Хабарҳо

Мирзораҳматов: Китоби Ҳикматулло Нас…

Саломиддин Мирзораҳматов публитсисти шинохта, ки бештар таърихи Тоҷикистони шӯравиро пайгирӣ мекунад, дар як матлаби худ китоби “Таркиш”-и Ҳикматулло Насриддинов, ходими давлативу сиёсиро мавриди  интиқоди шадид қарор дода, онро “фитнаангез” унвон кардааст. “Таркиш...

04-12-2019

Муфаcсал

Маркази таҳлилии Gallup: – «Тоҷикистон к…

Дар чунин шароити бесару сомон ва ноамн байни кишварҳои дунё Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну суббот шинохта шуда, диққати меҳомонони дохиливу хориҷро ҷалб менамояд.

26-11-2019

Муфаcсал

Шароити имрӯзӣ ва масъулияти зиёӣ

Таърихи зиндагии инсонӣ гувоҳи он аст, ки дар ҳамаи давру замон қишри пешрави ҷомеа

26-11-2019

Муфаcсал

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ-ро комилан ташкилот…

Давлатҳои шомили СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ ва СААД Ҳизби наҳзати исломиро террористӣ ва экстремистӣ (ТТЭ ҲНИ) эътироф карданд. ...

21-11-2019

Муфаcсал

International Community Unconditionally Recognizes the IRP as a Terro…

The countries of the SCO Regional Anti-Terrorist Structure (RATS), CIS Anti-Terrorism Center (ATC) and the Collective Security Treaty Organization (CSTO) recognize the Islamic Renaissance Party as a terrorist and extremist organization (TEO IRP). ...

21-11-2019

Муфаcсал

Международное сообщество безоговоро…

Страны РАТС ШОС, АТЦ СНГ и ОДКБ признали Партию исламского возрождения террористической и экстремистской организацией (ТЭО ПИВ).

21-11-2019

Муфаcсал

Давлатмадорӣ ва ойини раҳбарӣ ( дар ҳо…

Агар ба таърихчаи давлатдории тоҷикон дар замони муосир, махсусан, замони даргириҳои бемаънии ибтидои солҳои навадуми асри гузашта як каме мурур кунем, хоҳем дарёфт, ки чӣ мушкилоте домангири давлатмардони вақт будааст ва онҳо дар қиболи чӣ мушкилоте истод шудаанд.

15-11-2019

Муфаcсал

Эпоха Рахмона

16 ноября  в Таджикистане отмечается День Президента.

15-11-2019

Муфаcсал

Мақолаҳо

Иҷлосияи сарнавиштсоз - бунёдгузори давлат…

15-11-2019

Яке аз санаҳои бузурги  таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи XV Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон  нақши барҷастае дорад.

Муфаcсал

Иҷлосияи сарнавиштсоз - бунёдгузори давлат…

15-11-2019

Яке аз санаҳои бузурги  таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи XV Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон  нақши барҷастае дорад.

Муфаcсал

MoU Between Governments of Tajikistan and Iran is a Factor in the Development of…

05-06-2019

 On June 1, 2019 Tehran hosted a meeting between the Foreign Minister of Tajikistan Sirojiddin Muhriddin and the Foreign Minister of Islamic Republic of Iran Javad Zarif.

Муфаcсал

Меморандум между Республикой Таджикистан и…

05-06-2019

В городе Тегеран Исламской Республикой Иран 1 июня 2019 года состоялась встреча Министра иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддина Мухриддина и Министра иностранных дел Исламской Республикой Иран Мухаммада ...

Муфаcсал

Ёддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон …

05-06-2019

Дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 1 июни соли 2019 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф баргузор гардид ва ҷ...

Муфаcсал

ЗИЁФАТИ ИДОНА БАРОИ ҲАЙАТИ ШАХСИИ НИЗОМИЁН

01-06-2019

Ба ифтихори 26 – умин солгарди таъсисёби Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Хоруғ ба ҳайати шахсии сарбозону афсарони қисми ҳарбии 0410 – и ҳамин қушун, Дидбонгоҳи сарҳадии шаҳр ...

Муфаcсал

Суботу оромӣ ва андешаҳои иғвогарона

30-05-2019

   Дарки масъулияти волои меҳанпарастии мардумон метавонад омили пешрафти диёр бошад, инчунин барои маърифатнокии наслҳои имрӯза ҷомеа ба таҷрибаҳои бойи бузугсолон ниёз дорад.

Муфаcсал

Фоҷеаи зиндони Ваҳдат - ҳақиқати ДОИШ-у наҳз…

28-05-2019

Ҳодисаи задухўрди зиндониён дар муассисаи ислоҳотии 3/2-и шаҳри Ваҳдат дар расонаҳо ва шабакаҳои иттилоотӣ ҳануз ҳам баррасӣ мешавад. Назар ва мавқеъгириҳои дар ин бора нашршуда нишон медиҳанд, ки бо гузашти даҳ рўз, ҳо...

Муфаcсал

ҲНИ ва ДИИШ: умумиятҳо ва фарқиятҳо

28-05-2019

Муноқиша ва задухӯрди пайравони ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии ифротӣ дар шаби 19.05.2019 дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат, ки боиси марги 32 нафар гардид, ҳеҷ кадом шаҳрванди Тоҷикистонро бетараф монда наметавонад. Ин ҳодисаи му...

