Сиёсати иттилоотии Мирзои Салимпур дар сомонаи ифротиаш бар имиҷи давлат ва обӯи мардум иснод меоварад.
Вақтҳои охир ба изҳоротпароканиаш машҳур аст. Лақаббофӣ мекунад ва дурӯғ мегӯяд.
Аз диди Салимпур, ки мактаби макри хориҷиҳоро ду даҳсола гузаштааст, мавқеъгирии як тоҷики миёнаморӣ, ки оромиши кишварро мехоҳад ва гоҳ ногоҳ ба музахрафоти «ахбор.ком» ҷавоб мегӯяд, ҳамаро «фабрикаи чавоб» тамға задааст. Ҳар як ватандӯст оромиши миллат ва ҳукфармоии фазои сулҳу суботро чун гавҳараки чашм зарур медонад. Чун ҳадафи шумо ифротиҳо, ки дар дили Аврупо ошӯб ташкил карданӣ ҳастед, аз наздик мушоҳида мекунем, мебинем, ки дурнамои ин муборизаи мудҳиши равонии шумо, боз ҳам даст задан ба ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Мардуми соддалавҳи ғарбро, ки аз ҳилаи шаръии шумоякҳо бехабар ҳастанд, гул заданӣ ҳастед. Кӯлоҳпушиданӣ ҳастед. Вале ин ҳилагариҳоятон дигар намегузаранд, аниқтараш мо патриотҳои асил намегузорем.
Салимпур биё аз осмон ба замин баргард ва ҳақикатро гӯш кун, хуб гӯш кун, зеро пунбаро дар гӯшҳои осебдидаат гузоштаӣ ва мақсади ноором кардани вазъиятро дорӣ.
Якум, барои тоҷик, ки якдаста аст ва як Лидер дорад, чӣ зарурат дорад оппозитсия, он ҳам дар ниқоби дин. Худ тасаввур кун, дин яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятист, эътиқод ба Худо коре нест, ки касе инкор карда бошад. Вале дар Тоҷикистони имрӯза касе намехоҳад бар 100 соли пеш баргардад ва ҳукми амирсолориро, ки аз кӯхистони мову ту туртоқ мегирифтанд ва ғуломбача мебурданд, ҳукмфармо гардонад.
Дуюм, ту фарҳанги бегонаи митингбозиро ҷузъи маниши миллат мепиндорӣ. То дараҷае ки мо медонем, Саакашвиливу Пашиняну Гуаидоро меъёр медонӣ. Намедонӣ ки арманиҳо дар рӯёрӯӣ бо ҳамсояҳояшон дар ҷанг қарор дорад ва ҳар як арман омода аст, чонашро нисори Ватанаш кунад. Арманиҳои муҳоҷир ҳам садҳо миллион доллар ба буҷаи кишварашон сарозер мекунанд. Лобби арманӣ дар ҳимояи миллаташ дар ИМА ва кишварҳои Аврупо ҷоннисорӣ мекунад. Геносиди арманро масъалагузорӣ мекунанд, аҷнабиёнро ба зону мезананд. Ана асли ватандорӣ.
Шумо чӣ? Дар дили Аврупо рафта, ба сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ латма мезанед. Ҳукуматро наҳс мезанед. Ҳукумат кист, дар шароити Тоҷикистон ин ин халқи одист, халқи заҳматкаш аст. Ин мо ҳастем. Сониан, шумо дар Аврупо дар чое ки зарфиятсозӣ кунед, илм омӯзед, ба ҳукумат санг мезанед, мардумро ба нооромӣ даъват мекунед. Ба Ҳукумате ки мо ҳомиаш ҳастем. Солисан, дар дили мардум таҳлукаро ҷой карданӣ ҳастед. Ин миллат ҳамеша бо машварат корро пеш мебарад. Як бор дар солҳои 90-ум мардумро ба митинг даъват кардед, чи шуд? Ҷанги шаҳрвандӣ. Ҳоло бошад қишри бедор ва ҳушёри ин миллат дигар намемонад, шумо ба палидӣ даст занед.
Аз ин лиҳоз, сипари миллат шабро рӯз нагуфта, ба шумо муқобила мекунад. Дари тавба боз аст. Боз о боз о сад бор агар тавба шикастӣ боз о. Дар гузашта аз он чӣ метарсидед, мунтазираш бошед! Шуморо миллат дигар намехоҳад. Ҳамин масъалаи усулиро дарк кунед. Ду се рӯзноманигори норозӣ, 5 наҳзатӣ, 1,5 Г24 ба ҳеч сурат миллат нест. Миллат 9 млн. точик аст, ки давлат месозад. Навбосмачигарӣ бас аст Салимпур ба шерозаи ваҳдат ва сохти дунявӣ баргард.
Биром Баҳромов, коршинос