҳи ифротгароёни ӯзбек Холид ба ҳалокат расид, ки наҳзатиён ӯро бо эҳтиром дар ноҳияи Ҷиргатол ҷаноза ва дафн карданд.

Дар ҷабҳаи ҲНИ дар ноҳияи Тавилдара бошад, аз рӯзҳои нахустин ҷанги дохилии Тоҷикистон то соли 1997 яке аз бахшҳои артиши наҳзатро террористи машҳури байналмилалӣ, фармондеҳи низомии разамндагони узбек Ҷумъа Ҳоҷиев, бо лақаби «Ҷумъаи Намангонӣ» роҳбарӣ мекард.

Яке аз амалҳои нангини наҳзатиён ба зархаридону террористони хориҷӣ пешниҳод кардани духтарони ноболиғи тоҷик буд, ки аз деҳаҳо ба зӯрӣ ҷамъоварӣ карда, ба ситоди ҲНИ оварда мешуданд. Масалан, наҳзатиҳо ба зархариди хориҷӣ Ҷумъаи Намангонӣ аввал дар Ғарм, пас дар Тавилдара ва ниҳоят дар дараи Язғулом духтарони ноболиғи тоҷикро оварда тақдим карданд. Ҳамон духтари язғуломиро Ҷ.Намангонӣ бо худ гирифта ба Афғонистон ва Покистон бурда буд. Наҳзатиҳо бошад, ин террористи байналхалқиро, ки духтари ноболиғи тоҷикро гирифта буд, бешармона «язна» мегуфтанд.

Солҳои 1994-1996 роҳбарони гурӯҳҳои террористии узбек Т.Юлдошев ва Ҷ.Намангонӣ аз наздикони С.А.Нурӣ ба ҳисоб рафта, Т.Юлдошев дар қароргоҳи наҳзат дар шаҳри Толиқони Афғонистон меистод.

Бо зиёд гардидани сафи ҷангандагони ӯзбек, тобистони соли 1998 дар деҳаи Беги Сиёҳи минтақаи Ҳоити ноҳияи Ғарм бо фотиҳаи С.А.Нурӣ дар маросими махсус ташкилоти нави террористӣ «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон»-ро таъсис намуд. Ҳамин тавр, аз батни ҲНИ ҳаракати мудҳиши террористии ҲИӮ тавлид шуд.

Соли 1999 нерӯҳои ҲИӮ аз самти Ҳоит ба воситаи ағбаи Зардолу, аз самти Тандиқул ба минтақаи Хоҷаачкани вилояти Боткент дохил гардиданд ва мақсади ворид шудан ба ноҳияи Сухи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистонро доштанд. Ҷангҳои шадид се моҳ идома карданд. Аммо ба нерӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон муяссар шуд, ки қувваҳои ҲИӮ-ро аз минтақаи Ҳоиту Ҷиргатол ба минтқаи Вахё танг намоянд. Ниҳоят, бо кӯшиши роҳбарияти Тоҷикистон аз 27 то 31 декабри соли 2001 нерӯҳои Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон аз минтақаи Миёнадуи ноҳияи Тавилдара ба шаҳри Қундузи Ҷумҳурии Афғонистон интиқол дода шуда, минтақа аз як хатари бузурги дигар наҷот дода шуд.

 

10.Решапайванди ТЭТ ҲНИ бо гурӯҳи террористии «Ансоруллоҳ»Гурӯҳи террористии «Ансоруллоҳ», ки имрӯз дар ҳудуди Афғонистон ҷангандагони ва терористонро аз ҳисоби зодагони Тоҷикистон ҷамъ кардааст, дар асл шохаи низомии ТЭТ ҲНИ мебошад. Вақте ТЭТ ҲНИ ба раванди сулҳ ҳамроҳ шуд, як қисми нерӯҳои ҳарбии худро дар Афғонистон боқӣ монда, яке аз роҳбарони наҳзат Амриддин Табаровро (бо лақаби Мулло Амриддин) роҳбари онҳо таъйин намуд. Гурӯҳи мулло Амриддин, ки баъдан номи «Ансоруллоҳ»-ро ба худ гирифт, муддатҳо дар минтақаҳои Вазиристони Покистон ва сипас дар худуди Афғонистон ба фаъолиятҳои террористӣ машғул буд. Солҳои охир террористони ин ҳаракат дар сафи гурӯҳҳои «Толибон» ва «ДОИШ» дар Афғонистон фаъолона меҷанганд.

