Айёми хурдсолӣ, аснои бозӣ ягон ҳамсол ё хурдсолеро меранҷондӣ, бо номи бародару падараш, ё ягони хеши шӯрапушташ туро метарсонид.
Ақлу фаросати ба ном мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамон тифл бештар нест. Инҳо ҳам моро тарсониданӣ мешаванд. Аз номи «падарон»-и имрӯзаашон: чанд ташкилоти ба ном ҳомии ҳуқуқи башар, ки гӯё онҳо тавассути Парлумони Аврупою Сенати Амрико кормандони баландпояии Ҳукумати Тоҷикистонро ба рӯйхати «Магнитский» медароранду сафарҳояшонро ба хориҷи кишвар манъ месозанд.
Аҷаб сахт тарсониданд! Мо бечораҳо акнун дар куҷо кишварҳои хориҷиро хоҳем дид? Ва агар набинем чӣ навъ хоҳем зист?
Ин раҳгумзадаҳо то ҳол дарк накардаанд, ки садсолаҳо пештар аҷдодони мо ҳар куҷо рафтанд ба хулоса омаданд, ки «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар».
Ҳамзабони мо аз ҷаври пирони маънавии наҳзатиҳо - охундони ҷаҳолатпешаи ҳамдиёраш ба Аврупою Амрико рафту бо хуни дили хеш дар фироқи Ватан навишт, ки:
Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест,
Ин хок чӣ зебост, вале хоки Ватан нест!!!
Онҳое, ки имрӯз аз тарафи чанд хоини Ватану хоҷагонашон ҷиҳати воридсозӣ ба рӯйхати «Магнитский» пешниҳод мегарданд, итминони комил дорам, ки сари мӯйе парво надоранд. Зеро воридсозӣ ба ин рӯйхат маънии онро дорад, ки ин афрод хизматгузорони асили Ватану миллати худ мебошанд. Куҷо дидаед, ки фарзанди содиқи як оиларо оилаи дигар дар хонаи худ бипазирад? Инҳо роҳ сохтаанд, дили кӯҳҳоро шикофта нақб кандаанд, Душанбеи нав бунёд кардаанду Роғунеро, ки касе ба эъмораш бовар надошт. Онҳо ҳарчӣ кардаанд барои давлату миллати худ кардаанд, на барои ғайр.
Барои манфиатҷӯён он фарзандони хиёнатпешаи миллате лозиманд, ки манфиати онҳоро ҳимоя кунад. Куҷо дидаед, ки кас хари саворӣ накардаашро коҳ диҳад. Тоифаи наҳзатиҳои террорист бо саркардаи фирориашон Кабирӣ, чанд ба истилоҳ зиёии асолатбохта, қурдил ва худфурӯше ба монанди Салимпур, А.Шерзамон, Т. Варақӣ, Р. Темуриёну Кӯри Юнус ва ғайра ҳамон харе мебошанд, ки имрӯз бори бегона мекашанд. 5-6 соле баъд чун қуввати иҷрои супоришотро аз даст доданд ва ба хари пире, ки дигар шошааш дар шикаму зери куни қоқгаштааш ях мебандад табдил ёфтанд, ба кӯчаашон мепартоянд.
Мо бошем бидуни пушаймоние аз надидани Ғарб, Ватани худро ободтару зеботар хоҳем кард. Таҷрибаи Россия нишон дод, садҳо нафар шаҳрвандони ин кишварро дар ҳамон рӯйхат ворид кардаанд, аммо онҳо соқу саломатанд ва баръакс, ин таҳримот барои пурқувватар шудани ин кишвар мусоидат кард.
Умуман ба андешаи банда ифтихоре бузургтар аз он нест, ки ҳамчун Ватандори асилу ҳақиқӣ дигарон монеъ шаванд, ки ба қаламравашон биравӣ. Ин басе, садҳо ҳазор бор беҳтар аз он аст, ки дар рӯйхати хоинони миллату Ватан бошӣ. Хоинӣ тамғаест, ки ҳафтод пуштат аз он сафед нахоҳад шуд.
Самандари Хуршед,
рӯзноманигор