Хабарҳо

Вохӯрии и.в раиси шаҳри Хоруғ Мирзона…

Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ вохӯрии и.в раиси шаҳри Хоруғ бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ доир гардид истодаст. Чунин вохӯриҳо аз махаллаи Тем сар карда, маҳаллаи Фурудгоҳ, дашти Поён ва  дигар маҳаллаҳо баргузор гардида...

11-12-2020

Муфаcсал

Чойхонаи тоҷикӣ дар Амрико мероси таъ…

Шӯрои шаҳри Боулдэри ИМА дар як овоздиҳӣ бо раъйи оро қароре қабул кард, ки қисматҳои берунаву дохилии "Чойхонаи Боулдэр-Душанбе"-ро таҳти ҳимоят қарор дода, ин тарабхонаро ба унвони як муассисаи таърихӣ эътироф мекунад. Овоздиҳие, ки дар ҷаласаи онлайнии Шӯро баргуз...

24-11-2020

Муфаcсал

НОМАИ ТАБРИКОТИИ раиси шаҳри Хоруғ Ша…

         Хамдиёрони  азиз!              Имрӯзҳо мардуми бостонию ориёитабори тоҷик дар арафаи таҷлили яке аз ҷашнҳои умумимиллӣ Рӯзи Парчами давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бинобар ин, Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми сарбаланди шаҳри Хоруғро ба муно...

23-11-2020

Муфаcсал

Модари Миҷгонаро кушта гуронданд…

Модари Миҷгонаро кушта гуронданд….Миҷгона ҳамроҳи модараш Мусулмонова Зебӣ дар љамоати деҳоти Ҳисор, деҳаи Ҳаёти нав зиндагии хурраму осоишта дошт.Субҳи барвақт модари Миҷгона барои беҳтар гардонидани саломатиаш баҳри гузаронидани сӯзандору ба хонаи ҳамсояаш Одинаев ...

18-11-2020

Муфаcсал

НАҚДИ СУХАН

ДУШАНБЕ, 17.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Инсон ягона мавҷуди биологии соҳибшуур аст. Ин хосият дар шакли сухан ҳамчун далел тасдиқи худро пайдо мекунад. Зуҳуроти моҳиятии ақл, хирад, дониш, тасаввурот ва ҷаҳонбинӣ, дар маҷмӯъ, рӯҳи инсонӣ, ки тавассути нутқи даҳонӣ, хаттӣ, асарҳои илм...

17-11-2020

Муфаcсал

Чойхонаи Душанбе дар Боулдэрро мехоҳ…

Шӯрои шаҳри амрикоии Болдуэр мехоҳад чойхонаи тоҷикии худро мавриди ҳифозаи вижа қарор диҳад. Агар дар овоздиҳие, ки дар ин шӯро рӯзи сешанбе барпо мешавад, қарори мусбат қабул шавад, бинои муассисаи бо номи “Boulder-Dushanbe Teahouse” (“Чойхонаи Болдуэр-Душанбе”) ба ҳайси муассиса...

17-11-2020

Муфаcсал

Шӯрои уламои Арабистони Саудӣ ташкил…

ДУШАНБЕ, 16.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои уламои Арабистони Саудӣ дар изҳороти худ ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» ва дигар созмонҳои ифротиро, ки дар ҷомеаҳои мусулмонӣ  ақидаҳои ҷанг, ошӯб ва нооромиро таблиғ мекунанд, дар асоси фармудаву асосҳои динӣ ҳаракати зиддимардумӣ, зи...

17-11-2020

Муфаcсал

НОМАИ ТАБРИКОТИИ раиси шаҳри Хоруғ Ки…

           Ҳамдиёрони азиз!                  Имрўз мардуми созандаи тоҷик дар арафаи таҷлили яке аз санаҳои муҳими замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон-таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.          Президенти кишваре будан зоҳиран як амри таби...

13-11-2020

Муфаcсал

Мақолаҳо

ИНТИХОБОТ ВА МАҚОМУ ВОСИТАИ ИШТИРОКИ ИНСТИ…

10-09-2020

         ИНТИХОБОТ ВА МАҚОМУ ВОСИТАИ ИШТИРОКИ ИНСТИТУТҲОИ СИЁСӢ ДАР БАРГУЗОРИИ ОН ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН        Тибқи қарори ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Муфаcсал

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАЪ…

29-02-2020

МУҚАДДИМА   Дар тамоми давраҳои мавҷудияти давлатдории миллати тоҷик, аз ҷумла, дар таърихи асрҳои миёна, таърихи нав, таърихи навтарин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон м...

Муфаcсал

Ҷавонон ҷонибдори сиёсати Пешвои миллат.

07-02-2020

         Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро  яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи  сиёсати Ҳукумати кишвар ҳисобида, ҳамеша та...

Муфаcсал

Иҷлосияи сарнавиштсоз - бунёдгузори давлат…

15-11-2019

Яке аз санаҳои бузурги  таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи XV Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон  нақши барҷастае дорад.

Муфаcсал

Иҷлосияи сарнавиштсоз - бунёдгузори давлат…

15-11-2019

Яке аз санаҳои бузурги  таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи XV Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон  нақши барҷастае дорад.

Муфаcсал

MoU Between Governments of Tajikistan and Iran is a Factor in the Development of…

05-06-2019

 On June 1, 2019 Tehran hosted a meeting between the Foreign Minister of Tajikistan Sirojiddin Muhriddin and the Foreign Minister of Islamic Republic of Iran Javad Zarif.

Муфаcсал

Меморандум между Республикой Таджикистан и…

05-06-2019

В городе Тегеран Исламской Республикой Иран 1 июня 2019 года состоялась встреча Министра иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддина Мухриддина и Министра иностранных дел Исламской Республикой Иран Мухаммада ...

Муфаcсал

Ёддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон …

05-06-2019

Дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 1 июни соли 2019 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф баргузор гардид ва ҷ...

Муфаcсал

ЗИЁФАТИ ИДОНА БАРОИ ҲАЙАТИ ШАХСИИ НИЗОМИЁН

01-06-2019

Ба ифтихори 26 – умин солгарди таъсисёби Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Хоруғ ба ҳайати шахсии сарбозону афсарони қисми ҳарбии 0410 – и ҳамин қушун, Дидбонгоҳи сарҳадии шаҳр ...

Муфаcсал

Суботу оромӣ ва андешаҳои иғвогарона

30-05-2019

   Дарки масъулияти волои меҳанпарастии мардумон метавонад омили пешрафти диёр бошад, инчунин барои маърифатнокии наслҳои имрӯза ҷомеа ба таҷрибаҳои бойи бузугсолон ниёз дорад.

