Мусоҳибаи Абдуллои Раҳнамо намояндаи расмии Тоҷикистон дар САҲА бо CA.TV
Мусоҳибаи Абдуллои Раҳнамо намояндаи расмии Тоҷикистон дар САҲА бо CA.TV
CA.TV: Дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкори дар Аврупо баромад доред ва суҳбати Шумо дар кадом мавзўъ хоҳад буд?
А.Раҳнамо: Суҳбате, ки имрўз ман дорам мувофиќи рузномаи конфронс дар бораи озодиҳои дин, виҷдон ва аќида дар Тоҷикистон аст ва ман ҳамчун узви ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа суҳбат мекунам. Ва ду нуќтаи муҳимро мехоҳам ба ҳозирин муаррифи кунам: яке сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва озодиҳои виҷдон ва дувум вазияти воќеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар ин соҳа вуҷуд дорад, ин ҳадафи ман аст.
CA.TV: Аз назари Шумо вазъияти воќеии Точикистон чи гуна аст нисбат ба озоди?
А.Раҳнамо: Ду нуќтаи муҳим аст, ки ман метавонам онро бо бовари ин ҷо ба ҷомеаи ҷаҳони муаррифи кунам аввал ин, ки дар Тоҷикистон воќеан заминаи бисёр хуби ҳуќуќи барои татбиќи асли озодии виҷдон ва озодиҳои дин мавҷуд аст, зеро дар сатҳи ќонуни асоси ва ҳам дар сатҳи ќонунҳои соҳави озодиҳои дин ҳамчун як арзиши муҳими ҷомеа ҳимоят шуда ва Тоҷикистон як ҷомеаест, ки дар конститутсияи он ҳам ҳуќуќи пайрави кардан ба дин ва ҳам ҳуќуќи пайрави накардан аз дин, ки ҳардуяш барои ҷомеаи мутаммадин муҳим аст ҳимоя шудааст ва ҳамчунин як нуќтаи муҳим аст, ки як шароите фароҳам шудааст, ки ташкилотҳои дини ё иттиҳодҳои дини ва чуноне таъкид мекунад дини зеро, иттиҳодияи дини ин иттилои шаҳрвандони сулҳомез барои пайрави аз дин ва барои татбиќу амали кардани ибодатҳои динии худ аст.
Ва агар ташкилдот воќеан муайнтар, ки нест имрўз дар Тоҷикистон шароит фароҳам овардааст. Мо ҳудуди чор ҳазор иттиҳоядиҳои дини имрўз дар Тоҷикистон ба таври ќонуни сабт кардаги дорем, аз ин ҳудуд се ҳазору нуҳсадашон масҷидҳои мусулмонон ҳастанд, чун аксарияти мардум мусулмон ҳастанд ва ҳудуди ҳаштодтояшон иттиҳодияҳои ѓайри мусулмон ҳастанд ва ҳамаи ин фаъолият мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои касоне, ки иттиҳодияҳои динни месозанд барои аќалиятҳои дини ҳам як шароити хосеро ҳам фароҳам овардааст, ки онҳо тавонанд дар шароити ҳуќуќи зоҳир шаванд.
Аммо як силсила маҳдудиятҳо дар нисбати дурўѓҳои ифротгарои дини ё аќидаҳое, ки бо номи дин, дар асл ҳадафи сиёси ё идеологиро пайгири мекунанд мавҷуд аст, чаро чунин аст? Зеро агар аз диди таҳлили нигарем иттиҳодяиҳои ё гуруҳҳои сиёсии динни ё гуруҳҳои ифротгароии дини, дар асл инҳо иттиҳодияҳои дини нестанд, балки он гуруҳҳое ҳастанд, ки динро ҳамчун воситаи сиёсат, воситаи расидан ба ќудрат ё воситаи муозираи сиёси истифода мекунанд ин ҳолатро ќонунгузори пешбини мекунад. Аммо имрўз мехостам дар конфронс таъкид бикунем, ки ҳолатҳои маҳдуд шудани фаъолияти иттиҳодияҳои диннии ифротгаро ё ҳизбҳои сиёсии дингароро бо ҳолати танзим, ё ин ки фаъолияти иттиҳодияи дини бояд иштибоҳ нагирем иттиҳодияҳои дини, ки ҳадафи он сирф ибодат, тарбият ва таълими дини аст фаъолона ё озодона фаъолият мекунад, аммо иттиҳодияҳои диние, ки ҳадафи ў ќудрат аст сиёсат аст идеология аст маҳдуд мешавад ба хотири ҳифз кардани суботи ҷомеа.
CA.TV: Аммо баъзан хабарҳои маҳдудият, масалан дар ҳиҷоби занҳо ё риши мардҳо мегуянд ба чи вобаста аст?
А.Раҳнамо: Яъне мавзўи мо фаъолияти иттиҳодияҳои дини аст, масалн кормандони иттиҳодияҳои дини чи мусулмони ва чи ѓайри мусулмони либоси дини ё мусулмонии худро мепушанд масалан Шумо ҳар масҷиде равед ҳамон домуллоҳо либоси динии саллаву ҷомаву тоќии худро доранд, риши худро доранд дар пайравони дини масеҳияву попҳо онҳо либоси худро доранд, барои ҳамин мавзўи суҳбати мо фаъолияти иттиҳодияҳои дини аст.
Шумо дар бораи ҳуќуќҳои динии мардум боз суҳбати муҳтарам Ализода мешавад, ки Шумо метавонед ҷузъиёти онро пурсед он кас мутахасиси бисёр варзидаи ҳамин ҳуќўќи инсон аст метавонанд ҳар як унсурро шарҳ диҳанд.
CA.TV: Оиди рўзномае, ки имрўз дар он ҷо гузошта шуда буд дар ќатори дигар рўзномаҳо ва он ҷо гап дар бораи мамнўъ будани ҳизби наҳзат меравад ва дар бари таќрибан ҳамаси суратҳои Кабири Президенти Ҷумҳурии Эрон ва инчунин роҳбари маънавии онҳо монда шудааст онҳо чи мано дорад?
А.Раҳнамо: Мо ҳам ин журналҳое, ки Шумо ба мо ишора кардед, дар ин ҷо дар байни маводе, ки дар ин конфронс таќсим мешвад дидем барои ман шахсан як маводи комилан нав аст бори аввал мебинам, вале, ин ки ин суратҳо дар рўи ҷилдаш, ки мебинем ин суратҳоро касе насохтааст, ин суратҳо аз мулоќотҳои воќеи аксбардори карда шудааст ҳаминашро ман медонам, аммо ин ки ин ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон муаллифоне, ки инро навиштанд, танзим карданд худашон онро дар конфронс муаррифи мекунанд ва ҳайати ҳукумати вазифааш нашр ё паҳн кардани ягон вараќа нест.
Ҳайати Ҳукумат аз шаш нафар иборат аст дар ҳайати Ҳукумат ягон кас беҳуда наомадааст ҳама аз рўи ихтисоси худ, аз рўи вазифаи худ, аз рўи ҳамон таиноте, ки дар ҷои кориаш дорад, бинобар ин, ки ҳайати Ҳукумат барои ҷавоб додан ба мухолифин сохта шуда бошад, ё барои ин ки биёяд дар роҳравҳои ин конфронс бо мухолифин баҳс кунад, аслан на ин гуна салоҳият дорад, на ин гуна тамоюл дорад ва на ин гуна вазифа дорад, зеро ҳайати Ҳукумат дар асоси рўзномаи конфронси САҲА сохта шудааст ва салоҳияти онро дорад, ки аз назари ихтисоси дар ҳар як масъала назари худро гуяд, бинобар ин намояндагони ҷомеаи шаҳрванди, ки аз типҳои гуногун аз Тоҷикистон аз хориҷи Тоҷикистон ва шаҳрвандони Тоҷикистон бо дидҳои худ ҳузур доранд. Олимонро ман ин ҷо дидам, ман ба Худо тасаввур намекардам, ки ин ќадар доираи калони шаҳрвандони Тоҷикистон ин ҷо менишинанд.
CA.TV: Худсарона омаданд?
А.Раҳнамо: бубинед дар ҳар ҳол дар ҳайати мо наомаданд. Ҳайати мо аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман омадааст ва ба ҷуз фаъолиятҳои расмие, ки дар доираи барнома ва ҳатто дар чорабиниҳои канорие, ки агар дар барномаи ҳамин конфронс ба ќайд гирифта нашуда бошад мо иштирок намекунем Шумо наќши онро хоҳиш мекунам, ки бо як ҳайат ё бо як нафаре, ки баҳс кунад ё як нафаре, ки хоҳад ҷавоби касеро дар роҳрав диҳад ин нест агар мусоҳиба расми дар бораи пурсидани сиёсати давлат, вазъияти кишвар бошад мо бо камоли майл медиҳем, лекин мо барои ягон баҳс, барои ягон корҳои ѓайр аз барномаи расмиамон наомадаем.