Одат шудааст, ки мисли чағораи сари роҳ, таъсисёбиву изҳоротпарешии ғуломбачаҳои озодандеши ҳарамхонаҳои Ғарб бо раҳбарии шахси беурзаву нишони инсонӣ Алимҷуни Шерзамун, гоҳ ногоҳ фазои маҷозиро махлут мекунад.
Ин дафъа ҳам мисле ки аз марги Воҳидова Файзинисо байрақ сохтанду бо иттиҳому гуноҳҳои беасосу поя мардумро ҷанг андохтанӣ шуданд, боз часпиданд ба пойи сарбози шодравон Исафандиёр Мирзоҳасанов. Бо тафовут аз шумо разилоне ки на хизмати аскарӣ кардеду на ҳимояи Ватанро медонед, Исфандиёр бо сари баланду виқори воло дар хизмати Ватан буд. Бо ҳар сабабе ки бошад, ба ҳақ пайваст.
Вале Шумо ғуломзодаҳои европарасти п…..ст , ки анҷуманнишину ҳарамбоз шудаед, то кай бо хуни ин марзу бум бозӣ мекунед. Мурдаи мардумро ҳам ором намегузоред. Шумо бардаандешони бадсиришт то кай дар фазои маҷозӣ ҳангома меандозед. Табли демократҳои гузаштаву тафсиргарони ғайбатҷӯ дар бораи марги инсонҳо ачиб аст. Инҳо ба мурдаву қатлу ғоартагрӣ гаравиши бисёр девонавор доранд. Дар ҷанозахабаркунии мардум пешдаст ҳастанд, иттилоотрасонии рақами 1-уми хабаргузориҳои иғовоангез ҳастанд, ин хиёнатпарешҳо. Бо ин корашон мардумро ҷареҳадор мекунанд ва падару модари сарбози содиқи Ватанро пас аз мурданаш , ноҳинҷор. Бо ин каҷравиҳои норавояшон, тафсирҳои нохушояндашон ба тақдири инсон санг меандозанд. А.Щерзамонови бадандеш, ҳомии ҳалқаҳои аҳли ҷинояти ш.Хоруғ шанси охири худро дар қазияи марг ёфтааст. Чанд дирамаке ки хоҷагонаш дар ин маврид медиҳад, тайёр аст, ҳатто дару дастгоҳи хонаашро ҳам фурӯшанд. Як хабари ботилро ҳамчун санади беҳамто пешниҳод менамояду дар расонаҳо муроҷиат гуфта мепардозад.
Ҳатто, ин тоифа аз мардум фосила гирифтаанд. Бо ҷинояткорон, ки шишту хез доранд, тинаташон ғуломӣ шудааст. Онҳо ҷинояткорони террорист, шуурӣ ва ошӯбӣ ҳастанд.
Оғози ҷанги шаҳрвандӣ бояд гуфт, ки иштибоҳҳоеро рӯнамоӣ кард, ки намояндагони равшанфикр бинобар тафаккури ҳуҷрагӣ ва бадфикр буданашон аз зиндагии рӯзмарраи мардум, дар шинохт ва дарки маниши халқи тоҷик ноком ва ноуҳдабаро баромаданд. Ин лағзишҳои рафтории интеллигентсия дар иқдомҳои сатҳӣ ва хом ифода меёфт. Ҳоло бошад дар тафсирҳои ботилашон ин кори дома дорад.
Ҳоло ҳам ҳамон Аҳмади порина. Боз ҳамин қишри торикфикрони бехосият табли ҳамнавоӣ ва ҳамҳони бо муллоҳо мезананд ва аз ҳама бадбахтиаш ба адвокати террористону табдил ёфтаву вакилони оппозитсияи теокративу тарафдори ДОИШ шудаанд. Сарбози Ватанро ором гузоред, ки ӯ содиқи ин марзу бум буд ва аст. На чун шумо лаънатиҳо, ки ба оташи душман равған мерехт.