Муфаcсал

Пресс-центр Главного управления пограничны…

23-05-2019

Пресс-центр Главного управления погранвойск ГКНБ РТ сообщает, что несмотря, на предпринимаемые меры по урегулированию ситуации, обстановка на государственной границе Республики Таджикистан и Кыргызской Республики о...

Муфаcсал

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯро…

21-05-2019

21.05.2019 10:14, шаҳри Душанбе Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи ҷаласаи 46-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои мах...

Муфаcсал

Изҳорот ба изҳороти душманони сулҳу оромӣо…

21-05-2019

Гурӯҳи 24, ТЭТ ҲНИ, ҳаракати гадоманишон – Ислоҳоти рушд ва иқтисод, ҷунбиши бомжҳо – КШНГЗ оид ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат ба маълумоти зидду нақизашон ва изҳороти хиёнатгунаашон мардумро дар бораи сабабҳои ошӯб гум...

Муфаcсал

БЕТАРТИБӢ ДАР МУАССИСАИ ИСЛОҲӢ: Ташкилкуна…

20-05-2019

Рӯзи 19 майи соли 2019, соати 21.30 дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401 прим.

Муфаcсал

БЕСПОРЯДКИ В ИСПРАВИТЕЛЬНОМ УЧРЕЖДЕНИИ: Кт…

20-05-2019

19 мая 2019 года в 21:30 в исправительном учреждении 3/2 Главного управления исполнения уголовных наказаний Министерства юстиции, находящемся в городе Вахдат, заключенными, осужденными по статье 401 прим.

Муфаcсал

АХЛОҚ ТУЗАТИШ МУАССАСАСИДАГИ ТАРТИБСИЗЛИК:…

20-05-2019

2019 йилнинг 19 май куни соат 21:30да Адлия вазирлигининг Жиноий жазони ижро этиш бош бошқармаси Ваҳдат шаҳридаги 3/2-рақамли ахлоқ тузатиш муассасасида Тожикистон Республикаси Жиноят кодексининг 401-моддаси прим.

Муфаcсал

RIOT IN CORRECTIONAL INSTITUTION: Who and for What Purpose Has Organized It?

20-05-2019

On May 19, 2019, at 21:30, prisoners, who convicted under Article 401 paragraph 1 of the Criminal Code of Tajikistan, organized unrest in a correctional institution 3/2 of the Main Directorate for the Execution of Criminal Sentences of the Ministry of Justice located in Vahdat in order to destabilize the situation in the institution and escape from it.

Муфаcсал

Антитеррор. Солидарность России и Таджикис…

14-05-2019

В последнее время журналисты написали много двусмысленных статей о том, куда держит курс Таджикистан, какой стране отдаёт приоритет в сотрудничестве. ...

Муфаcсал

Мирзорахматов – истинный таджик

14-05-2019

Скажу правду, не покривив душой, статья С.Мирзорахматова мне понравилась. Подход критический. Вполне умеренный. Конструктивный. Особенно в части, касающейся экономики. ...

Муфаcсал

Тоҷикистон. Озодии фурӯхташаванда

02-05-2019

«Ҳамеша Радиои «Озодӣ» қисми низомҳои дурӯғ ва фиреб буд, ки ба гумроҳ кардани… ҳар касе, ки омодаи гӯш кардан аст, равона шудааст».

Муфаcсал

Таджикистан. Продажная свобода

01-05-2019

Продажная свобода"Во все времена радио "Свобода" было частью системы лжи и обмана, которая была направлена на введение в заблуждение … каждого, кто готов его слушать".

Муфаcсал

Интернет ва омилҳо рушди экстремизм ва терр…

23-04-2019

«Истифодаи интернет аз тарафи  ифротгароёну (экстремистон) террористон имрӯз боиси тавшиши ҳамаи мамлакатҳои  дунё гаштааст. 

Муфаcсал

Все, что не делается, все делается к лучшему

23-04-2019

С 18 апрели сего года, вступило в силу постановление Антимонопольной службы Республики Таджикистан за № 30 о повышение цен на мобильный интернет.

Муфаcсал

Мулло Кабирӣ куҷо парвои интернет дорад?

22-04-2019

Бечора харак зери думат гашта ҷазир,          Ёбу будӣ чанде ба биёбону адир.

Муфаcсал

Марзбони Ватан

22-04-2019

Артиши милии кишвари азизамон, воқеан ҳам санаи 23-юми феврали соли 1993 ташкил шуда, дар таърихи худ бисёр вазниниҳоро аз сар гузаронидааст.

Муфаcсал

ДУШАНБЕ, 02.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мусаллам аст, ки расона (media) дар шароити имрӯза ба сифати абзори қудратманди иттилоотӣ

, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мафкуравӣ (идеологӣ) хидмат карда, на танҳо афкори умум месозад, балки рисолати фарҳанггустарӣ ва ҳувиятсозӣ низ дорад. Аммо, чуноне ки мушоҳида мешавад, гурӯҳе аз расонаҳо (махсусан, расонаҳои хориҷӣ ё хабаргузориҳое, ки тавассути сармоягузории беруна таъсис ёфтаанд), рисолати фазосозии эътидолӣ ва ҳувиятсозиро сарфи назар намуда, ба хотири бароварда сохтани ниёзу манофеъ ва хостаҳои сиёсию геополитикӣ иттилооти ғараздор ва иғвогароёнаро пахш мекунанд, то вазъи минтақаро ошуфта сохта, дар байни табақаҳои иҷтимоӣ нофаҳмиҳоро ба вуҷуд биёранд ва аз тариқи расона афкори ҷамъиро ҳамеша таҳти таъсир қарор бидиҳанд. Дар феҳрасти чунин навъи расонаҳо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ қарор дорад, ки бо имконоти бартари васоити фаннию техникӣ ва иттилоотӣ муҷаҳҳаз буда, тавассути матолиби мултимедӣ муҳит ва ҷуғрофиёи расонавии ватанӣ ва минтақавиро тасхир намудааст.

Радиои Озодӣ, ки тайи солиёни тӯлонӣ фазои иттилоотии моро таҳти таъсир қарор додааст, қабл аз ҳама, лоиҳа ё ба истилоҳ, пружаи хориҷӣ буда, бунёд, ҳадаф ва мароми махсуси ниҳодҳои манфиатдори бурунмарзӣ дар минтақаро ифода менамояд. Бар ин асос, сабки кор, тарзи ҷамъоварӣ ва таҳияи матолиб, таъйину табодули маълумот, баҳисобгирии дақиқи мавзӯот, муҳтавиёти таваҷҷуҳбарангези мавод, фаврияти хабар ва билохира равиши пахши ахбору иттилооти расонаи «Озодӣ» тибқи реҷаи махсуси корфармоёни хабаргузорӣ роҳандозӣ шуда, мувофиқи тақозои замонию маконӣ матолиби хусусияти гуногундошта паҳн карда мешавад. Ин сабки фаъолият, ки одатан дар дигар расонаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ (хусусӣ ва мустақил) ҳам ба назар мерасад, аз дигар расонаҳо бо ба вуҷуд овардани авзои номусоид, бесуботӣ, ҳангомасозӣ, шӯрандозӣ, нифоқпароканӣ ва дар маҷмӯъ, иғвоангезӣ дар минтақа тафовут дорад. Гап сари ин аст, ки Радиои Озодӣ аз оғози фаъолият ҳадафҳои вежаро дар мамолики гуногуни фақрзада, ақибмонда, вопасгаро ва суннатӣ дунбол мекунад ва тибқи нишондоди сиёсии сарпарастони беруна матолиби мавриди писанди корфармоён ва дар бисёр маврид иттилооти махсус пешбинишударо интишор медиҳад ва бо суръати кайҳонӣ паҳн мекунад. Гузашта аз ин, матолиби интишорёфта, асосан бо такя ба «вазиши боди сиёсӣ ва геостратегӣ»-и сарпарастони расона ва «муштариён»-и он интихоб, таҳия ва пахш мегарданд. Ба таъбири дигар, иттилоот ва ахборе, ки ба ҳадаф ва стратегияи сармоягузорони расона мувофиқ аст ва дар фазои муайяну мушаххас мушкил андар мушкил эҷод карда метавонад, доиман пахш мешавад ва аз ин тариқ фазо ва муҳити мавриди назар таҳти назорати расонаӣ қарор мегирад. Ин шеваи маъмули кор бозгӯкунандаи он аст, ки расонаи «Озодӣ», бо он ки иттилооту ахбори гуногунмавзӯъ ва мухталифмуҳтаворо ба маърази нигариш ва масири шунид мегузорад, бо иғво ва матолиби иғвоангезу «таваҷҷуҳбарангез» сари кор мегирад.

Ҳамин тариқ, Радои Озодӣ ба ҷойи фароҳам овардани шароити ҳамзистӣ ва рушду тавсеа додани фазои бози фикрию иттилоотӣ, ба парокандани иғвою дасисаҳои нав ба нав машғул мешавад. Тааҷубовар ин аст, ки тайи як-ду соли ахир Радои Озодӣ ба парокандани маводи иғвобарангез машғул набуд ва ин вазъ моро то андозае мутмаин сохта буд, ки ин расонаи дар фазои дохилу хориҷ паҳншаванда дунболи паҳн кардани иғво нагашта, тадриҷан дар миёни расонаҳои дохилию хориҷӣ ҷойгоҳ пайдо мекунад. Аммо хушбоварии мо дер давом накард ва «Озодӣ» ба хотири ба даст овардани дили иддае аз хонандагони ғараздор боз роҳи иғвогарию таҳрифгариро пеш гирифт. Далели ин иддао матлаби ахиран чопкардаи «Озодӣ» аст, ки таҳти унвони «Мизбонии Тоҷикистон аз мунтақидони режими Эрон дар Душанбе», мебошад.

Муаллифи матлаби «Мизбонии Тоҷикистон аз мунтақидони режими Эрон дар Душанбе» бо такя ба ахборе, ки аз ҷараёни баргузории Ҳамоиши байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» рӯйи даст гирифтааст, ба ин натиҷа расидааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мунтақидони режими Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол намудааст. Дурӯғбофӣ ва ҳангомасозӣ дигар ба кори рӯзмарраи як зумра хабарнигорони мустақил табдил ёфтааст, ки ҳатто ҳар ҳодиса ва воқеаи илмӣ ва фарҳангиро низ либоси сиёсӣ пӯшонда, ҷиҳати ҷалби муштарии бештар ва барангехтани таваҷҷуҳ аз ин навъ ахбор PR-пиар месозанд. Барои дақиқ ва мушаххас кардани мавзӯъ ва дар айни замон бартараф кардани таҳрифкорию каҷфаҳмиҳо ба иттилои хабарнигорон ва хонандагони расонаи «Озодӣ» чанд нуктаро ба таври фишурда ироа медорем:

Якум. Воқеан, дар шаҳри Душанбе тайи се рӯз (21-23 октябри соли 2019) бо ибтикор ва ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоиши байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» ба ифтихори 1120-солагии бунёди давлатдории Сомониён, бузургдошти Куруши Кабир, 1430-солагии Борбад доир гардид. Дар доираи Симпозиум муҳаққикону донишмандон, шоирону адибон ва фарҳангиёни саршиноси кишварҳои дуру наздик иштирок карданд. Мутасаддӣ ва масъули баргузории Ҳамоиши мазкур Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоқикистон ва Анҷумани «Рӯдакӣ» (Париж) ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ, илмӣ ва фарҳангӣ баргузор гардидани Ҳамоиш саъю талоши фаровон варзиданд. Дар кори Ҳамоиши байналмилалии илмӣ зиёда аз 120 паҳӯҳишгар аз кишварҳои Фаронса, Австрия, Олмон, Ӯзбекистон, Амрико, Канада, Шветсия, Голландия, Эрон, Дания, Испания, Англия, Россия, Ҳиндустон, Қирғизистон, Австралия, Ироқ ва амсоли инҳо иштирок кард. Мақолоти илмии донишмандону паҳӯҳишгарони ватанию хориҷӣ дар се китоб ба табъ расид.

Меҳмонон бо шумули донишмандону паҳӯҳишгарони фарҳанги бостон аз ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, Осиёву Аврупо, Канадаву Амрико дар ҷаласаи ифтитоҳӣ бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, баъдан ба маҳофили бахшҳо (Симпозиуми байналмилалӣ дар чаҳор бахш идома ёфта, ҳозирин вобаста ба хоҳишу завқ ва дидгоҳу таҳқиқ дар кори бахшҳои мавриди назар ширкати фаъол доштанд) ҷалб шуданд. Бад-ин тартиб, Ҳамоиши байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» дар сатҳи баланди ташкилӣ, илмӣ ва фарҳангӣ доир гардида, бисёр аз мушкилот ва муаммоҳои таърихию фарҳангии аҳди бостон, асри миёна ва замони муосирро мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор дода, роҷеъ ба як силсила масоили таърихию фарҳангӣ дидгоҳи наву тозаи илмӣ ироа шуд.

Дувум. Ба иттилои муаллифи матлаби «Озодӣ» мерасонем, ки ҷиҳати иштирок дар Симпозиуми байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон 57 нафар донишманду пажӯҳишгар ва аҳли шеъру адаб даъват шуда буд, ки дар феҳрасти даъватшудагон донишмандони саршиносу муҳтарами эронӣ доктор Шафии Кадканӣ ва доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ қарор доштанд. Дар зимн, доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, ки дар ҳавзаҳои илмӣ ва ихтисосии эронӣ маҳбубияти вежа дорад, аз гардонандагон-модераторони бахши аввали Ҳамоиш маҳсуб меёфт. Албатта, дар баробари эрониёни муқими Эрон, ба Симпозиум ҳамзабонони бурунмарзӣ ҳам даъват шуда буданд. Ин ҳам маълум аст, ки ҳамоишу конфронсҳои илмӣ дӯсту душман надоранд ва дар кори онҳо донишмандону паҳӯҳишгарон бо гузоришоти илмӣ ҳузур пайдо мекунанд. Дигар ин ки Эрон (манзур Ҷумҳурии Исломии Эрон аст) барои мо ба унвони душман муаррифӣ нашудааст. Фаразан, агар Душанбе Эронро ба ҳайси кишвари душман мешинохт, дар рӯйхати даъватӣ исмҳои зиёди донишмандону фарҳангиёни эрониро намедидем. Муҳимтар аз ҳама, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба умури дохилии ҳеҷ кишваре дахолат намекунад ва он чи ки журналисти «Озодӣ» дар матлаб тазаккур додааст, ҷуз хаёл ва мавҳумот чизи дигаре нест.

Сеюм. Аҳли илму маърифат ва адабу фарҳанги ватанию хориҷӣ, ки ба Ҳамоиши байналмилалӣ даъват шуда буданд, дар атрофи масоили илмӣ ва пажӯҳишӣ баҳсу мунозира карданд ва радду бадалҳои ҷолиби илмӣ ва фарҳангии мизбонону меҳмонон перомуни ҷуғрофиёи ориёӣ, фарҳангу тамаддуни бостонӣ, ҷойгоҳи Куруши Кабир дар таърихи сиёсию мадании минтақа ва ҷаҳон то дер гоҳ дар лавҳи хотири ҳозирин боқӣ хоҳад монд. Мусалламан, дар ҳеҷ як аз бахшҳои Ҳамоиши байналмилалии илмӣ мавзӯоти сиёсӣ ва идеологӣ матраҳ нагардид, ки боиси нофаҳмиҳои ширкаткунандагон шуда бошад. Баръакс, ширкаткунандагон ва бахусус, меҳмонон таассуроти хубе аз кори барномаҳои баҳсӣ, илмию фарҳангӣ, ҳунарӣ ва диду боздидҳо бардоштанд. Дар маҷмӯъ, Ҳамоишро метавон ба унвони ҳалқаи васли ҳамзабонону муҳаққиқон ва ихлосмандони фарҳанги бостонӣ ва тамаддуни ориёӣ муаррифӣ кард.

Чаҳорум. Дар Эъломияи Ҳамоиши байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз», ки аз ҷониби ширкаткунандагон ба тасвиб расид, пешниҳодоти мушаххас дар заминаи: таъсиси «Маркази байналмилалии Сомониёншиносӣ»; таъсиси «Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Куруши Кабир» (дар шаҳри Душанбе), ҳамзамон бо мақсади арҷгузорӣ ба таърих, мероси фарҳанги бостон ва ҷойгоҳи Куруши Кабир дар таърихи миллӣ ва фаромиллӣ эълом доштани 29 октябр ба унвони Рӯзи Куруши Кабир ироа гардид.

Панҷум. Муаллифи матлаби «Мизбонии Тоҷикистон аз мунтақидони режими Эрон дар Душанбе» аз рӯйи як байти шоири эронии муқими Амрико Масъуди Сипанд («Безорам аз аммомаи чун мори мулло, Ҳам тахт ва ҳам тоҷу кулоҳро дӯст дорам!») ва изҳори назари донишманди эронии Австралия ҷаноби Ҳумер Абрамиён, ки ҳар ду зиёд ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, хулоса баровардааст, ки Тоҷикистон мунтақидони режими Ҷумҳурии Исломии Эронро даъват кардааст ва ба ин васила ба парокандани иғво пардохтааст. Тавре ки болотар ироа доштем, даъвати меҳмонон ба кори Ҳамоиши байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз», ба ҳеҷ ваҷҳ, ангезаи сиёсӣ надошту надорад ва ширкаткунандагон, на шахсиятҳои сиёсӣ, балки шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангӣ буданд. Муқарраран, таъкид месозем, ки онҳо ба масоили сиёсӣ ва мафкуравӣ, аслан таваҷҷуҳ накарданд ва он чи ки матраҳ гардид, масъалаҳои марбут ба фарҳангу тамаддуни бостон буд. Баргардем ба байти Масъуди Сипанд. Байти мазкур, ки муаллифи матлаби «Озодӣ» онро ба ҳайси ангезаи нифоқафканӣ ва ихтилофафканӣ истифода бурдааст, бевосита ба муллоёни риёкору фазлфурӯш ва найрангбозу фитнагар иртибот дорад. Чун офтоб маълум аст, ки қишри рӯҳониёни мутаассиб ва ҷаҳолатписанд, чи дар гузашта ва чи дар ҳоли ҳозир мавриди накӯҳиш ва мазаммати аҳли илму хирад ва адабу ҳунар қарор гирифтаанд ва мутаассифона, имрӯз ҳам дар ҳар гӯшаву канор аз риёкорию фазлфурӯшии онҳо сухан дар миён аст. Бар ин маъно Масъуди Сипанд дар робита бо муллои зоҳид ва фазлфурӯшиҳои ӯ анъанаи адабию иҷтимоии Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Мушфиқӣ, Соиб, Аҳмади Дониш ва дигар шоирону адибони гузаштаро идома додаасту халос. Магар байти машҳури Соиби Табрезӣ: «Махӯр Соиб фиреби фазл аз аммомаи зоҳид, Ки дар гунбад зи бемағзӣ садо бисёр мепечад»-ро фаромӯш кардаем.

Ва аз рӯйи сидқ, магар дар ин матлаб иғвогарӣ нест? Оё тавассути ин навъ хабарсозию иттилоърасонӣ дар муносиботи дуҷонибаи сиёсӣ халал ворид намегардад? Дар ҳоле ки доманаи муносиботи мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон дар марҳилаи нави ҳамкориҳо густариш меёбад ва марҳилаи нави ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ, ҳуқуқӣ, маънавӣ ва амниятӣ миёни ду кишвари ҳамҷавор, дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг боиси рушду тараққии ҳар ду давлат мегардад, парокандани иғвою дасисаҳои иттилоотӣ ба манфиати кист? Ба назар мерасад, ҳадафи ин навъи иттилоот ва мавқеъгирӣ ҳатман ихтилофангезист. Масъулини муҳтарам ва хабарнигорони гиромии расонаҳои мустақил, набояд андеша ва гуфтори дигаронро таҳриф ва ба манфиати ин ва ё он гурӯҳ суистифода кард. Зеро ин навъ «хидмати хирсона» ба манфиати мардуми тоҷику форс набуду нест.

 

 Кумитаи тадорукоти Ҳамоиши

байналмилалии илмии «Пажӯҳиш

дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»

 

Rustam Haidarov: Destructive actions of TEO IRP Carried Out Using Websites Pose …

23-11-2019

According to a decision of the Supreme Court of Tajikistan dated August 15, 2019, the National Alliance of Tajikistan (NAT) was recognized as a terrorist and extremist union (TEU) and its activities in Tajikistan were banned. Also, according to this decision, 39 websites that serve for terrorist and extremist organizations (TEO) such as the NAT, the Islamic Renaissance Party (IRP) and other extrem...

Муфаcсал

РУСТАМ ХАЙДАРОВ: «Разрушительные действия …

23-11-2019

Решением Верховного суда Республики Таджикистан от 15 августа 2019 года организация «Национальный альянс Таджикистана» была признана террористическо-экстремистским сообществом, и ее деятельность в Республике Таджики...

Муфаcсал

Тоҷикистон дуюмин кишвари амнтарини ҷаҳон …

23-11-2019

Тоҷикистон бо 94 хол баъди Сингапур амнтарин кишвари дунё арзёбӣ шудааст, ки шаҳрвандонаш гуфтаанд, хатаре зимни гаштугузори шабонаро эҳсос намекунанд ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Маркази таҳлилии Gallup дар пайи назарпурсии ш...

Муфаcсал

Gallup Тоҷикистонро кишвари амн номид, аммо на …

23-11-2019

Маркази назарсанҷии "Gallup" Тоҷикистонро дар қатори 12 кишвари амни ҷаҳон ҷой додааст, ки "сокинонаш ҳангоми гаштугузори шабона эҳсоси хатар намекунанд". Расонаҳои давлатии Тоҷикистон аз ин хулоса пуштибонӣ ва хабари онр...

Муфаcсал

ИҒВОГАРӢ ДАР ҚОЛАБИ ГУЗОРИШИ ХАБАРӢ. Изҳоро…

02-11-2019

ДУШАНБЕ, 02.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мусаллам аст, ки расона (media) дар шароити имрӯза ба сифати абзори қудратманди иттилоотӣ

Муфаcсал

Президент РТ Эмомали Рахмон едет в Европу

02-11-2019

  На следующей неделе президент Таджикистана Эмомали Рахмон посетит Швейцарию, Чехию и Францию, а также не исключено посещение других стран Европы.

Муфаcсал

«Озодӣ»: аз дирӯз то имрӯз дар як масир

02-11-2019

Радиои Аврупоии Озод/ Радиои Озодӣ, ки тайи солиёни тўлонӣ фазои иттилоотии моро таҳти фишори иттилоотӣ қарор додааст, қабл аз ҳама, лоиҳа ё ба истилоҳ, пружаи хориҷӣ буда

Муфаcсал

Тамарина гора – символ борьбы с басмачеств…

31-08-2019

Тамарина гора - символ борьбы с басмачествомВ дни рабочей поездки Президента Республики Таджикистан уважаемого Лидера нации Эмомали Рахмона в район Сангвор (бывший Тавильдаринский) был поднят вопрос об официальном ...

Муфаcсал

Ҳизби наҳзат як тарафи сулҳ нест, Муҳаммадҷ…

29-08-2019

Ҳизби наҳзат як тарафи сулҳ нест, Муҳаммадҷони Нурӣ фарзанди С.А.Нурӣ нест: ду хулоса аз як мусоҳиба Устоди адабу хирад, падари адабиёти ҷовидонаи мо Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боби мансубияти падару фарзанд чунин фарму...

Муфаcсал

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕ…

02-08-2019

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»   Хонандагони азиз, суҳбате доштем бо рӯзноманигор ва нависандаи маъруф Саломиддин Мирзораҳматов, ки инак манзури шумо мегардонем: ...

Муфаcсал

НАВИШТАИ “АХБОР.КОМ” БА МАНФИАТИ ТЕРРОРИЗ…

30-07-2019

Дар солгарди қатли чор сайёҳи хориҷии дучархасавор дар ноҳияи Данғара сомонаи “Ахборком”  матлабе нашр кардааст, ки дуруғу фитнаангез аст. Муаллиф тамоми далелҳои дастрасро сарфи назар карда, гуноҳи ин амали террори...

Муфаcсал

Горбатого могила исправит

24-07-2019

Состояние обеспокоенности жителей г. Исфара Таджикистана по отношению к озверевшим кыргызским гражданам кишлака Ак-Сай, которые за первое полугодие 2019 года убили троих жителей Таджикистана, неслучайно. Исфаринцы дол...

Муфаcсал

Муроҷиати видеоии Ғайрат Воҳидов, шавҳари м…

18-07-2019

Як ду рӯзи охир сомонаҳои интернетии аз қабили “Паём нет”, “Ахбор.ком” ва ғайра, ки зери як бом, яъне Ҳизби наҳзати ислом қарор дошта худро мухолифини тоҷик ном ниҳодаанд, пайваста барои ноором сохтани вазъи имрӯза да...

Муфаcсал

Радио «Озоди» будет вынуждено прекратить р…

29-06-2019

Министерство иностранных дел Таджикистана отказало в аккредитации журналиста таджикской службы радио «Свобода» - «Озоди» в Душанбе Барота Юсуфи, в связи с тем, что последний информационно поддерживал террористическ...

Муфаcсал

«ОФИЦИАЛЬНЫЙ ВИЗИТ ДОНАЛЬДА ТУСКА В ТАДЖИК…

29-06-2019

Об этом заявил эксперт по политическим и социальным вопросам Холмахмад Самиев в беседе с корреспондентом газеты «Джумхурият»

Муфаcсал

Доналд Тускнинг Тожикистонга расмий ташриф…

29-06-2019

Жорий йилнинг 29-30 май кунлари Европа Кенгаши президенти Доналд Туск Тожикистон Республикасига расмий сафар билан келди њамда давлат олий органлари билан фойдали суњбатлар бараварида, Сарез кўли ва Дарвоз ноњиясига њ...

Муфаcсал

Ҳизби наҳзати исломӣ ҷузъи ҷудонашавандаи …

18-06-2019

 Пас аз нашр шудани маводи фармоишии журналист Иля Лозовский «Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон», ки 18.04.2019 дар сомонаи русии радиои амрикоии «Озодӣ» паҳн гашт, мавзуи моҳияти зархаридии ТЭТ Ҳизби наҳза...

Муфаcсал

Таджикистан. Партия исламского возрождения…

18-06-2019

Партия исламского возрождения является неотъемлемой частью международного террористического движения. Эта истина бесспорна!

Муфаcсал

The Islamic Renaissance Party is an integral part of the international terrorist…

18-06-2019

After the publication of the ordered material by journalist Ilya Lazovsky entitled The Decline of the Islamic Renaissance of Tajikistan”, distributed on April 18, 2019 through the Russian website of the American Radio Ozodi (the Tajik service of Radio Free Europe/Radio Liberty), ...

Муфаcсал

В Душанбе прошло 46-е заседание Совета руков…

23-05-2019

ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /НИАТ «Ховар»/. 20-22 мая текущего года в городе Душанбе прошло 46-е заседание Совета руководителей органов безопасности и специальных служб государств-участников Содружества Независимых Государств (СОРБ)...

Муфаcсал

84 кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба Душанбе овардан…

30-04-2019

Шаби 30 апрел 84 кӯдаки тоҷикро тавассути ҳавопаймои ширкати ироқии Fly Erbil аз Бағдод ба Душанбе оварданд. Баъзеи ин кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар онҷо ба дунё ом...

Муфаcсал

ДАВЛАТИ МИЛЛИ ДАР РОСТОИ ҲАМШАРИКИИ СТРАТЕ…

16-04-2019

        Равандҳои муосири муносибатҳои байналхалқӣ, қонунияти сиёси ва давлати тақозо мекунанд, ки кишварҳо дар ҳар шакле бо ҳам дар иртиботи қави бошанд ва кайфияти тақвияти муносибатҳо сатҳи ҳамкориро ба дараҷаи бал...

Муфаcсал

ПОСУХ БА НОМАИ САРГУШОДАИ ПОРСӢ АНҶУМАН

16-04-2019

Аз солҳои 20-30 асри гузашта то  ба имрӯз баҳсу мунозираҳо атрофи номи забони тоҷикӣ  ва хатте, ки имрӯз дар кишвари Тоҷикистон истифода мешавад, идома дорад. Ин баҳсу мунозираҳо хубанд, ба шарте ки ҳар андеша ё пешниҳод а...

Муфаcсал

СУХАНРОНИИ Ш. ЗУҲУРОВ ИСБОТИ АМАЛҲОИ ЗИДДИТ…

16-04-2019

Вақти он фаро расидааст, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ фаҳманд, ки ТТЭ ҲНИ дар ташкили ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон саҳми бузург дорад. Шукурҷон Зуҳуров дар нишасти 140 – уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар кишвари Қат...

Муфаcсал

ГБАО перевыполнила план армейского призыва…

12-04-2019

Призывная кампании в Таджикистане началась 1 апреля и продлится до 31 мая. План весеннего призыва в ряды Вооруженных сил Таджикистана на 11 апреля выполнен по республике на 36%. Горный Бадахшан первым отрапортовал о пере...

Муфаcсал

АЌШ Эрон Ислом инќилоби ќўриќчилари корпус…

11-04-2019

Бу Вашингтон бошќа давлат ќуролли тузилмасини террорчи гуруњ сифатида эълон ќилган биринчи њодисадир. Оќ уй Эрон ИИЌКдан ўзининг халќаро террорчилик амаллари учун фойдаланишини билдирди. Эрон Њукумати ОАВнинг хаба...

Муфаcсал

США объявили иранский Корпус стражей ислам…

11-04-2019

Это первый случай, когда Вашингтон объявляет вооруженное формирование другого государства террористической группировкй.

Муфаcсал

ИМА Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон…

11-04-2019

Ин бори аввал аст, ки Вашингтон неруҳои мусаллаҳи давлати дигарро террористӣ эълон мекунад.

Муфаcсал

US Declares Iran's Islamic Revolutionary Guard Corps a Terrorist Organization

11-04-2019

The United States has designated Iran’s Islamic Revolutionary Guard Corps (IRGC) as a foreign terrorist organization. The announcement was made by the US President Donald Trump.

Муфаcсал

Пуштибони ТТЭ ҲНИ – СПИИ созмони террорист…

11-04-2019

8 апрели соли равон президенти ИМА Доналд Трамп дар Қасри сафед расман изҳор дошт, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ) барои амалиёти террористии роҳбарияти Эрон, ки «воситаи асосӣ»-и ҳокимият дар самти «татбиқи ...

Муфаcсал

Ислом тикланиш партияси террорчи-экстремис…

11-04-2019

Жорий йилнинг 8 апрелида АЌШ Президенти Доналд Трамп Оќ уйда Эрон Ислом инќилоби ќўриќчилари корпуси (ИИЌК) Эрон рањбариятининг террорчилик компаниясида њокимиятга «унинг глобал террорчилик компаниясини амалга ошир...

Муфаcсал

IRGC, the Patron of the TEO IRP Declared a Terrorist Organization

11-04-2019

On April 8, US President Donald Trump officially stated that the Islamic Revolutionary Guards Corps (IRGC) is a terrorist group serving Iran’s leadership and is the “primary means” by which it “implements its global terrorist campaign.”

Муфаcсал

Покровитель ТЭО ПИВ - КСИР объявлен террори…

11-04-2019

8 апреля с.г. президент США Дональд Трамп в Белом доме официально заявил, что Корпус стражей исламской революции (КСИР) служит для террористической кампании руководства Ирана, являясь "основным средством" властей по "о...

Муфаcсал

США внесли элитные части армии Ирана в спис…

09-04-2019

"Корпус стражей исламской революции" служит для террористической кампании руководства Ирана, говорится в заявлении Трампа. Вашингтон продолжит оказывать давление на Тегеран, отметил госсекретарь США.

Муфаcсал

Идеяи давлати теократӣ – идеяи бунбастӣ

24-03-2019

Поёни «ҷанги сард», ки ба пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мунҷар шуд, мувозинати қудратро дар ҷаҳон барҳам зад ва онро аз ҷаҳони бисёрқутба ба як қутби мутлақи қудрат табдил дод.

Муфаcсал

Наврӯз ва ифротгароӣ

23-03-2019

Наврӯз оғози фасли баҳор ва соли нави миллии мардуми тоҷик мебошад. Бо фаро расидани Наврӯз тамоми наботот аз нав ҷон гирифта, рушду нумӯъ мекунанд ва табиат пас аз хоби зимистонӣ дубора эҳё машавад. Наврӯз аз ҳар чизи с...

Муфаcсал

Хиёнати рўҳонӣ дар вазъи буҳронӣ

21-03-2019

Баъзе ҳодисаҳое, ки имрўз дар маҳдудаҳои миллӣ ва фаромиллӣ рух мезананд, гувоҳи онанд, ки бештар ҳодисаҳои ба хиёнат марбут характери субҷўёна, худбинона ва авомфиребона доранд.

Муфаcсал

Номи Зиндагӣ Наврӯз шуд!

21-03-2019

(таманниёти Наврӯзӣ)                          Наврӯзи фурӯзанда – ин ойини дерина,                           Ҳаргиз написандида ҷаҳлу ситаму кина.

Муфаcсал

Наврўз таҷассумгари арзишҳои баланди инсон…

21-03-2019

Яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва мардумии халқҳои эронинажод Наврўз ба ҳисоб меравад.

Муфаcсал

Нозим Нурзода, муҳаққиқ Наврўзи Ҷамшедӣ – …

21-03-2019

Дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик Наврўз ба сифати ҷашни муҳимтарини аҷдодӣ ва миллӣ шинохта шуда, дар байни ҷашну маросими мутааддади милию мардумӣ ва динӣ-мазҳабӣ ҷойгоҳи вижа дорад.

Муфаcсал

Наврўз ва наҳзатиҳо

21-03-2019

Наврўз яке аз бузургтарин ва ќадимтарин љашнњои фарњангии миллии мо ба шумор меравад.

Муфаcсал

Дар рӯйхати «Магнитский» бошӣ, ё дар рӯйхат…

21-03-2019

Айёми хурдсолӣ, аснои бозӣ ягон ҳамсол ё хурдсолеро меранҷондӣ, бо номи бародару падараш, ё ягони хеши шӯрапушташ туро метарсонид.

Муфаcсал

ТЭО ПИВ выступает против национальных трад…

21-03-2019

В этом году в Таджикистане праздник Навруз (Новый день) отмечается широко как никогда.

Муфаcсал

НАВРӮЗИ БОСТОНӢ ВА МАРҲИЛАБАНДИИ ХУДШИНОСИ…

19-03-2019

Наврӯз, ки чанд сол аст, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21 март мавриди таҷлили саросарӣ қарор мегирад

Муфаcсал

Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳа…

14-03-2019

ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 13 марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи ...

Муфаcсал

Тожикистон Республикаси Миллий хавфсизлик …

14-03-2019

Тожикистон Республикаси Миллий хавфсизлик давлат комитети Чегара қӯшинлари Бош бошқармаси матбуот маркази 2019 йилнинг 13 март куни Исфара шаҳрининг Ворух минтақасида икки томонлама келишувларга зид ӯлароқ

Муфаcсал

Urlaubsland Tadschikistan- auch auf der ITB vertreten

11-03-2019

Im zentralasiatischen Land Tadschikistan leben rund 9 Millionen Einwohner. Tadschikistan hat eine Größe von 143.000 Quadratkilometern. Es hat Grenzen mit Usbekistan, Afghanistan, Kirgisien und China. Fast 70 Prozent der Staatsfläche befindet sich im Hochgebirge.

Муфаcсал

Tadschikistan – Geheimnisvolle Pforte zum Dach der Welt

11-03-2019

Als eigenständiges Land tritt Tadschikistan für die meisten erst nach dem Zerfall der Sowjetunion in den 1990er Jahren in Erscheinung.

Муфаcсал

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор