«ТАШРИФИ РАСМИИ ДОНАЛД ТУСК БА ТОҶИКИСТОН – ДАСТОВАРДИ МУҲИМИ ДИПЛОМАТӢ». Чунин баён доштааст коршиноси масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ Холмаҳмад Самиев дар мусоҳиба бо «Ҷумҳурият»
«ТАШРИФИ РАСМИИ ДОНАЛД ТУСК БА ТОҶИКИСТОН – ДАСТОВАРДИ МУҲИМИ ДИПЛОМАТӢ». Чунин баён доштааст коршиноси масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ Холмаҳмад Самиев дар мусоҳиба бо «Ҷумҳурият»
Тавре қаблан хабар дода бедем, рӯзҳои 29-30 майи соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск буд, ки бо ташрифи расмӣ дар кишвари мо қарор дошт ва дар баробари муколимот ва гуфтугўҳои судманд бо мақомоти олии давлатӣ, аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз низ дидан намуд. Ташрифи расмии Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск роҳи муносиботи мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо дар марҳилаи нави таърихӣ ҳамвор сохт. Пиромуни ташрифи расмии Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск, диду боздид ва таассуроти ў аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигорирӯзномаи «Ҷумҳурият» Бахтиёри ҚУТБИДДИН бо коршиноси масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ — декани факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холмаҳмад САМИЕВ суҳбате орост, ки муҳтавои онро манзури хонандагон мегардонем: