Поси намак 40 сол аст, мегӯянд дар урфият.
Зафари Сӯфӣ, ки бо каҷ кардани лабу даҳон, лаҳҷаи теҳрониро ривоҷ медоду иронимашрабӣ мекард, ғизояшро дар тарабхонаҳои пеши шаҳри Душанбе мехӯрду боз бо ин ҳама инфиъолӣ ҳаваси ишқварзиҳои нокомро таҷриба мекард, вақтҳои охир бо пуррӯӣ, ба намакношиносӣ нисбат ба миллати тоҷик даст задааст. Ёвагӯи бегонаҳо Зафари Сӯфӣ бо арзёбиҳои сатҳӣ ва ғайримунсифонаи «Хафақон» ва «Маҳалгароӣ» дар шабакаҳои иҷтимоӣ, худро ранҷида вонамуд мекунад. Дар ин «таҳлилҳо», ки бо маниши иғвогарона, иншо шудаанд, аслан маълум нест, ки барои кӣ ва бо чӣ мақсаде таҳия мешаванд? Агар зарба задани ҳукуматро ҳадаф қарор доданӣ бошанд, ин масалро Сӯфимашраби гадоманиш дар пешониаш хуб ҳаккокӣ кунад, ки «Обро бо ҳован куфтан» нашояд. Сад занад сӯзангар, як занад оҳангар.
Як ятими бекасу кӯ, ки аз кишвари ҳамсоя бо 1 брюки дарида омада, рӯяш аз табхол пурожанг буд, дар ин хоку бум ҷойгоҳ пайдо кард, ришашро ҳар рӯз метарошидагӣ шуд, соҳиби мақому мансаб ва сармуҳарриру шоир гардид. Савори Мерседеси навъи металика ва соҳиби хона дар маркази шаҳри Душанбе, дар назди «Барқи тоҷик» шуд, зеро лутфи нозукаш пиёдаравӣ ва азобкаширо намеписандид.
Ана ҳамин разилфардаки шайтонмиҷоз, ки амалан ҳеҷ кас набуд ва ҳама чизро аз баракати ҳамин замину хок ёфт, ёғиву осӣ ва исёнӣ шудааст. Раҳмдилие ки мо тоҷикон бар ҳаммилатони берунмарзӣ дорем, барои рушди ин гургзода созгор омад ва ҳама чиз рӯбароҳ буд, агар ин гумроҳ нафси бедорашро лаҷом намезад.
Зафари Сӯфӣ бо ҷабҳагириҳояш вақтҳои охир ба обрӯи миллат иснод оварда, аз расонае, ки онро худ ба муфлисшавӣ оварда расонд ва хуни журналистонро бо бемаошиву бесарнавиштӣ мебалъид, байрақи «мубориза»-и бадсириштони ифротӣ шудааст. Заъфи мудирияти худро Сӯфии қаландарбашара бар сари дигарон андохтааст. Ба ростӣ «айби худ аблаҳ надонад дар ҷаҳон». Барои равшании ин масъала мо тадқикоти сатҳие анҷом додем.
Маълумоте ки дар дасти мо аз Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳоди расмие, ки назорати ВАО-и хусусӣ ва давлатиро ба уҳда дорад, қарор гирифт, ҳолати воқеии агентии «Озодагон»-ро то санаи 29.01 2019с. ин тавр бозгӯӣ мекунад, худ қазоват кунед:
«Ҳафтаномаи «Озодагон» аз матбааи «Аниса - 95» барои чопи нашрия ба маблағи 58270, 50 сомонӣ (панҷоҳу ҳашт ҳазору дусаду ҳафтод сомониву панҷоҳ дирам) қарздор мебошад. Мусаллам аст, ки дар сурати қарздор будан аз матбаа фаъолияти дилхоҳ рӯзнома ё ҳафтанома, хоҳ мустақил бошад хоҳ давлатӣ, чоп карда намешавад. Демократия ва озодии баён маънои онро надорад, ки касе чи иттиллое хост нашр кунаду диққати ҷомеаро бо хабарҳои иғвоангезу бардурўғ ба худ ҷалб намояд. Фаъолият дар чаҳорчўбаи қонунҳои байналмилалии озодии баён ҳам бояд фориғ аз кинаву адоват адоват бошад.
Зафар Сӯфиро дар «Шарқи Озод» ҳама бад медиданд. Шахси бемоя ва шубҳанок.Амалан ба афсари хадмоти кадом кищвари бегона моннад буд. Худиҳоро монда, почаи хориҷиҳоро гирифтааст. Аз ин хоинии бемислу монанд, таърих ёд надорад. Ақалан фаҳмида ба ин кор даст мезад, мефаҳмидем, ин чӣ мавқеъирӣ аст, вале Сӯфӣ таънаи ҳамшаҳриҳои худро дар тӯли таърих доштааст. Солҳои 90-ум дар тарафдори мулло буд, имрӯз ҷонибдори писарони ифотӣ шудааст.
Бунмояи фардии ӯро фурӯхтани худ ва бегона ташкил мекунад. Чун ӯ як бесавод ва кутоҳандеш аст, байрақи палиди муборизаи ҷангиро бар зидди мардуми худаш боло бардоштааст. Наҳзатиҳо ба ӯ бо гумон менигаранд, ӯро «шпион» мегӯянд. Дар Олмон танҳо мегардаду рафтораш номушаххасу пинҳонист.
Овозаҳо аст, ки бо ба Ватан баргаштанӣ ҳасту заминаро муҳайё кардааст. Ва ин изҳороташ фиреби назар ва саробе беш нест.
Бо каҷназарӣ наметавон воқеиятро дид. Қарзро то қиёмат набару пули мардумро баргардон. Муомилаи молии худро бо сиёсат мапечон. Ин оқибати хуб ба ту надорад.
Ин миллат чун уқёнус вусъати андеша ва дили фарох дорад ва барои тавбашиканҳои бадманиш, ки худро эътирозӣ ва норозӣ метарошанд ва фақат барои он, ки досеи муҳоҷирони худро мукаммал кунанд, санг меандозанд, посухи сазовор дорад.
Номвар Қурбон,
узви журналистони Тоҷикистон