Мусалламан, инсони солимфикр ва соњибназар њамеша пухтакор аст.
Зеро ў њар суханашро мулоњиза мекунад ва оќибати њар амалашро андеша мекунаду сипас, сухан мегўяд ё ба иљроиши амал даст мезанад. Шояд њамин тарзи суханронї ва амалкардаш бошад, ки атрофиён нисбат ба чунин одамон эњтироми хосае доранд. Инсонҳои бохирад ва бофазл аслан дилсоф ва хоксор буда, ба зуди ба дилу дидаи мардум љой мегиранд. Дар ин маврид њаќ ба љониби Бедили бузургвор аст, ки мегўяд:
Њамчу ойина агар соф шавї,
Њама љо анљумани дидор аст.
Дар љомеа инсонњои мухталиф бо дидгоњу љањонбинї ва хираду дониши ба худ хос дар пањлўи њам кору фаъолият мекунанду умр ба сар мебаранд. Дар баробари инсонњои худшиносу худогоњ ва соњибхираду соњибназар одамоне низ дар кору пайкор њастанд, ки ќалбњои пур аз кинаву адоват, дилњои пур аз ѓараз ва маѓзњои бадшуда бо андешањои ањриманию зањњокї доранд. Бухл, кина, адоват, нафрат, пастфитратї, зиштї, тамоми маѓзи эшонро тираю босираашонро тангбину дилашонро сиёњ намудааст. Ин њама ѓаразу нафрат ва кинаву адоват барои ба даст овардани молу мулк ва мансабу вазифа равона гардида, ба љуз зарар, њељ љадидию пешрафте дар љомеа надоранд.
Ин ќабил одамон бо њар роњу восита кўшиш менамоянд, ки дар љомеа овозањои дурўѓу беасос пањн намоянд, нифоќ парокананд ва мардумро ба гумроња бурда, худ наќшаю њадафњои нопокашонро осон рўйи кор оваранд. Зеро онњо дар иљроиши ин амалњо таљрибаи кофии таърихї дошта, бунёдгузоронашон бо њамин тарзу усул љомеањоро ба бадбахтию нокомї гирифтор менамуданд ва давлатњову миллатҳои бузургро низ борњо ба нобудї бурдаанд. Онњо њамеша бо ѓайбату бадгўї ва пастзанию бадномкунии табаќаи равшанфикру озодандеш ва огоњу бедори љомеа машѓул буда, ба њар мушкилие набошад ба маќсадњои нопоки хеш расидан мехоњанд. Зеро хуб медонанд, ки ин ќишри љомеа аз њиллаю найранг ва амалњои пасту зишти онњо зуд огоњ мегардаду халќро аз бадкирдорию бадрафторї нигоњ медоранд. Дўздию ѓоратгарї ва љиноякории дар замирашон нуњуфта ва пайвандашонро фарогирифта, эшонро намегузорад, ки аз ин амалњои зишту паст ва баду разилона даст бикашанд. Яъне, ин њама ба њам тавъам омада, ононро ба каждумњою морони дар сурати одам табдил додааст, ки хоњу нохоњ бояд неш бизананд, зањр пошанд ва њама љойро вайронаю валангор бубинанд. Њаќќо, ки: «олам аз сангдилон (кўрдилону тангназарон ва бадхоњона бадандешон) кўњсор аст!».
Љамъияти кунунии Тољикистон низ аз ин тоифаи одамсуратони каждумпешаю морсиришт орї набуда, баръакс миллати кўханбунёди мо дар тамоми тўли таърихи мављудияти хеш, на аз дасти аљнабиёни хунхору ѓоратгар, балки аз дасти њамин душманони худию дохилї дучори бадбахтињо ва вартањои нобудї гардид. Аз ибтидои солњои 90-уми садаи ХХ оғоз карда, то ба имрўз зимоми чунин амалњои тахрибкоронаю ѓайриинсониро аламбардорони онњо, роњбарони ТТЭ ЊНИ ба даст гирифтаанд. Аз рўзе, ки онњо ба иљроиши наќшањо ва њадафњои нопоку душманонаи хеш оѓоз карданд, њамагон гуфтанду мегўянду, ки тамоми фаъолияти ин гурӯҳи ҷинояткор бар муќобили арзишњои миллии Тоҷикистон равона гардида, душмани ашадии мењану миллати мо мањсуб меёбанд.
Аљиб ин аст, ки њамин хоинону душманон, яъне террористони нањзатї њам, имрўз ба хасаконе табдил ёфтаанд, ки дар бораи ватан, ватандўстї, ватандорї њарф мезананд. Аммо ин гуфторашон ба кирдорашон њељ мутобиќ накарда, дар ин мавзўъ сухан кардан бояд барояшон боиси шарму нороњатї бошад. Вале онњо, ки бешарафу беномус ва пастфитрату тангназаранд, бешармона аз забон ин гуна њарфњо мебароранд. Чунки шахсеро ватандору ватандўст гуфтан мумкин аст, ки натиљаи фаъолияташ, натиљаи њар амалаш ба миллату мењан манфиат орад. Манфиати мењану миллатро аз манфиатњои кўчаки шахсию гурўњї болою воло донад ва фидоии ватан бошад. Њатто, њар шахсе, ки дар љойи кораш хубу самаранок мењнат мекунад, дасту дили пок дорад, фарзандони солењу мењнатќарин тарбия менамояд, бешубња ватанашро дўст медорад ва фарзанди асили миллат аст. Миллатдўстию ватанхоњї амали манфиатовар, мењнати њалолу самаранок бањри ояндаи ин сарзамини аљдодист. Њаќ ба љониби устод Лоњутист, ки фармуда:
Њама доди ватанхоњї зананд аммо намедонам,
Ватанхоњї ба гуфтор аст ё кирдор ё њар ду.
Аз ин амалњои дар боло зикргардида, кўчактарин амалу рафтореро дар фаъолияти террористону экстремистони нањзатї дидан амри мањол аст. Аз ин рў, онњо њељ гоњ ватанхоњу миллатдўст набуданду нестанд ва баръакс душманону бадхоњон ва хоинону бадандешони марзу бум буданду њастанд.
Имрўзњо гурўњњои љиноятию фиребгар ва найрангбозе, чун ТТЭ ЊНИ барои ба даст овардани аќли мардум, хусусан љавонон, бањри ба арсаи љангу мубориза табдил додан ва ноиттифоќї пањн кардан миёни мардум, пайваста љањду талош мекунанд.
Дар ин шаке нест, ки роњбарону намояндагони ТТЭ ЊНИ бар зидди арзишњои миллату мењани мо душманї мекунанд. Ҳамагон хеле хуб медонанд, ки онњо ба хотири пулу моли ночиз њайсият, шахсият, ќадр, ќимат ва номуси инсонии хешро осон фурўхта, ба бешарафтарин, беномустарин, пасттарин ва разилтарин фард табдил ёфтаанд. То ба сатње худро пеши хољагони хориљиашон паст задаанду пеши пойи онњо афтодаанд, ки ба як шайъи нолозиму нодаркор ва иштибоњу ифлосгарди љамъияту табиат табдил ёфтаанд.