Солҳои 2009-2010 аъзои гурӯҳи наҳзатии «Ансоруллоҳ» барои дар минатқаи Рашт ба вуҷуд овардани пойгоҳҳои худ баъзе талошҳо карданд, аммо онҳо аз тарафи нерӯҳои давлатӣ ва мардуми маҳаллӣ қотеона саркуб шуданд.

Ҳамин тавр, «Ансоруллоҳ» қисми аз назари ҳарби пурра мусаллаҳ ва таҷрибадори ҷангии ТЭТ ҲНИТ буда, ҳамкории наздики он бо «Ал-қоида», «Толибон» ва «ДОИШ» далели дигари ҳамкорию пайвастагии ТЭТ ҲНИТ бо ин ҳаракатҳои террористии байналхалқӣ аст.    

11.Робитаи ТЭТ ҲНИ бо «ДОИШ»Робитаи Ҳизби наҳзати исломӣ бо ташкилоти террористии байналхалқии ба ном «Давлати исломӣ» як достони калон аст. Зеро ин наҳзат бо ДОИШ ду хел пайвастагӣ дорад. Пайванди маънавию идеологӣ ва робитаи сохторию низомӣ. Агар корномаи ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистонро бо фаъолияти даҳшатноки ДОИШ дар Ироқу Сурия муқоиса кунем, садҳо мавриди монандии фикру ақида ва тарзи фаъолияти ин ду ташкилотро мебинем. Агар солҳои охир тамоми ҷаҳон аз ваҳшигиҳои гурӯҳи ифротию террористии ДОИШ ба ҳайрат омада бошад, ҷиноятҳои ТЭТ ҲНИТ аз онҳо ягон камӣ надоранд. Дар ҳақиқат ҲНИ низ ҳамон ДОИШ асту ДОИШ ҳамон ҲНИ.

Наҳзатиён дар солҳои 1992-2000 дар ноҳияҳои минтақаи Рашт “ДОИШ”-и худро татбиқ карда, низоми шадиди золимонаи худро ҷорӣ намуда, дар баъзе масъалаҳо аз ДОИШ ҳам даҳшатноктар буданд. Муносибати ҷинояткоронаи ТЭТ ҲНИ нисбат ба аҳолии осоишта, аҳли илму фарҳанг, аҳли ҳунар, занону духтарон, молу амволи мардум ва зерсохторҳои кишвар аз ДОИШ ҳеҷ камӣ надошт.

Аммо далелу рақамҳои охир нишон доданд, ки илова бар ҳамфикрӣ, байни ин ду созмон ҳамкории наздик низ ҷой дорад. Масалан, фармоишгари террори сайёҳони хориҷӣ Носирхӯҷа Убайдов (“Қорӣ Носир”) узви фаъоли ТТЭ ҲНИ буда, ҳоло бо намонядагони ДОИШ дар Афғонистон ҳамкории бевосита дорад. Узви фаъоли дигари ҲНИ Ҳусейн Абдусамадов, ки роҳбари амали террористӣ зидди саёҳони хориҷӣ буд, дар солҳои 2014-2017 се бор аз тариқи Эрон ва Афғонистон ба омӯзишҳои террористӣ рафта, ҳам дар сафи ДОИШ дар Сурия ва ҳам дар лагери ДОИШ дар минтақаи Ачини вилояти Нангарҳори Афғонистон омӯзиши террористӣ дидааст. Ҳамин ҳолат, яъне узви ҲНИ будан, ба воситаи ҶИ Эрон се бор ба Сурия ва Афғонистон сафар кардан, дар лагерҳои ДОИШ се бор таълимот дидани як шахс ва ҳоло дар шаҳри Хоши ҶИ Эрон зиндагӣ кардани супоришдиҳандаи наҳзатӣ-доишии ин амалиёт, худ исботи “зи як гавҳар” ва “аъзои якдигар” будани наҳзатиёну доишиёну сипоҳиён мебошад. Умуман, солҳои 2016-2019 дар бораи иштироки аъзои наҳзат дар сафҳои ДОИШ ва интиқоли наҳзатиён ба лагерҳои ДОИШ дар Афғонистон даҳҳои факту рақами мушаххас ба даст омадааст, ки бештари онҳо дастраси хонандагон мебошанд.

                                                      ***

Гарчи худи таъсиси ҳизби наҳзат ва тамоми фаъолияту амалиёти он аз тарафи доираҳои махсуси хориҷӣ тарҳрезӣ шуда буд, илова бар ин, дар давраи ҷанги шаҳрвнадӣ дар сафи ҷангиёни ҲНИ зархаридони хориҷӣ аз ташкилотҳои байналмилалии террористӣ хеле зиёд буданд. Маълумотҳои яқин нишон медиҳанд, ки даҳҳо нафар зархариди хориҷӣ, ки дар байни онҳо афғонҳо, покистониҳо, ӯзбекҳо, русҳо, амрикоиҳо, франсузҳо ва махсусан арабҳо ҷой доштанд, дар зулму бедодиҳои лашкариёни ҲНИ дар Тоҷикистон бевосита иштирок намудаанд. Ин зархаридҳо, ки аксари онҳо мактаби ҷанги Афғонистонро гузашта буданд, таҷрибаи калони қатлу куштору ғоратро доштанд, ки мутаассифона, бо мусоидати наҳзатиҳо, нисбат ба аҳолии Тоҷикистон низ амалӣ карда шуд. Аз ин рӯ, баъзе ҷиноятҳои даҳшатноке, ки ҷангиёни ҲНИ дар солҳои 1992-1998 дар ноҳияҳои водии Рашт анҷом додаанд, маҳз бо маслиҳати ин устодони хориҷии дар ин корҳо бисёр ботаҷрибаашон амалӣ намудаанд.

Масалан, 11-уми феврали соли 1996 корвони мошинҳои ҳарбӣ, ки барои сарбозон ба ноҳияи Тавилдара маводи хӯрока мебурданд, мавриди ҳамлаи наҳзат қарор гирифт. Нақшаи ин амалиётро террористи афғон бо номи Абдурауф, ки бо лақаби «Муаллим» машҳур буд, таҳия намуд. «Муаллим» дар дараи Камароб ба ҷангиёни ҳизби наҳзат таълими ҳарбӣ дода, ба онҳо амалҳои террористие, чун ҷанги чирикӣ дар шароити кӯҳистон, ҳуҷуми ногаҳонӣ, сохтани маводи тарканда ва минагузориро меомӯзонд

Моҳи августи соли 1994 гурӯҳи ҷангандагони наҳзатӣ ба қисми низомии 06006 дар минтақаи Чилдара ҳуҷум карданд. Сарбозони ин қисм ҷавобан оташ кушода, қариб даҳ нафар ҷангиёни ҲНИ-ро куштанд. Дар байни онҳо 5 нафар арабу зангӣ низ буд. Наҳзатиён ҷасадҳои онҳоро ба харҳо бор карда, мантақаи Чилдараро тарк карданд.

20-уми май то 30 октябри соли 1994 зархаридони хориҷӣ дар ҳуҷум ба ноҳияи Тавилдара дар сафи наҳзатиён иштирок доштанд. Фақат дар гурӯҳи «Фотеҳ» 25 нафар арабу ҳабашҳо фаъолият доштанд.

                                                ***

Ҳамин тавр, ҳоло бигӯед, ки боз кадом ташкилоти террористие боқӣ мондааст, ки ТЭТ ҲНИ бо он робита ва ҳамкорӣ надошта бошад? Бинобар ин, моҳияти террористӣ доштани Ҳизби наҳзати исломӣ, робитаи он бо ташкилотҳои террористии байналхалқӣ ва ҷузъи таркибии шабакаи террористии ҷаҳонӣ будани он ягон ҷои шубҳа надорад. Дар чунин ҳолат, талошҳои мубаллиғони наҳзатӣ барои пинҳон доштани ин ҳақиқат на танҳо шармовар, балки соддалавҳона мебошад. Талошҳое, ки шояд барои таскини худашон муфид бошад, аммо барои рӯпӯш кардани ин ҳақиқати таърихӣ дигар таъсире нахоҳанд дошт… ЯънеҲизби наҳзати исломӣ на танҳо ташкилоти экстремистию террористӣбалки ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаракати террористии байналхалқӣ астИн ҳақиқат ягон ҷои шакке надорад!

 

Фирӯз Раҳмониён, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият»

Изат Амон ба қаллобӣ гумонбар аст

26-03-2021

Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нисбати шаҳрванд Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси модд...

Муфаcсал

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳ…

19-02-2021

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18-уми феврали соли ҷорӣ Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас, ки бо сафари к...

Муфаcсал

Председатель ГКНБ Таджикистана встретился …

19-02-2021

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /НИАТ «Ховар»/. 18 февраля Председатель Государственного Комитета национальной безопасности Республики Таджикистан Саймумин Ятимов встретился с Генеральным секретарём Организации Договора о коллект...

Муфаcсал

Ташиев: В поимке Дженго помогли спецслужбы …

19-02-2021

Председатель Государственного комитета национальной безопасности Камчыбек Ташиев во время встречи с жителями Баткенской области 18 февраля заявил, что в поимке криминального авторитета Кадыра Досонова по прозвищу ...

Муфаcсал

Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳади…

06-08-2020

ДУШАНБЕ, 06.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тахминан соати 04-и субҳи санаи 06-уми августи соли 2020 дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ш.Исфара лейтенанти калон Шер Кабиров, сардори дидбонгоҳи «Кӯк...

Муфаcсал

Заявление Пресс-центра Пограничных войск Г…

06-08-2020

ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /НИАТ «Ховар»/. Примерно в 4 часа утра 6 августа на территории сопредельной с махаллей Лангари Мохиён сельского джамоата Чоркух Исфары старший лейтенант Кабиров Шер, начальник пограничной заставы «Кукто...

Муфаcсал

Давлат Сафар Изҳорот қ 1

26-05-2020

  Силкаи навор: https://www.youtube.com/watch?v=1y5CeFtj1Xo

Муфаcсал

США заплатят 15 млн долларов за информацию о …

06-12-2019

США заплатят 15 млн долларов за информацию о командующем спецслужбой Ирана           Спецпредставитель США по Ирану Брайан Хук. Фото: AP Photo/Carolyn Kaster Администрация США готова заплатить до 15 миллионов долларо...

Муфаcсал

Rustam Haidarov: Destructive actions of TEO IRP Carried Out Using Websites Pose …

23-11-2019

According to a decision of the Supreme Court of Tajikistan dated August 15, 2019, the National Alliance of Tajikistan (NAT) was recognized as a terrorist and extremist union (TEU) and its activities in Tajikistan were banned. Also, according to this decision, 39 websites that serve for terrorist and extremist organizations (TEO) such as the NAT, the Islamic Renaissance Party (IRP) and other extrem...

Муфаcсал

РУСТАМ ХАЙДАРОВ: «Разрушительные действия …

23-11-2019

Решением Верховного суда Республики Таджикистан от 15 августа 2019 года организация «Национальный альянс Таджикистана» была признана террористическо-экстремистским сообществом, и ее деятельность в Республике Таджики...

Муфаcсал

Тоҷикистон дуюмин кишвари амнтарини ҷаҳон …

23-11-2019

Тоҷикистон бо 94 хол баъди Сингапур амнтарин кишвари дунё арзёбӣ шудааст, ки шаҳрвандонаш гуфтаанд, хатаре зимни гаштугузори шабонаро эҳсос намекунанд ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Маркази таҳлилии Gallup дар пайи назарпурсии ш...

Муфаcсал

Gallup Тоҷикистонро кишвари амн номид, аммо на …

23-11-2019

Маркази назарсанҷии "Gallup" Тоҷикистонро дар қатори 12 кишвари амни ҷаҳон ҷой додааст, ки "сокинонаш ҳангоми гаштугузори шабона эҳсоси хатар намекунанд". Расонаҳои давлатии Тоҷикистон аз ин хулоса пуштибонӣ ва хабари онр...

Муфаcсал

ИҒВОГАРӢ ДАР ҚОЛАБИ ГУЗОРИШИ ХАБАРӢ. Изҳоро…

02-11-2019

ДУШАНБЕ, 02.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мусаллам аст, ки расона (media) дар шароити имрӯза ба сифати абзори қудратманди иттилоотӣ

Муфаcсал

Президент РТ Эмомали Рахмон едет в Европу

02-11-2019

  На следующей неделе президент Таджикистана Эмомали Рахмон посетит Швейцарию, Чехию и Францию, а также не исключено посещение других стран Европы.

Муфаcсал

«Озодӣ»: аз дирӯз то имрӯз дар як масир

02-11-2019

Радиои Аврупоии Озод/ Радиои Озодӣ, ки тайи солиёни тўлонӣ фазои иттилоотии моро таҳти фишори иттилоотӣ қарор додааст, қабл аз ҳама, лоиҳа ё ба истилоҳ, пружаи хориҷӣ буда

Муфаcсал

Тамарина гора – символ борьбы с басмачеств…

31-08-2019

Тамарина гора - символ борьбы с басмачествомВ дни рабочей поездки Президента Республики Таджикистан уважаемого Лидера нации Эмомали Рахмона в район Сангвор (бывший Тавильдаринский) был поднят вопрос об официальном ...

Муфаcсал

Ҳизби наҳзат як тарафи сулҳ нест, Муҳаммадҷ…

29-08-2019

Ҳизби наҳзат як тарафи сулҳ нест, Муҳаммадҷони Нурӣ фарзанди С.А.Нурӣ нест: ду хулоса аз як мусоҳиба Устоди адабу хирад, падари адабиёти ҷовидонаи мо Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боби мансубияти падару фарзанд чунин фарму...

Муфаcсал

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕ…

02-08-2019

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»   Хонандагони азиз, суҳбате доштем бо рӯзноманигор ва нависандаи маъруф Саломиддин Мирзораҳматов, ки инак манзури шумо мегардонем: ...

Муфаcсал

НАВИШТАИ “АХБОР.КОМ” БА МАНФИАТИ ТЕРРОРИЗ…

30-07-2019

Дар солгарди қатли чор сайёҳи хориҷии дучархасавор дар ноҳияи Данғара сомонаи “Ахборком”  матлабе нашр кардааст, ки дуруғу фитнаангез аст. Муаллиф тамоми далелҳои дастрасро сарфи назар карда, гуноҳи ин амали террори...

Муфаcсал

Горбатого могила исправит

24-07-2019

Состояние обеспокоенности жителей г. Исфара Таджикистана по отношению к озверевшим кыргызским гражданам кишлака Ак-Сай, которые за первое полугодие 2019 года убили троих жителей Таджикистана, неслучайно. Исфаринцы дол...

Муфаcсал

Муроҷиати видеоии Ғайрат Воҳидов, шавҳари м…

18-07-2019

Як ду рӯзи охир сомонаҳои интернетии аз қабили “Паём нет”, “Ахбор.ком” ва ғайра, ки зери як бом, яъне Ҳизби наҳзати ислом қарор дошта худро мухолифини тоҷик ном ниҳодаанд, пайваста барои ноором сохтани вазъи имрӯза да...

Муфаcсал

Радио «Озоди» будет вынуждено прекратить р…

29-06-2019

Министерство иностранных дел Таджикистана отказало в аккредитации журналиста таджикской службы радио «Свобода» - «Озоди» в Душанбе Барота Юсуфи, в связи с тем, что последний информационно поддерживал террористическ...

Муфаcсал

«ОФИЦИАЛЬНЫЙ ВИЗИТ ДОНАЛЬДА ТУСКА В ТАДЖИК…

29-06-2019

Об этом заявил эксперт по политическим и социальным вопросам Холмахмад Самиев в беседе с корреспондентом газеты «Джумхурият»

Муфаcсал

Доналд Тускнинг Тожикистонга расмий ташриф…

29-06-2019

Жорий йилнинг 29-30 май кунлари Европа Кенгаши президенти Доналд Туск Тожикистон Республикасига расмий сафар билан келди њамда давлат олий органлари билан фойдали суњбатлар бараварида, Сарез кўли ва Дарвоз ноњиясига њ...

Муфаcсал

Ҳизби наҳзати исломӣ ҷузъи ҷудонашавандаи …

18-06-2019

 Пас аз нашр шудани маводи фармоишии журналист Иля Лозовский «Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон», ки 18.04.2019 дар сомонаи русии радиои амрикоии «Озодӣ» паҳн гашт, мавзуи моҳияти зархаридии ТЭТ Ҳизби наҳза...

Муфаcсал

Таджикистан. Партия исламского возрождения…

18-06-2019

Партия исламского возрождения является неотъемлемой частью международного террористического движения. Эта истина бесспорна!

Муфаcсал

The Islamic Renaissance Party is an integral part of the international terrorist…

18-06-2019

After the publication of the ordered material by journalist Ilya Lazovsky entitled The Decline of the Islamic Renaissance of Tajikistan”, distributed on April 18, 2019 through the Russian website of the American Radio Ozodi (the Tajik service of Radio Free Europe/Radio Liberty), ...

Муфаcсал

В Душанбе прошло 46-е заседание Совета руков…

23-05-2019

ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /НИАТ «Ховар»/. 20-22 мая текущего года в городе Душанбе прошло 46-е заседание Совета руководителей органов безопасности и специальных служб государств-участников Содружества Независимых Государств (СОРБ)...

Муфаcсал

84 кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба Душанбе овардан…

30-04-2019

Шаби 30 апрел 84 кӯдаки тоҷикро тавассути ҳавопаймои ширкати ироқии Fly Erbil аз Бағдод ба Душанбе оварданд. Баъзеи ин кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар онҷо ба дунё ом...

Муфаcсал

ДАВЛАТИ МИЛЛИ ДАР РОСТОИ ҲАМШАРИКИИ СТРАТЕ…

16-04-2019

        Равандҳои муосири муносибатҳои байналхалқӣ, қонунияти сиёси ва давлати тақозо мекунанд, ки кишварҳо дар ҳар шакле бо ҳам дар иртиботи қави бошанд ва кайфияти тақвияти муносибатҳо сатҳи ҳамкориро ба дараҷаи бал...

Муфаcсал

ПОСУХ БА НОМАИ САРГУШОДАИ ПОРСӢ АНҶУМАН

16-04-2019

Аз солҳои 20-30 асри гузашта то  ба имрӯз баҳсу мунозираҳо атрофи номи забони тоҷикӣ  ва хатте, ки имрӯз дар кишвари Тоҷикистон истифода мешавад, идома дорад. Ин баҳсу мунозираҳо хубанд, ба шарте ки ҳар андеша ё пешниҳод а...

Муфаcсал

СУХАНРОНИИ Ш. ЗУҲУРОВ ИСБОТИ АМАЛҲОИ ЗИДДИТ…

16-04-2019

Вақти он фаро расидааст, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ фаҳманд, ки ТТЭ ҲНИ дар ташкили ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон саҳми бузург дорад. Шукурҷон Зуҳуров дар нишасти 140 – уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар кишвари Қат...

Муфаcсал

ГБАО перевыполнила план армейского призыва…

12-04-2019

Призывная кампании в Таджикистане началась 1 апреля и продлится до 31 мая. План весеннего призыва в ряды Вооруженных сил Таджикистана на 11 апреля выполнен по республике на 36%. Горный Бадахшан первым отрапортовал о пере...

Муфаcсал

АЌШ Эрон Ислом инќилоби ќўриќчилари корпус…

11-04-2019

Бу Вашингтон бошќа давлат ќуролли тузилмасини террорчи гуруњ сифатида эълон ќилган биринчи њодисадир. Оќ уй Эрон ИИЌКдан ўзининг халќаро террорчилик амаллари учун фойдаланишини билдирди. Эрон Њукумати ОАВнинг хаба...

Муфаcсал

США объявили иранский Корпус стражей ислам…

11-04-2019

Это первый случай, когда Вашингтон объявляет вооруженное формирование другого государства террористической группировкй.

Муфаcсал

ИМА Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон…

11-04-2019

Ин бори аввал аст, ки Вашингтон неруҳои мусаллаҳи давлати дигарро террористӣ эълон мекунад.

Муфаcсал

US Declares Iran's Islamic Revolutionary Guard Corps a Terrorist Organization

11-04-2019

The United States has designated Iran’s Islamic Revolutionary Guard Corps (IRGC) as a foreign terrorist organization. The announcement was made by the US President Donald Trump.

Муфаcсал

Пуштибони ТТЭ ҲНИ – СПИИ созмони террорист…

11-04-2019

8 апрели соли равон президенти ИМА Доналд Трамп дар Қасри сафед расман изҳор дошт, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ) барои амалиёти террористии роҳбарияти Эрон, ки «воситаи асосӣ»-и ҳокимият дар самти «татбиқи ...

Муфаcсал

Ислом тикланиш партияси террорчи-экстремис…

11-04-2019

Жорий йилнинг 8 апрелида АЌШ Президенти Доналд Трамп Оќ уйда Эрон Ислом инќилоби ќўриќчилари корпуси (ИИЌК) Эрон рањбариятининг террорчилик компаниясида њокимиятга «унинг глобал террорчилик компаниясини амалга ошир...

Муфаcсал

IRGC, the Patron of the TEO IRP Declared a Terrorist Organization

11-04-2019

On April 8, US President Donald Trump officially stated that the Islamic Revolutionary Guards Corps (IRGC) is a terrorist group serving Iran’s leadership and is the “primary means” by which it “implements its global terrorist campaign.”

Муфаcсал

Покровитель ТЭО ПИВ - КСИР объявлен террори…

11-04-2019

8 апреля с.г. президент США Дональд Трамп в Белом доме официально заявил, что Корпус стражей исламской революции (КСИР) служит для террористической кампании руководства Ирана, являясь "основным средством" властей по "о...

Муфаcсал

США внесли элитные части армии Ирана в спис…

09-04-2019

"Корпус стражей исламской революции" служит для террористической кампании руководства Ирана, говорится в заявлении Трампа. Вашингтон продолжит оказывать давление на Тегеран, отметил госсекретарь США.

Муфаcсал

Идеяи давлати теократӣ – идеяи бунбастӣ

24-03-2019

Поёни «ҷанги сард», ки ба пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мунҷар шуд, мувозинати қудратро дар ҷаҳон барҳам зад ва онро аз ҷаҳони бисёрқутба ба як қутби мутлақи қудрат табдил дод.

Муфаcсал

Наврӯз ва ифротгароӣ

23-03-2019

Наврӯз оғози фасли баҳор ва соли нави миллии мардуми тоҷик мебошад. Бо фаро расидани Наврӯз тамоми наботот аз нав ҷон гирифта, рушду нумӯъ мекунанд ва табиат пас аз хоби зимистонӣ дубора эҳё машавад. Наврӯз аз ҳар чизи с...

Муфаcсал

Хиёнати рўҳонӣ дар вазъи буҳронӣ

21-03-2019

Баъзе ҳодисаҳое, ки имрўз дар маҳдудаҳои миллӣ ва фаромиллӣ рух мезананд, гувоҳи онанд, ки бештар ҳодисаҳои ба хиёнат марбут характери субҷўёна, худбинона ва авомфиребона доранд.

Муфаcсал

Номи Зиндагӣ Наврӯз шуд!

21-03-2019

(таманниёти Наврӯзӣ)                          Наврӯзи фурӯзанда – ин ойини дерина,                           Ҳаргиз написандида ҷаҳлу ситаму кина.

Муфаcсал

Наврўз таҷассумгари арзишҳои баланди инсон…

21-03-2019

Яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва мардумии халқҳои эронинажод Наврўз ба ҳисоб меравад.

Муфаcсал

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор