Паёми шодбошии Раиси шаҳри Хоруғ Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул вобаста ба ифтитоҳи сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар Шабакаи ҷаҳонии Интернет
Паёми шодбошии
Раиси шаҳри Хоруғ Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул вобаста ба ифтитоҳи сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ
дар Шабакаи ҷаҳонии Интернет
Ҳамдиёрони азиз!
Боиси ифтихор аст, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ боз ба як дастовард - фаъол гардидани сомонаи он дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ноил шуд. Ин маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ғамхории пайвастаи ҳукумати кишвар дар ҳаққи шаҳрвандон, рушди иќтисодӣ – иҷтимоии мамлакат, пешрафти технологияи иттилоотӣ ба мо муяссар гардид.
Боз шудани сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар шабакаи ҷаҳонии интернет ба он мусоидат менамояд, ки роҳбарияти шањр тариқи он арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандонро аз тамоми гўшаву канори вилоят ва берун аз марзи он бемамоният ва бевосита, ба таври фаврӣ қабул намояд. Ба воситаи сомона ҳамчунин шаҳрвандон метавонанд дар бобати пешрафти кори мақомот таклифу пешниҳодоти худро ба унвони раиси шањр ирсол намоянд. Дар баробари ин сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ фаъолияти онро ба таври хеле шаффоф инъикос менамояд. Дар он ҳамчунин шаҳрвандон метавонанд, аз мутолиаи суханрониҳои Раис, паёму табрикот бахшида ба ҷашну маъракаҳо, ахбори фаврӣ ва мўътамад аз сафарҳои корӣ, вохўриҳои расмии раиси шањр бо роҳбарони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ, вилоят, ноҳияҳо, вохўриҳо бо табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ дар мањаллањои шаҳр бархурдор бошанд. Ба ибораи дигар, сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ин алоқаи мустақими аҳли ҷомеа бо роҳбарияти шањр мебошад.