Муфаcсал

Фоҷеаи зиндони Ваҳдат - ҳақиқати ДОИШ-у наҳз…

28-05-2019

Ҳодисаи задухўрди зиндониён дар муассисаи ислоҳотии 3/2-и шаҳри Ваҳдат дар расонаҳо ва шабакаҳои иттилоотӣ ҳануз ҳам баррасӣ мешавад. Назар ва мавқеъгириҳои дар ин бора нашршуда нишон медиҳанд, ки бо гузашти даҳ рўз, ҳо...

Муфаcсал

ҲНИ ва ДИИШ: умумиятҳо ва фарқиятҳо

28-05-2019

Муноқиша ва задухӯрди пайравони ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии ифротӣ дар шаби 19.05.2019 дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат, ки боиси марги 32 нафар гардид, ҳеҷ кадом шаҳрванди Тоҷикистонро бетараф монда наметавонад. Ин ҳодисаи му...

Муфаcсал

Пресс-центр Главного управления пограничны…

23-05-2019

Пресс-центр Главного управления погранвойск ГКНБ РТ сообщает, что несмотря, на предпринимаемые меры по урегулированию ситуации, обстановка на государственной границе Республики Таджикистан и Кыргызской Республики о...

Муфаcсал

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯро…

21-05-2019

21.05.2019 10:14, шаҳри Душанбе Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи ҷаласаи 46-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои мах...

Муфаcсал

Изҳорот ба изҳороти душманони сулҳу оромӣо…

21-05-2019

Гурӯҳи 24, ТЭТ ҲНИ, ҳаракати гадоманишон – Ислоҳоти рушд ва иқтисод, ҷунбиши бомжҳо – КШНГЗ оид ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат ба маълумоти зидду нақизашон ва изҳороти хиёнатгунаашон мардумро дар бораи сабабҳои ошӯб гум...

Муфаcсал

БЕТАРТИБӢ ДАР МУАССИСАИ ИСЛОҲӢ: Ташкилкуна…

20-05-2019

Рӯзи 19 майи соли 2019, соати 21.30 дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401 прим.

Муфаcсал

БЕСПОРЯДКИ В ИСПРАВИТЕЛЬНОМ УЧРЕЖДЕНИИ: Кт…

20-05-2019

19 мая 2019 года в 21:30 в исправительном учреждении 3/2 Главного управления исполнения уголовных наказаний Министерства юстиции, находящемся в городе Вахдат, заключенными, осужденными по статье 401 прим.

Муфаcсал

АХЛОҚ ТУЗАТИШ МУАССАСАСИДАГИ ТАРТИБСИЗЛИК:…

20-05-2019

2019 йилнинг 19 май куни соат 21:30да Адлия вазирлигининг Жиноий жазони ижро этиш бош бошқармаси Ваҳдат шаҳридаги 3/2-рақамли ахлоқ тузатиш муассасасида Тожикистон Республикаси Жиноят кодексининг 401-моддаси прим.

Муфаcсал

RIOT IN CORRECTIONAL INSTITUTION: Who and for What Purpose Has Organized It?

20-05-2019

On May 19, 2019, at 21:30, prisoners, who convicted under Article 401 paragraph 1 of the Criminal Code of Tajikistan, organized unrest in a correctional institution 3/2 of the Main Directorate for the Execution of Criminal Sentences of the Ministry of Justice located in Vahdat in order to destabilize the situation in the institution and escape from it.

Муфаcсал

Антитеррор. Солидарность России и Таджикис…

14-05-2019

В последнее время журналисты написали много двусмысленных статей о том, куда держит курс Таджикистан, какой стране отдаёт приоритет в сотрудничестве. ...

Муфаcсал

Мирзорахматов – истинный таджик

14-05-2019

Скажу правду, не покривив душой, статья С.Мирзорахматова мне понравилась. Подход критический. Вполне умеренный. Конструктивный. Особенно в части, касающейся экономики. ...

Муфаcсал

Тоҷикистон. Озодии фурӯхташаванда

02-05-2019

«Ҳамеша Радиои «Озодӣ» қисми низомҳои дурӯғ ва фиреб буд, ки ба гумроҳ кардани… ҳар касе, ки омодаи гӯш кардан аст, равона шудааст».

Муфаcсал

Таджикистан. Продажная свобода

01-05-2019

Продажная свобода"Во все времена радио "Свобода" было частью системы лжи и обмана, которая была направлена на введение в заблуждение … каждого, кто готов его слушать".

Муфаcсал

Интернет ва омилҳо рушди экстремизм ва терр…

23-04-2019

«Истифодаи интернет аз тарафи  ифротгароёну (экстремистон) террористон имрӯз боиси тавшиши ҳамаи мамлакатҳои  дунё гаштааст. 

Муфаcсал

Все, что не делается, все делается к лучшему

23-04-2019

С 18 апрели сего года, вступило в силу постановление Антимонопольной службы Республики Таджикистан за № 30 о повышение цен на мобильный интернет.

Муфаcсал

Мулло Кабирӣ куҷо парвои интернет дорад?

22-04-2019

Бечора харак зери думат гашта ҷазир,          Ёбу будӣ чанде ба биёбону адир.

Муфаcсал

Марзбони Ватан

22-04-2019

Артиши милии кишвари азизамон, воқеан ҳам санаи 23-юми феврали соли 1993 ташкил шуда, дар таърихи худ бисёр вазниниҳоро аз сар гузаронидааст.

Муфаcсал

«ТАШРИФИ РАСМИИ ДОНАЛД ТУСК БА ТОҶИКИСТОН – ДАСТОВАРДИ МУҲИМИ ДИПЛОМАТӢ». Чунин баён доштааст коршиноси масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ Холмаҳмад Самиев дар мусоҳиба бо «Ҷумҳурият»

Тавре қаблан хабар дода бедем, рӯзҳои 29-30 майи соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизбони  Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск буд, ки бо ташрифи расмӣ дар кишвари мо қарор дошт ва дар баробари муколимот ва гуфтугўҳои судманд бо мақомоти олии давлатӣ, аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз низ дидан намуд. Ташрифи расмии Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск роҳи муносиботи мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо дар марҳилаи нави таърихӣ ҳамвор сохт. Пиромуни ташрифи расмии Раиси Шӯрои Аврупо   Доналд Туск, диду боздид ва таассуроти ў аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигорирӯзномаи «Ҷумҳурият» Бахтиёри ҚУТБИДДИН бо коршиноси масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ — декани факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холмаҳмад САМИЕВ суҳбате орост, ки муҳтавои онро манзури хонандагон мегардонем:

-Ташрифи расмии Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Тускро метавон саҳифаи наве дар таърихи сиёсӣ ва дипломатии Тоҷикистон унвон кард?

-Албатта, дар марҳилаи ҷадиди таърихӣ сафари расмии Президенти Шўрои Аврупо муҳтарам Доналд Туск саҳифаи наверо дар таърихи  дипломатияи тоҷик кушод. Ҳарчанд ки намояндагони расмии кишварҳои аврупоӣ ва раҳбарияти созмонҳои байналмилалӣ тайи 27 соли соҳибистиқлолӣ зиёд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, вале сафари ахирӣ дар марҳилаи ҳассоси геополитикӣ дар таҳкими муносиботи дипломатӣ корсозтар аст. Илова бар ин, дар доираи ин сафар Доналд Туск бисёр воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, мафкуравии дохилиро, ки бар асари таҳоҷуми иттилоотии бадхоҳони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутафовит ба назар мерасиданд, аз наздик мушоҳида кард ва ба дурустии вазъ даст ёфт. Аз ин лиҳоз, ташрифоти мазкурро бидуни шак, метавон ба унвони саҳифаи тозае дар муносиботи  дипломатии давлати Тоҷикистон бо ИА муаррифӣ кард.

-Воқеияти сафари Доналд Тускро ба Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед? 

-Доналд Туск дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки сафараш дар доираи қабул шудани Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ иттифоқ афтодааст ва аз ҷумлаи Президенти аввалини Шӯрои Аврупо мебошад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст. Аз ин ҷост, ки ташрифи расмии Доналд Туск баёнгари ҳамкориҳои қавии Шўрои Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зимнан, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва соири созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкории қавӣ дорад ва дар доираи сиёсати боз бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад. Аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо аз ҷумлаи шарикони муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин нуктаро Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск пас аз анҷоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ ба таври равшан иброз дошт: «Тоҷикистон барои Иттиҳоди Аврупо шарики муҳим ва стратегӣ боқӣ мемонад». Ҳамчунин, Раиси Шўрои Аврупо афзуд, ки ҷойгиршавии минтақавии Тоҷикистон аз нуқтаи стратегӣ муҳим буда, нақше, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Аврупо ва Осиё дорад, барои шарикии замонавӣ роҳҳои навро боз мекунад. Аз ин ҷост, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ба марҳилаи ҷадид мерасанд ва таҳаввулоти баъдиро дар заминаи ин навъ диду боздидҳо метавон интизор шуд.

-Ба назари шумо, дар доираи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шўрои Аврупо муҳтарам Доналд Туск чӣ масоили муҳиме матраҳ гардиданд, ки дар дурнамои сиёсати хориҷии давлати миллӣ асаргузор хоҳанд буд?

-Аввалан, бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Тускро дар фазои самимияту ризоият истиқбол гирифта, зимни пешвозгирӣ маросими пазиройии меҳмонро тибқи талабот ва таомулоти ташрифоти давлатӣ анҷом дод. Яъне маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллӣ, гузаштан аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ҷамъбаст гардид. Баъдан мулоқоти сатҳи олӣ нахуст дар вохӯрии хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Туск оғоз ва сипас дар музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо идома ёфт. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Аснои мулоқот тарафҳо силсилаи масоил, минҷумла: масъалаҳои муҳимми ҳамкории сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию башардӯстонаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи санадҳои қаблан имзошуда, аз он ҷумла Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро мавриди баррасӣ қарор дода,  нақши Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ ва Зеркумитаи рушди он, Муколамаи сиёсию амниятӣ ва Муколамаи ҳуқуқи инсонро барои таҳкими муносибот мусбат арзёбӣ карданд.

-Албатта, масоили амниятӣ ва суботи минтақавӣ, ҳамчунин мавзўоти ҳассоси замони муосир низ аз доираи суҳбат берун намонд…

-Бале, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои амниятӣ ва суботи минтақавӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди зуҳуроти номатлуби терроризм, оқибатҳои даҳшатбори он, паҳншавии терроризму экстремизми динӣ-мазҳабӣ дар минтақа ва ҷаҳон, хатари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ мавриди радду бадал қарор гирифт. Гузашта аз ин, ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, алалхусус Барномаҳои БОМКА ва КАДАП дар самти таҳкими иқтидори муҳофизатии сарҳади давлатӣ бо Афғонистон махсус зикр гардида, изҳори итмимнон карда шуд, ки вобаста ба таҷаммӯи бештари гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон, тадбирҳои мустаҳкам намудани хатти сарҳад тавассути кумакҳои бештари Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Аз ҳама муҳим, Иттиҳоди Аврупо ва Раиси Шўрои Аврупо муҳтарам Доналд Туск ҷиддияти масоили амниятӣ ва суботи минтақавиро, ки дар пешорўйи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд, ба хубӣ дарк намуданд ва дар пайи ҳалли мушкилоти амниятӣ ва ҳифзи сарҳадоти давлатӣ гомҳои устувор бардоштанд.

-Бубахшед, дар доираи дидор мавзўи экстремизм ва терроризми динӣ-мазҳабӣ дар минтақа, ки аз исломи сиёсӣ маншаъ мегирад, мадди назари бевоситаи тарафҳо (манзур Доналд Туск ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст) қарор гирифт?

-Мавзўи экстремизм ва терроризми динӣ-мазҳабӣ дар минтақа ҳамчун мавзўи ҳассоси замони муосир, ки бештар ба исломи сиёсӣ гироиш дорад, дар ҳошияи масоили амниятӣ ва суботи минтақавӣ матраҳ гардид. Мутмаинан, Раиси Шўрои Аврупо доир ба масоили терроризму экстремизми динӣ-мазҳабӣ, ки дар минтақа таҳти пўшиши исломи сиёсӣ ҳузур ва нуфуз пайдо кардан мехоҳад, мутолеоти ҷиддӣ дорад ва аз барномарезиҳои сиёсие, ки бар мабнои манофеи баъзе қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҳандозӣ мешаванд, воқиф аст. Афзун бар ин, мубориза алайҳи гурўҳҳои тундрав ва ифротии мазҳабӣ, ки дар партави исломи сиёсӣ амният ва суботи минтақаҳоро зери суол мебаранд, низ дар барномаи кории Раиси Шўрои Аврупо ҷой дорад ва дар ин масир муборизаи дастаҷамъонаро омили суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ донистани мақомоти баландпояи Шўрои Аврупо аз зумраи дастовардҳои сафари расмии Доналд Туск маҳсуб меёбад.

-Маълум аст, ки сафари расмии Раиси Шўрои Аврупо ба Тоҷикистон дар расонаҳо ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилии мустақил вокунишҳоро ба вуҷуд овард. Дар ин замина чӣ андеша доред?

-Тавре ки аз муҳтаво ва натоиҷи ташрифоти Раиси Шўрои Аврупо иттилоъ дорем, сохторҳои ҳукумативу дипломатии аврупоӣ аз ин сафар изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои онро барои ҳар ду ҷониб мусбат арзёбӣ намуданд. Табиист, ки барои доираҳои дигар ва махсусан, баъзе расонаҳои ифротӣ, ки ғолибан зери чатри ташкилоти террористии наҳзатӣ паноҳ мебаранд, сафари сиёсатмадори аврупоӣ Доналд Туск нигарониҳоро ба бор овард. Онҳо аз ин сафар интизориҳои дигар доштанд, аммо мунтазироти ин бадхоҳон бароварда нашуд. Ин аст, ки вокунишоти тунде дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бар ҷой гузоштанд. Мурури баъзе сомона, расонаҳои ифротӣ ва матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ ҳокӣ аз он аст, ки Доналд Туск ба баррасии ошкору интиқодии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон напардохт ва масоили доғро сарфи назар кард. Ин навъи мулоқоти раҳбари сиёсии Аврупоро мунтақидони хориҷӣ, аз ҷумла пойгоҳҳои наҳзатӣ ба мавзўи тақвияти мавқеи Аврупо дар Осиёи Марказӣ марбут медонанд ва дар ин замина  натиҷа мегиранд, ки Туск ба хотири тақвияти муносибот дар Осиёи Марказӣ намехоҳад бо раҳбарони поймолкунандаи озодиҳо муносибатро бад кунад. Ба ин тартиб, боздиди Раиси Шӯрои Аврупо аз Тоҷикистон Доналд Тускро гурӯҳҳои зиддимиллӣ, ба таври ғаразнок  арзёбӣ карданд.

-Наҳзат (манзур ташкилоти дар Тоҷикистон мамнўи наҳзати исломӣ аст), ба фикрам, зиёдтар аз дигарон дар ин масъала ранҷ мебарад, ҳамин тавр не?

-Албатта, раҳбарияти наҳзатӣ ва доираҳои ба он марбут аз чунин ранг гирифтани мулоқот ба шок афтиданд ва онҳо ҳаргиз бовар надоштанд, ки сафари расмии Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туст барои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон босамар меанҷомад. Элитаи наҳзатӣ ва ҳаммаслакони он, ки дар ташкилаи худхонди Паймони миллии Тоҷикистон мунсаҷим шудаанд, аз он изҳори ризоият мекарданд, ки раҳбари сиёсии Аврупо хостҳои онҳоро таъйид мекунад ва роҳро барои касби нуфуз дар минтақа ҳамвор месозад. Сўйистифода аз мафҳумҳои «демокросӣ», «мардумсолорӣ», «парламентаризм», «секулоризм», «либеролизм», «гуфтугўмеҳварӣ» дигар ба кори рўзмарраи баъзе гурўҳҳо ва созмонҳои сиёсии хориҷӣ табдил ёфтааст, ки худро мухолифи сарсахти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд. Бо пўшиш додани мафҳумҳои болоӣ онҳо мехоҳанд дар Аврупо худро ҷонибдори низоми демократӣ вонамуд кунанд ва созмону давлатҳои қудратманди ғарбиро ба пуштибонӣ даъват намоянд. Аз ҷумла шикоят бурдан ба Иттиҳоди Аврупо ва САҲА аз силсилаи барномарезиҳои ба истилоҳ, мухолифини тоҷик дар Аврупо ба шумор меравад. Вале, тавре ки мушоҳида кардем, сафари Туск ба манфиати гурўҳҳои манфиатхоҳ мусоидат накард ва раҳбари сиёсии аврупоӣ бо таассуроти ҷолиб аз Тоҷикистон ба Аврупо баргашт. Ва воқеӣ ба назар мерасад, ки расонаҳои мустақили хориҷӣ, ки ба манфиати ин ва ё он гурўҳи мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон ба сафари Доналд Туск вокуниш нишон медиҳанд ва аз он ба унвони ташрифоте, ки дар рушди демократия ва ҳифзи арзишҳои умуминсонӣ  беаҳамият аст, ёд мекунанд. Вақте ки ниёзҳо бароварда нашуд, интиқодот зиёд мешавад. Ин аст, ба назари мо, формулаи вокунишҳои шадиди гурўҳҳои манфиатхоҳи тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар худро мухолифин унвон мекунанд.

-Чӣ, наҳзат ва гурўҳҳое, ки алъон зикрашон рафт, ба пуштибонии созмонҳои байналмилалӣ, Иттиҳоди Аврупо ва шахси Раиси Шўрои Аврупо такя мекунанд?

-Аслан, гурўҳҳои ба ном мухолифи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар саргаҳи он эътилофи дуруғини Паймони миллии Тоҷикистон истодааст, ба пуштибонии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои пуртаъсири сиёсии ғарбӣ ниёз доранд ва дар партави пуштибониҳои хориҷӣ фаъолияти худро ҷоннок мекунанд. Дигар ин ки онҳо дар симои мақомоти баландпояи ғарбӣ ҳомиёни ормонҳои демократиро мебинанд, ки тавассути изҳорот ва паёмҳои сиёсӣ аз фаъолияти бемамонияти онҳо барои таъмини ҳуқуқи башар, иҷрои қонунҳо ва озодиҳо мусоидат мекунанд. Дар ҳоле ки асли мафкураи мухолифини наҳзатӣ ба арзишҳои демокросӣ ва мардумсолорӣ дар таноқуз аст ва раҳбарияти наҳзатӣ аз арзишҳои либеролӣ ва демокросӣ ҳамчун  абзори мафкуравӣ ва сиёсӣ дар маъракаҳои сиёсӣ истифода мекунад ва тамҷид аз озодандешӣ ва дунявият танҳо василаи расидан ба ҳадафи мухолифон ҳасту бас. Аз ин рў, такя кардан ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои гурўҳҳои мухолиф амри зарурист. Мутаассифона, сиёсати дустандартаи баъзе созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ боиси он гардидааст, ки гурўҳҳои тундрав дар минтақаҳо нуфуз пайдо намоянд ва ноамнию бесуботӣ густариш ёбад.

—Баъзе коршиносони масоили ҳуқуқи башари хориҷӣ бар ин назаранд, ки дар Тоҷикистон баъди соли 2015 рукуди арзишҳои демократӣ ва маҳдудшавии озодиҳо мушоҳида мешавад, вале  суҳбатҳои  Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск иддаои онҳоро машкук ҷилва медиҳад…

-Комилан бо шумо мувофиқам. Муддаиёни ин навъ биниш ва андеша наҳзатро ба унвони неруи пешрав ҷилва медиҳанд ва онро дар хориҷ аз кишвар реклама мекунанд. Ин назари тоза нест. Солҳост як идда коршиносони мустақили дохилию хориҷӣ ба ин нуқтаназар побанд буданду ҳанўз ҳастанд. Будани наҳзат дар фазои сиёсии кишвар чӣ мушкилеро дар Тоҷикистон ҳал кард, ба ҷуз иғтишошоти фикрӣ, бурузи иддаоҳои мазҳабӣ, хушкандешӣ ва нуфузи таассуб дар баданаҳои иҷтимоӣ?  Омили аз саҳнаи сиёсии кишвар дур шудани наҳзат худи наҳзат мебошад. Фазлфурўшиҳо, иддаоҳои бебаркаш, риёкорию худнамоиҳо ва саранҷом дар табаддулоти давлатӣ даст доштан ҳизби наҳзатро ба инҳироф бурд ва сабаби баста шуданаш  гардид. Дар мавриди интихоботҳо ва шаффофияти онҳо ҳаминро бояд арз дошт, ки чаҳор сол пеш дар пайи интихоботи порлумонӣ ҳизби наҳзат овози заруриро гирифта натавонист ва ҷойҳои худро дар парлумон аз даст дод. Ҷараёни интихоботро  нозирони минтақавӣ ва байналмилалӣ назорат карданд ва  он замон маъракаҳои сиёсии ҷумҳуриро ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои интихоботҳои воқеии демократӣ арзёбӣ карданд. Албатта, дар раванди баргузории чорабинии сиёсӣ (манзур интихоботи парлумонӣ аст) камбуду навоқис ҳам ҷой дошт, ки амри табиист. Аммо, ба таври куллӣ, интихобот дар Тоҷикистон хуб сурат гирифт ва аҳзобе, ки овозҳои зарурии халқ ва интихобкунандагонро соҳиб шуданд, ба парлумони кишвар роҳ ёфтанд. Агар аҳзоби оппозитсионӣ ба маҷлис роҳ наёфта бошанд, айби кист?

-Дар доираи сафари расмӣ раҳбари сиёсии аврупоӣ аз кӯли Сарез дидан кард ва бо табиати дилфиребу нотакрори диёри мо ошно шуд. Ҳамчунин Раиси Шўрои Аврупо аз ноҳияи хушманзари Дарвоз боздид ба амал оварда, бо намояндагони қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ мулоқоти самимӣ анҷом дод. Ин навъ вохўриҳо, бешубҳа, биниши раҳбари сиёсии аврупоиро дар нисбати мардум ва табиати нотакрори Тоҷикистон тағйир медиҳад.

-Ҳатман тағйир медиҳад. Доналд Туск на танҳо аз кўли Сарез дидан кард, балки зимни боздид аз кӯли Сарез, ки яке аз бузургтарин манбаъҳои оби мусаффо дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, табиати дилфиребу нотакрор дорад, ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дода, табиати  зебою нотакрори диёри  моро ганҷинаи бузурги табиӣ номид. Дар гузориши муфассали телевизионӣ, ки ба муҳтавои сафари расмии Доналд Туск ихтисос ёфта буд, таассуроти раҳбари сиёсии аврупоӣ дар нисбати табиати нотакрори диёри мо, манбаи оби мусаффо будани Тоҷикистон, ташаббусҳои Сарвари давлат дар масоили марбут ба мушкилоти оби сайёра ва таъмини мардум ба оби ошомиданӣ изҳор гардиданд. Ӯ баъди тамошои кӯли Сарез бардоштҳояшро ба хабарнигорон ин тавр арзёбӣ кард:

«Ҳангоме ки мо ба ин кӯли нодир назар меафканем, пеш  аз ҳама, неъмати гаронбаҳои табиат – обро мебинем. Мо бояд обро ба тарзи самаранок, ба шеваи устувор мавриди истифода ва истеъмоли худ қарор бидиҳем. Зеро ин неъмати табиат сарвати муҳим маҳсуб мешавад. Дар ҳақиқат, ин сарвати Тоҷикистонро ягон кишвари дунё соҳиб нест. Оби поку мусаффо ва табиати дилфиреб, албатта,  дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. Дар миёни кӯҳсор ганҷинае нуҳуфтааст, ки наҷотбахши башар аст…».

Дар идомаи сафар Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск  аз Кохи бонувон ва истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и ноҳияи Дарвоз низ дидан кард. Дар Кохи бонувон фаъолият ва маҳсули дастранҷи ҳунармандон муаррифӣ карда шуд. Дар истироҳатгоҳи «Чорчаман» бошад, намоиши ҳунарҳо, хўрокҳои миллӣ ва дастранҷи сокинони ин ноҳияи кӯҳистони мамакат ташкил гардида буд. Зимни боздид ҳайати меҳмонон аз тамошои маконҳои зебову чашмаҳои ин минтақаи мамлакат ҳаловат бурда, таассуроташон дар бораи Тоҷикистони биҳиштосо ва мардуми заҳматқарини он тағйир ёфт. Бо чашми худ дидани воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ ва фарҳангии кишвар назари ташрифоварандагонро нисбат ба давлати мо дигар кард. Тағйироти назари раҳбари сиёсии аврупоиро дар ҳолати ў, ки аз тариқи наворҳои расонаӣ ва телевизионӣ бармало мешуд, мушоҳида кардан мумкин буд.

-Баъзан дар расонаҳо аз танишҳо миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ сухан меравад. Оё ин навъ танишҳо ба Иттиҳоди Аврупо ва раҳбарони сиёсии аврупоӣ низ иртибот мегиранд?

-Бояд арз дошт, ки танишҳои лафзӣ баъзан буруз мекунанд, вале миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мушкилоте вуҷуд надорад. Баъдан, радду бадалҳо ва мунозираю мубоҳисаҳо дар робита бо масоили муҳим ва калидӣ ҳамеша дар меҳвари фаъолиятҳои  созмонҳои байналмилалӣ ва  раҳбарияти давлатҳо қарор доштаанд ва шароити имрўза низ аз ин қоида истисно нест. Вуҷуду баҳсу мунозираҳо ва интиқодҳо ба рушди демократия ва мардумсолорӣ мусоидат мекунад. Гузашта аз ин, дар нишасти матбуотӣ, ки ба мавзўи ташрифи раҳбари сиёсии аврупоӣ ҷаноби Доналд Туск ихтисос ёфта буд, дар ҳузури намояндагони ВАО Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки равобити ҳасана ва дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тайи давраи соҳибистиқлолии давлати мо бар пояи усулҳои баробарҳуқуқӣ, ҳусни тафоҳум, эҳтирому эътимод ба якдигар ва риояи манфиатҳои тарафайн ба роҳ монда шуда, ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ имрӯз аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки як даҳсола қабл ба тасвиб расидааст, робитаҳои тарафҳо тақвияту тавсеа ёфта истодаанд. Дар доираи Стратегияи рушди миллӣ то давраи соли 2030, ки омилҳои калидӣ ва роҳу василаҳои рушди дарозмуддату устувори Тоҷикистонро муайян мекунад, Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро дар баробари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид чун шарики калидии татбиқи ин Стратегия дидан мехоҳад.  Ба сухани дигар, давлати Тоҷикистон аз Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ки соли ҷорӣ қабул мешавад, самимона истиқбол менамояд.

Бо масъулияти тамом метавон гуфт, ки миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ сўйитафоҳуме вуҷуд надорад ва мулоқот ва диду боздидҳои раҳбари сиёсии аврупоӣ аз кишвари мо ин нуктаро бори дигар собит месозад, ки ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кулли масоил умри ҳамбастагиҳои давлати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дароз мекунад.

-Тарафи мухолиф бар он пофишорӣ менамояд, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон поймол карда мешавад ва маҳдудиятҳо дар заминаи озодии баён ва виҷдон ба назар мерасад. Маҳз пайгирии ин масъаларо мухолифон аз Раиси Шўрои Аврупо ҷаноби Туск интизор буданд. То куҷо назари мухолифин дуруст аст?

-Ба ном мухолифин барои он ки дар хориҷ имиҷи сиёсӣ касб кунанд ва ҳамчун неруи сиёсии фаъол шинохта шаванд, ба мавзўи озодии баён ва ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ мекунанд. Чун медонанд, ки дар заминаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои инсонӣ дар Аврупо барномаҳои ҷиддие даст гирифта шудаанд ва дар ин самт сармоягузориҳои ҳангуфте ҳам ҷой дорад, ба гўшзад кардани ин гуна мавзўот даст мезананд ва аз ин ҳисоб рўз мебаранд. Аммо дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳоро раҳбари сиёсии аврупоӣ ба чашми сар бидид. Албатта, мо намегўем, ки дар масоили марбута Тоҷикистон мушкил надорад ва қавонин сад дар сад иҷро мешаванд. Мушкилот ҳам мавҷуд аст ва Ҳукумат пайи рафъи камбудиҳо дар ин самт ҷаҳду талоши меварзад. Нуктаи дигар ин аст, ки ҷомеаи мо дар ҳалли мушкилот бо Ҳукумат хеле кам ҳамкорӣ мекунад ва баъзан бетарафӣ аз сўйи шаҳрвандон мушкилоти самтро меафзояд. Агар ба ном мухолифин озодии виҷдон гуфта бастани чанд масҷиди ғайриқоунӣ ва ё ба маҳкама кашидани чанд ҷинояткори мазҳабиро дар назар дошта бошанд, сахт иштибоҳ мекунанд. Озодии виҷдон бар он маъност, ки як инсон дар доираи қавонини мавҷуда ба ҳар ақида ва мазҳабе, ки алоқа дорад, мепайвандад ва таҳмили ақоид, ба ҳеҷ ваҷҳ, мумкин нест. Аммо доираҳои мазҳабии мо ва бахусус, рўҳониёни муҳофизакор ва мутаассиб ба таҳмили ақидаи худ пофишорӣ мекунанд ва нафаронеро, ки ба онҳо мухолифати фикрию ақидатӣ доранд, ба куфру илҳод муттаҳам мекунад. Магар ҳамин аст, озодии виҷдон? Ё ин ки озодии виҷдон танҳо ба мусулмонон ва мазҳаби ҳанафӣ татбиқ мешавад? Онҳое, ки ба мазоҳиб ва ё ақоиди дигар майл доранд, дар доираи қавони мавҷуда аз ҳуқуқи баробар бархўрдоранд. Бинобар ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шаҳрвандонро, новобаста аз ҷойгоҳу мақом, дину мазҳаб ва миллияту халқият баробар медонад. Ба ин меъёрҳо побанд бояд буд, на ин ки лофи динмадорӣ ва тақводорӣ зад. Мутаассифона, дар муҳитҳои мо диндорӣ бо риёкорӣ тавъам шудааст ва ҳар риёкоре динмадор аст ва худро аз дигарон болотар медонад.

Хушбахтона, Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск бо воқеиятҳои давлат ва кишвари мо ошно шуд ва минбаъд таҳрифгарони воқеиятҳоро мешиносад. 

-Аз муҳтавои суҳбати шумо бармеояд, ки сафари расмии Раиси Шўрои Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ буд.

-Оре, сафари расмии Раиси Шўрои Аврупо ба Тоҷикистон муваффақ буд. Сатҳи баланди пазиройии меҳмон, ташкили мулоқоту вохўриҳо, сафар ба кўли Сарез, боздид аз ноҳияи Дарвоз ва дасткориҳои санъатӣ ва ҳунарии мардум, ошноӣ бо намояндагони ҷомеаи маданӣ, тамошои табиати нотакрори диёр ва дар ниҳоят, таассуроти аҷиб аз сафари расмӣ Раиси Шўрои Аврупоро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз боварманд месозад. Зиёда аз ин, ҷаноби Туск ҳамчун як дипломати муваффақ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари босамар анҷом дод ва то дер боз диду боздидҳо ва мулоқоту вохўриҳояшро бо раҳбарияти сиёсӣ ва ақшори иҷтимоӣ дар хотир ҳифз хоҳад кард. Ба дунболи ин, ин сафар дар марҳилаи нави таърихӣ заминаҳои мусоидро барои рушди муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо фароҳам хоҳад овард.

-Арзи сипос барои чунин суҳбати ҷолиб.

—Муваффақ бошед.

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият»

 

Изат Амон ба қаллобӣ гумонбар аст

26-03-2021

Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нисбати шаҳрванд Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси модд...

Муфаcсал

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳ…

19-02-2021

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18-уми феврали соли ҷорӣ Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас, ки бо сафари к...

Муфаcсал

Председатель ГКНБ Таджикистана встретился …

19-02-2021

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /НИАТ «Ховар»/. 18 февраля Председатель Государственного Комитета национальной безопасности Республики Таджикистан Саймумин Ятимов встретился с Генеральным секретарём Организации Договора о коллект...

Муфаcсал

Ташиев: В поимке Дженго помогли спецслужбы …

19-02-2021

Председатель Государственного комитета национальной безопасности Камчыбек Ташиев во время встречи с жителями Баткенской области 18 февраля заявил, что в поимке криминального авторитета Кадыра Досонова по прозвищу ...

Муфаcсал

Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳади…

06-08-2020

ДУШАНБЕ, 06.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тахминан соати 04-и субҳи санаи 06-уми августи соли 2020 дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ш.Исфара лейтенанти калон Шер Кабиров, сардори дидбонгоҳи «Кӯк...

Муфаcсал

Заявление Пресс-центра Пограничных войск Г…

06-08-2020

ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /НИАТ «Ховар»/. Примерно в 4 часа утра 6 августа на территории сопредельной с махаллей Лангари Мохиён сельского джамоата Чоркух Исфары старший лейтенант Кабиров Шер, начальник пограничной заставы «Кукто...

Муфаcсал

Давлат Сафар Изҳорот қ 1

26-05-2020

  Силкаи навор: https://www.youtube.com/watch?v=1y5CeFtj1Xo

Муфаcсал

США заплатят 15 млн долларов за информацию о …

06-12-2019

США заплатят 15 млн долларов за информацию о командующем спецслужбой Ирана           Спецпредставитель США по Ирану Брайан Хук. Фото: AP Photo/Carolyn Kaster Администрация США готова заплатить до 15 миллионов долларо...

Муфаcсал

Rustam Haidarov: Destructive actions of TEO IRP Carried Out Using Websites Pose …

23-11-2019

According to a decision of the Supreme Court of Tajikistan dated August 15, 2019, the National Alliance of Tajikistan (NAT) was recognized as a terrorist and extremist union (TEU) and its activities in Tajikistan were banned. Also, according to this decision, 39 websites that serve for terrorist and extremist organizations (TEO) such as the NAT, the Islamic Renaissance Party (IRP) and other extrem...

Муфаcсал

РУСТАМ ХАЙДАРОВ: «Разрушительные действия …

23-11-2019

Решением Верховного суда Республики Таджикистан от 15 августа 2019 года организация «Национальный альянс Таджикистана» была признана террористическо-экстремистским сообществом, и ее деятельность в Республике Таджики...

Муфаcсал

Тоҷикистон дуюмин кишвари амнтарини ҷаҳон …

23-11-2019

Тоҷикистон бо 94 хол баъди Сингапур амнтарин кишвари дунё арзёбӣ шудааст, ки шаҳрвандонаш гуфтаанд, хатаре зимни гаштугузори шабонаро эҳсос намекунанд ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Маркази таҳлилии Gallup дар пайи назарпурсии ш...

Муфаcсал

Gallup Тоҷикистонро кишвари амн номид, аммо на …

23-11-2019

Маркази назарсанҷии "Gallup" Тоҷикистонро дар қатори 12 кишвари амни ҷаҳон ҷой додааст, ки "сокинонаш ҳангоми гаштугузори шабона эҳсоси хатар намекунанд". Расонаҳои давлатии Тоҷикистон аз ин хулоса пуштибонӣ ва хабари онр...

Муфаcсал

ИҒВОГАРӢ ДАР ҚОЛАБИ ГУЗОРИШИ ХАБАРӢ. Изҳоро…

02-11-2019

ДУШАНБЕ, 02.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мусаллам аст, ки расона (media) дар шароити имрӯза ба сифати абзори қудратманди иттилоотӣ

Муфаcсал

Президент РТ Эмомали Рахмон едет в Европу

02-11-2019

  На следующей неделе президент Таджикистана Эмомали Рахмон посетит Швейцарию, Чехию и Францию, а также не исключено посещение других стран Европы.

Муфаcсал

«Озодӣ»: аз дирӯз то имрӯз дар як масир

02-11-2019

Радиои Аврупоии Озод/ Радиои Озодӣ, ки тайи солиёни тўлонӣ фазои иттилоотии моро таҳти фишори иттилоотӣ қарор додааст, қабл аз ҳама, лоиҳа ё ба истилоҳ, пружаи хориҷӣ буда

Муфаcсал

Тамарина гора – символ борьбы с басмачеств…

31-08-2019

Тамарина гора - символ борьбы с басмачествомВ дни рабочей поездки Президента Республики Таджикистан уважаемого Лидера нации Эмомали Рахмона в район Сангвор (бывший Тавильдаринский) был поднят вопрос об официальном ...

Муфаcсал

Ҳизби наҳзат як тарафи сулҳ нест, Муҳаммадҷ…

29-08-2019

Ҳизби наҳзат як тарафи сулҳ нест, Муҳаммадҷони Нурӣ фарзанди С.А.Нурӣ нест: ду хулоса аз як мусоҳиба Устоди адабу хирад, падари адабиёти ҷовидонаи мо Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боби мансубияти падару фарзанд чунин фарму...

Муфаcсал

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕ…

02-08-2019

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»   Хонандагони азиз, суҳбате доштем бо рӯзноманигор ва нависандаи маъруф Саломиддин Мирзораҳматов, ки инак манзури шумо мегардонем: ...

Муфаcсал

НАВИШТАИ “АХБОР.КОМ” БА МАНФИАТИ ТЕРРОРИЗ…

30-07-2019

Дар солгарди қатли чор сайёҳи хориҷии дучархасавор дар ноҳияи Данғара сомонаи “Ахборком”  матлабе нашр кардааст, ки дуруғу фитнаангез аст. Муаллиф тамоми далелҳои дастрасро сарфи назар карда, гуноҳи ин амали террори...

Муфаcсал

Горбатого могила исправит

24-07-2019

Состояние обеспокоенности жителей г. Исфара Таджикистана по отношению к озверевшим кыргызским гражданам кишлака Ак-Сай, которые за первое полугодие 2019 года убили троих жителей Таджикистана, неслучайно. Исфаринцы дол...

Муфаcсал

Муроҷиати видеоии Ғайрат Воҳидов, шавҳари м…

18-07-2019

Як ду рӯзи охир сомонаҳои интернетии аз қабили “Паём нет”, “Ахбор.ком” ва ғайра, ки зери як бом, яъне Ҳизби наҳзати ислом қарор дошта худро мухолифини тоҷик ном ниҳодаанд, пайваста барои ноором сохтани вазъи имрӯза да...

Муфаcсал

Радио «Озоди» будет вынуждено прекратить р…

29-06-2019

Министерство иностранных дел Таджикистана отказало в аккредитации журналиста таджикской службы радио «Свобода» - «Озоди» в Душанбе Барота Юсуфи, в связи с тем, что последний информационно поддерживал террористическ...

Муфаcсал

«ОФИЦИАЛЬНЫЙ ВИЗИТ ДОНАЛЬДА ТУСКА В ТАДЖИК…

29-06-2019

Об этом заявил эксперт по политическим и социальным вопросам Холмахмад Самиев в беседе с корреспондентом газеты «Джумхурият»

Муфаcсал

Доналд Тускнинг Тожикистонга расмий ташриф…

29-06-2019

Жорий йилнинг 29-30 май кунлари Европа Кенгаши президенти Доналд Туск Тожикистон Республикасига расмий сафар билан келди њамда давлат олий органлари билан фойдали суњбатлар бараварида, Сарез кўли ва Дарвоз ноњиясига њ...

Муфаcсал

Ҳизби наҳзати исломӣ ҷузъи ҷудонашавандаи …

18-06-2019

 Пас аз нашр шудани маводи фармоишии журналист Иля Лозовский «Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон», ки 18.04.2019 дар сомонаи русии радиои амрикоии «Озодӣ» паҳн гашт, мавзуи моҳияти зархаридии ТЭТ Ҳизби наҳза...

Муфаcсал

Таджикистан. Партия исламского возрождения…

18-06-2019

Партия исламского возрождения является неотъемлемой частью международного террористического движения. Эта истина бесспорна!

Муфаcсал

The Islamic Renaissance Party is an integral part of the international terrorist…

18-06-2019

After the publication of the ordered material by journalist Ilya Lazovsky entitled The Decline of the Islamic Renaissance of Tajikistan”, distributed on April 18, 2019 through the Russian website of the American Radio Ozodi (the Tajik service of Radio Free Europe/Radio Liberty), ...

Муфаcсал

В Душанбе прошло 46-е заседание Совета руков…

23-05-2019

ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /НИАТ «Ховар»/. 20-22 мая текущего года в городе Душанбе прошло 46-е заседание Совета руководителей органов безопасности и специальных служб государств-участников Содружества Независимых Государств (СОРБ)...

Муфаcсал

84 кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба Душанбе овардан…

30-04-2019

Шаби 30 апрел 84 кӯдаки тоҷикро тавассути ҳавопаймои ширкати ироқии Fly Erbil аз Бағдод ба Душанбе оварданд. Баъзеи ин кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар онҷо ба дунё ом...

Муфаcсал

ДАВЛАТИ МИЛЛИ ДАР РОСТОИ ҲАМШАРИКИИ СТРАТЕ…

16-04-2019

        Равандҳои муосири муносибатҳои байналхалқӣ, қонунияти сиёси ва давлати тақозо мекунанд, ки кишварҳо дар ҳар шакле бо ҳам дар иртиботи қави бошанд ва кайфияти тақвияти муносибатҳо сатҳи ҳамкориро ба дараҷаи бал...

Муфаcсал

ПОСУХ БА НОМАИ САРГУШОДАИ ПОРСӢ АНҶУМАН

16-04-2019

Аз солҳои 20-30 асри гузашта то  ба имрӯз баҳсу мунозираҳо атрофи номи забони тоҷикӣ  ва хатте, ки имрӯз дар кишвари Тоҷикистон истифода мешавад, идома дорад. Ин баҳсу мунозираҳо хубанд, ба шарте ки ҳар андеша ё пешниҳод а...

Муфаcсал

СУХАНРОНИИ Ш. ЗУҲУРОВ ИСБОТИ АМАЛҲОИ ЗИДДИТ…

16-04-2019

Вақти он фаро расидааст, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ фаҳманд, ки ТТЭ ҲНИ дар ташкили ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон саҳми бузург дорад. Шукурҷон Зуҳуров дар нишасти 140 – уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар кишвари Қат...

Муфаcсал

ГБАО перевыполнила план армейского призыва…

12-04-2019

Призывная кампании в Таджикистане началась 1 апреля и продлится до 31 мая. План весеннего призыва в ряды Вооруженных сил Таджикистана на 11 апреля выполнен по республике на 36%. Горный Бадахшан первым отрапортовал о пере...

Муфаcсал

АЌШ Эрон Ислом инќилоби ќўриќчилари корпус…

11-04-2019

Бу Вашингтон бошќа давлат ќуролли тузилмасини террорчи гуруњ сифатида эълон ќилган биринчи њодисадир. Оќ уй Эрон ИИЌКдан ўзининг халќаро террорчилик амаллари учун фойдаланишини билдирди. Эрон Њукумати ОАВнинг хаба...

Муфаcсал

США объявили иранский Корпус стражей ислам…

11-04-2019

Это первый случай, когда Вашингтон объявляет вооруженное формирование другого государства террористической группировкй.

Муфаcсал

ИМА Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон…

11-04-2019

Ин бори аввал аст, ки Вашингтон неруҳои мусаллаҳи давлати дигарро террористӣ эълон мекунад.

Муфаcсал

US Declares Iran's Islamic Revolutionary Guard Corps a Terrorist Organization

11-04-2019

The United States has designated Iran’s Islamic Revolutionary Guard Corps (IRGC) as a foreign terrorist organization. The announcement was made by the US President Donald Trump.

Муфаcсал

Пуштибони ТТЭ ҲНИ – СПИИ созмони террорист…

11-04-2019

8 апрели соли равон президенти ИМА Доналд Трамп дар Қасри сафед расман изҳор дошт, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ) барои амалиёти террористии роҳбарияти Эрон, ки «воситаи асосӣ»-и ҳокимият дар самти «татбиқи ...

Муфаcсал

Ислом тикланиш партияси террорчи-экстремис…

11-04-2019

Жорий йилнинг 8 апрелида АЌШ Президенти Доналд Трамп Оќ уйда Эрон Ислом инќилоби ќўриќчилари корпуси (ИИЌК) Эрон рањбариятининг террорчилик компаниясида њокимиятга «унинг глобал террорчилик компаниясини амалга ошир...

Муфаcсал

IRGC, the Patron of the TEO IRP Declared a Terrorist Organization

11-04-2019

On April 8, US President Donald Trump officially stated that the Islamic Revolutionary Guards Corps (IRGC) is a terrorist group serving Iran’s leadership and is the “primary means” by which it “implements its global terrorist campaign.”

Муфаcсал

Покровитель ТЭО ПИВ - КСИР объявлен террори…

11-04-2019

8 апреля с.г. президент США Дональд Трамп в Белом доме официально заявил, что Корпус стражей исламской революции (КСИР) служит для террористической кампании руководства Ирана, являясь "основным средством" властей по "о...

Муфаcсал

США внесли элитные части армии Ирана в спис…

09-04-2019

"Корпус стражей исламской революции" служит для террористической кампании руководства Ирана, говорится в заявлении Трампа. Вашингтон продолжит оказывать давление на Тегеран, отметил госсекретарь США.

Муфаcсал

Идеяи давлати теократӣ – идеяи бунбастӣ

24-03-2019

Поёни «ҷанги сард», ки ба пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мунҷар шуд, мувозинати қудратро дар ҷаҳон барҳам зад ва онро аз ҷаҳони бисёрқутба ба як қутби мутлақи қудрат табдил дод.

Муфаcсал

Наврӯз ва ифротгароӣ

23-03-2019

Наврӯз оғози фасли баҳор ва соли нави миллии мардуми тоҷик мебошад. Бо фаро расидани Наврӯз тамоми наботот аз нав ҷон гирифта, рушду нумӯъ мекунанд ва табиат пас аз хоби зимистонӣ дубора эҳё машавад. Наврӯз аз ҳар чизи с...

Муфаcсал

Хиёнати рўҳонӣ дар вазъи буҳронӣ

21-03-2019

Баъзе ҳодисаҳое, ки имрўз дар маҳдудаҳои миллӣ ва фаромиллӣ рух мезананд, гувоҳи онанд, ки бештар ҳодисаҳои ба хиёнат марбут характери субҷўёна, худбинона ва авомфиребона доранд.

Муфаcсал

Номи Зиндагӣ Наврӯз шуд!

21-03-2019

(таманниёти Наврӯзӣ)                          Наврӯзи фурӯзанда – ин ойини дерина,                           Ҳаргиз написандида ҷаҳлу ситаму кина.

Муфаcсал

Наврўз таҷассумгари арзишҳои баланди инсон…

21-03-2019

Яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва мардумии халқҳои эронинажод Наврўз ба ҳисоб меравад.

Муфаcсал

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор